logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУДОФИА»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 23-24, мод. 366; с. 1998, № 23-24, мод. 353; с. 1999, № 12, мод. 310;  с. 2000, № 11, мод. 537, мод. 549; с. 2003, № 4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119, № 12, мод. 659; с. 2007, № 5, мод. 357; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, № 7, мод. 515; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 395) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар муқаддимаи Қонун, номи боби 2, қисми сеюми моддаи 19 ва қисми якуми моддаи 21 калимаҳои «худидоракунии маҳаллӣ» ва «ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ» мувофиқан ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ» иваз карда шаванд.
2. Аз қисми чоруми моддаи 1 ва матни моддаи 5 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Дар сархати дуюми моддаи 3 калимаи «зарравӣ» ба калимаи «ядроӣ» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо;»;
- дар сархати даҳум калимаи «сафарбаркунӣ» ба калимаи «сафарбарӣ» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум: 
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои «фавқулодда», «задухӯрдҳои», «асоси», «сафарбаркунии» ва «Вазири» мувофиқан ба калимаҳои «фавқулода», «низоъҳои», «асосҳои сохтори», «сафарбарии» ва «вазири» иваз карда шаванд;
- ба сархати сеюми қисми дуюм пеш аз калимаи «судяҳои» калимаҳои «бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм: 
- сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- аз сархати чорум калимаҳои «доктринаи ҳарбӣ ва» хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум калимаҳои «омодагии доимии» ва «мебинад» мувофиқан ба калимаҳои «омодагии доимии ҷангии» ва «меандешад» иваз карда шаванд; 
- дар қисми дуюм: 
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«доктринаи ҳарбӣ, ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбиро тасдиқ менамояд;»; 
- дар сархати ҳафтум калимаи «сафарбаркунӣ» ба калимаи «сафарбарӣ» иваз карда шавад; 
- дар сархати ҳаштум калимаи «Вазири» ба калимаи «вазири» иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «сафарбаркунии» ва «қаламрави» мувофиқан ба калимаҳои «сафарбарии» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд;
- ба сархати даҳум пас аз калимаи «ҳарбӣ» калимаҳои «, инчунин оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «задухӯрдҳои» ва «асоси» мувофиқан ба калимаҳои «низоъҳои» ва «асосҳои сохтори» иваз карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«дар хусуси ташкил, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ фармон медиҳад;». 
7. Дар моддаи 9:
- дар сархати чорум калимаи «сафарбаркунӣ» ба калимаи «сафарбарӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаи «инфраструктураи» ба калимаи «инфрасохтори» иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаҳои «омодагии сафарбаркунӣ, сафарбаркунии иқтисодиёт» ба калимаҳои «омодагии сафарбарӣ, густариши сафарбарии иқтисодиёт» иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои «Вазири» ва «таъин» мувофиқан ба калимаҳои «вазири» ва «ба вазифа таъин ва аз вазифа озод» иваз карда шаванд. 
8. Қисми дуюми моддаи 10 хориҷ карда шавад. 
9. Дар моддаи 11: 
- аз сархати сеюм калимаҳои «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» хориҷ карда шаванд; 
- дар сархати чорум калимаҳои «пешниҳодҳоро оиди» ба калимаҳои «таклифро оид ба» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаи «ҷавобшуда» ба калимаи «рухсатшуда» иваз карда шавад; 
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар сархати дуюми моддаи 12 калимаи «резервҳои» ба калимаи «захираҳои» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 13:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
12. Дар қисми якуми моддаи 14:
- дар сархати якум калимаи «ресурсҳои» ба калимаи «захираҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаи «резервҳои» ба калимаи «захираҳои» иваз карда шавад.
13. Дар қисми якуми моддаи 15 калимаҳои «вазифаҳои сафарбарии» ба калимаҳои «сафарбарӣ ва вазифаҳои» иваз карда шаванд.
14. Дар номи боби 5 калимаи «САФАРБАРКУНӢ» ба калимаи «САФАРБАРӢ» иваз карда шавад. 
15. Дар қисми якуми моддаи 20 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
16. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаи «фавқулодда» ба калимаи «фавқулода» иваз карда шавад.
17. Моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 26. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиа
Маблағгузории эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигоҳдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд ва таъминоти моддию техникии онҳо ба тариқи афзалиятнок сурат мегирад.». 
18. Матни моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Ҷудо намудани қитъаҳои замин, манбаъҳои табиии дигар, додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиа ва баргардондани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1875
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2022, № 695
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  30 майи соли 2022, № 262


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 2687
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед