logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, № 11, мод. 669; с. 2017, № 7-9, мод. 572) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаҳои «мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаро» ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро» иваз карда шаванд.
2. Дар муқаддимаи қисми 1 моддаи 6 калимаи «инҳо» ба калимаҳои «объектҳои зерини муҳити зист» иваз карда шавад.
3. Дар сархати дувоздаҳуми моддаи 8 калимаҳои «минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ» ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати ёздаҳуми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои «мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ» ва «мавзеъҳо» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «ҳудудҳо» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 10 калимаҳои «мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда» ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 17 калимаҳои «минтақаҳо ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» иваз карда шаванд.
7. Номи боби 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 11. ҲУДУДҲО ВА ОБЪЕКТҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА».
8. Дар қисми 2 моддаи 62 калимаҳои «мавзеъҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «мавзеъҳо» ва «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «ҳудудҳо» ва «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 1880
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 апрели соли 2022,  № 711
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  30 майи соли 2022,  № 267


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 2690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед