logo

иҷтимоиёт

САМАРҚАНД. БАРДОШТ АЗ САФАРИ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРҲОИ ТАМАДДУНОФАР

 
Коми мо талх аст бе қанди Самарқанди азиз,
Васл кун шаҳри Душанбеву Самарқанди маро.
 
11 май. Субҳи шаҳри Душанбе тулуи дигаргуна дошт ва барои банда рӯзи воқеан хос буд. Бори аввал ба Самарқанду Бухоро сафар дорам. Ин шаҳрҳои мутамаддин, ки бузургтарин, қадимтарин ва зеботарин шаҳрҳои Осиёи Марказиянд, пайваста дар таърихномаву шеъру мақолаҳо ёд мешуданду мо аз он ҷо ошно будем, вале сафари воқеӣ бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар - академик Кароматулло Олимов, ходими давлативу ҷамъиятӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён сурат гирифт. Вақте мусофирбари мо аз дохили дараи зебоманзари Варзоб мегузашт, борон сар шуд. Аз канори роҳи сабзпӯш атри гулу гиёҳ ба димоғ расида, ба кас ҳаловати тоза мебахшид. Аҷаб ҳолу ҳавои хуше. Дар як они воҳид аз ҷодаҳои сабзу гулпӯши Душанбе ба оғӯши тармаҳои дараи Варзоб расидем. Асрори табиати нотакрори Ватани азиз ба умқи андеша фурӯ бурд ва дарёфтам, ки бесабаб Тоҷикистонро биҳишти рӯи Замин унвон надодаанд. Ҳавои руҳбахши Варзобдара ҳамоно ин андешаро дар зеҳнам тақвият медод ва чуқур-чуқур нафас мекашидам. Ҳамкорамон Маҳмуд Баҳром, ки чандин маротиба аз масири Душанбе – Панҷакент гузар намудааст, раҳораҳ деҳоту маконҳои таърихиро шарҳ медод.
Нақби Истиқлолро убур кардем, боз як манзараи дилнишин дигар. Он сӯи нақб дар марзи ноҳияи Айнӣ абрҳо гирён набуданд, балки офтоби ҷаҳонтоб аз паси кӯҳҳои осмонбӯс нур мепошид. Манзараҳое монанд ба зодгоҳам ноҳияи Ишкошим. Нимаи рӯз ба Панҷакент расидем. Баъд аз ғизои нисфирӯзӣ ва як нишасти хотирмон дар рӯибарӯи Саразми бостонӣ ба гузаргоҳи сарҳадӣ расидем. Дар нуқтаҳои марзбонии ду тараф санҷиши дақиқи ҳуҷҷатҳо сурат гирифт. Аз муносибати хуши марзбонони тоҷику ӯзбек бисёр хушам омад. 
 
АЗ ДУШАНБЕ БА САМАРҚАНДИ АЗИЗ ДУРУД!
Дилҳо об мешаванд, вақте Самарқанд мегӯем, овоз меларзад, таърихи ҳазорсолаи тоҷикон чун навор пеши дидагон меояд. Самарқанд як шаҳри одӣ нест, Самарқанд қанд аст, қанди форсӣ - тоҷикӣ, Самарқанд таърих аст, таърихи зинда, Самарқанд фарҳанг, ахлоқ, русуму анъана ва хотира аз даврони гузашта аст. Самарқанд қадимист, шаҳрест, ки таърихи гузаштаро бе ҳарф мехонад, беварақ саҳифа мезанад, бесадо мегӯяд ва ба умқи вуҷуд расида, худшиносиву ҳувияти миллиро бедор менамояд. 
Вориди ҳудуди давлати ҳамсоя ва дӯсту бародар мегардем. Аз хатти марз то маркази шаҳри Самарқанд як соат роҳ паймудем. Баробари ба шаҳри ормонҳо расидан манораҳо ва гумбазҳои баланди Регистону деворҳои азими масҷиди Биби – Хонум ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ба чашм намудор шуданд. Шаҳр ҳамоно тарҳи қадимаи худро нигоҳ доштааст. Диламон аз дидани ин ҳама зебогӣ гум зад, вуҷудамонро эҳсоси ғурури баланде фаро гирифт. Ба умқи таърих фурӯ рафтем, ки Самарқанд чи воқеаҳоеро дар тули асрҳо аз сар нагузаронда, чандин маротиба ҳама заҳамоти кашидаи бинокорону меъморонро лашкаркашону зимомдорони давр хароб намуда, ба нобудӣ кашидаанд, вале шаҳр  боз аз сари нав ободу зебо гаштааст. Самарқанд асрҳои аср маркази илму адаб ва фарҳанг буд. Бузургони илму адаб дар мадрасаҳои он касби илм карда, ба ҷаҳони илму донишу маърифат навгониҳои зиёд зам кардаанд.
 
БИБИ – ХОНУМ МАСҶИДЕ, КИ ҲОСИЛИ МУҲАББАТ АСТ…
Дар меҳмонхонаи Ал-Бухорӣ, ки ҷои будубоши чандрӯзаамон буд, кӯфти роҳ бароварда, ба тамошои масҷиди Биби – Хонум раҳсипор шудем. Масҷид ба бузургиву ҳашамат дар байни дигар ёдгориҳо хос буда, бунёди он ба асри XIV-XV рост меояд. Деворҳои он баланду боҳашамат ва наққошишуда бо рангу тарҳи гуногун, дарвозаи баланди чӯбин бо майдакандакорӣ, ҳавлии калони бо дарахтҳо ва гулҳо ороишёфта, гунбази калони нилгунӣ дар қисмати рости ҳавлӣ ба афлок саркашида, дар мобайни ҳавлӣ бошад, болои санг китоби Қуръони ҳаҷман хеле калон воқеанд.
 
Масҷид солҳои 1399 бо фармони Темур баъд аз ба пирӯзӣ анҷом ёфтани ҳуҷумаш ба Ҳиндустон сохта шудааст ва ривоят аст, ки шоҳ онро барои ҳамсари дӯстдоштааш Сурайё - мулкхонум бунёд намуда, масҷидро ба ифтихори он Биби – Хонум номгузорӣ кардааст. Тибқи иттилои таърихнигорон, барои сохтани он устоҳои зиёде аз Ҳиндустон, Эрон ва дигар давлатҳо ҷалб шуданд. Дусад нафар сангкаш аз Озарбойҷону Форс ва Ҳиндустон оварда мешавад, инчунин, 500 нафар дар кӯҳҳо ба кандани сангу равон намудани он ба шаҳр саргарм мегарданд. Ҳамчунин, 95 фили тобовар ба кори душвор барои кашондани масолеҳи сохтмон аз Ҳиндустон оварда мешавад. То соли 1404 қисми асосии сохтмон, аллакай, омода мегардад. Дар ҳавлии масҷид дар як вақт то 10 ҳазор одам намоз мегузоштаанд. Ривоят аст, ки гӯё дар вақти сохтмони масҷид Темур ба Империяи Усмонӣ лашкар мекашад ва идомаи бунёди он бе ҳузури ӯ сурат гирифта, баъд аз баргашташ аз сафар масҷид, аллакай, дар ҳоли омодашавӣ қарор дошт. Шоҳ бо дидани тарҳи масҷид ба хашм меояд, зеро меъморону бинокорон на он гунае масҷидро сохта буданд, ки Темур мехост ва барои ин корашон аз шоҳ ҷазои сахт ҳам мегиранд. Масҷид дар охири асри ХХ навсозӣ шудааст.
Рӯзи дигари саёҳати мо аз Регистони Самарқанд шуруъ шуда, то хона – музейи устод Садриддин Айнӣ ва расадхонаи Улуғбеку мақбараи Шоҳи зинда идома ёфт.
 
РЕГИСТОН – ТАЪРИХИ ЗИНДАИ САМАРҚАНД
Регистону номи он бароямон нав нест, зеро «Ёддоштҳо» - и устод Айнӣ кайҳо боз моро ба сайри он бурда буд. Вақте асарҳои Садриддин Айниро мутолиа мекардам, худро ҳамсафари ӯ дар ҷодаҳои Самарқанду Бухоро мепиндоштам, ҳоло бошад, ҳамаи он тасвироти устодро бо чашмони худ медидаму аз фараҳ қалбам лабрез мешуд. Шояд бовар накунед, вале мо худро ҳеҷ бегона ҳис накардем, гӯё ин пайроҳаҳо дар интизори мо буданд ва чандин маротиба аз кӯчаҳои он гузар намудаем. Регистон дар маркази шаҳри Самарқанд ҷойгир аст ва се бинои он мадрасаи Улуғбек, мадрасаи Шердор ва мадрасаи Тиллокорӣ дар асрҳои XV – XVII, ки рӯбарӯи ҳам сохта шудаанд асоси онро ташкил медиҳанд. Дар Осиёи Марказӣ шаҳрҳоро регистон мегуфтанд ва Регистони Самарқанд маҳз ҳамин қисмати шаҳр буд. Тарҳи меъмории ин мадрасаҳо аз маданияти баланди шаҳрсозиву шаҳрдории онвақта дарак медиҳад. Дар тарафи ғарбии майдон мадрасаи Улуғбек воқеъ буда, қадимтарин мадраса ба шумор меравад, ки дар солҳои 1417 – 1420 аз ҷониби давлати темуриҳо, инчунин, олим ва астрономи бузурги он давр Улуғбек сохта шудааст. Ҳоло дохили онро ба осорхонаи Улуғбек табдил додаанд, ки дар он китобҳои зиёди қадимӣ бо хати арабӣ, китоби калонҳаҷми Қуръон,  нусхаи ҳуҷҷатҳои вақф - барои заминҳои замони Амир Темур, лаълиҳои асрҳои XIX - XX- и Самарқанд, заргариҳои асри XIX – XX, ҳайкали Мирзо Улуғбек ҳамроҳ бо олимон Алӣ Қушчӣ ва Мири Чалабӣ, тасвираҳо бо аксҳои шаҳри Самарқанд ва дигар ёдгориҳои асрҳои гуногун ба маъраз гузошта шудаанд.  Мадрасаи Улуғбек яке аз беҳтарин мадрасаҳои маърифатии Шарқи мусулмонии асри XV ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин шоир, файласуф ва олими он давр Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамин мадраса таҳсил кардааст. Дар мадрасаи мазкур аз фанҳои риёзӣ, геометрия, мантиқ, табиатшиносӣ, кодексҳои таълимот дар бораи инсон ва нафси олам, инчунин, илоҳиёт аз ҷониби олимони маъруфи он замон Қозизода ар - Румӣ, Ҷамшед Ғиёс ад - Дин Ал - Кошӣ, Ал- Кушчӣ, инчунин, худи Улуғбек лексияҳо хонда мешуд. 
Мадрасаи Шердор дар қисмати шарқӣ ва мадрасаи Тиллокорӣ дар қисмати шимолии майдони Регистон ҷойгиранд, ки баъдтар дар асри XVII сохта шудаанд. Деворҳои мадрасаи Шердор бо навиштаҳо аз Қуръон кандакорӣ шуда, дар қисмати воридшавии он нишони Самарқанд – паланг бо Офтоб аз пушт, ки ин рамз аз анъанаи сулолаи туркони салҷуқӣ боқӣ монда ва дар тангаҳои онҳо низ ин рамз истифода мешуд. Мадрасаи Тиллокорӣ баъд аз даҳ соли сохта шудани мадрасаи Шердор бунёд ёфта, на танҳо ҷойи илмомӯзии толибилмон, балки вазифаи масҷидро ҳам иҷро мекард. Деворҳои он ҳам хеле зебо наққошӣ ва зарҳалкорӣ шудаанд. 
 
УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...
Бо як дунё ҳаяҷон самти хона – музейи Садриддин Айнӣ равон мешавем. Ҳавлии зебои сабз бо чанд дарахти мевадиҳанда, деворҳои гулкоришуда бо ҳуҷраҳои зебо ва гилемҳои пурнақшу нигор, мизу курсӣ, мизи таомхӯрӣ ва мизи корӣ бо лампа, чойнику пиёла, рахти хоб, ҷевони китобҳои худи устод Айнӣ, рӯи девор матои дастдӯзишуда бо тасвири акси устод, дар кунҷи ҳуҷраи хоб кафшу кӯзаи дастшӯӣ ва дастобгираки сардафтари адабиёти муосири тоҷик воқеанд. Ҳуҷраҳо бо тасвирҳои зебои деворӣ оро ёфта, инчунин, рӯи миз айнаку ғилофу кордча ва ҳамёни устод Айнӣ ҳифзу нигоҳдорӣ шудаанд. Ҳамин хона буд, ки Айнӣ дар он 35 сол зиста, чандин асарҳои бузурги худро ба қалам додааст. Ин хона ба ҳар яки мо муқаддас аст ва он бояд, ҳамин гуна хуб ҳифзу нигаҳдорӣ шавад. Роҳбалади хона - музейи Айнӣ хонуми миёнасоле бо ғуруру виқор ва ифтихор аз таърихи хона ва ҷиҳози он ба мо қисса мекард, бетаваққуф ҳарф мезад. Аз суханрониаш кулбори вожаҳои худшиносӣ ва ватандориву миллатдӯстдорӣ дар миён буданд.
Ҳадафи аввали сафари мо ба шаҳри Самарқанд агар дидан намудан аз ёдгориҳои таърихӣ бошад, ҳадафи дуюм ин ошно шудан бо фаъолияти эҷодии рӯзномаи тоҷикии “Овози Самарқанд” буд.  Ин сафар моро ба идораи рӯзнома кашонд ва аз редаксия дидан намуда, бо ҳайати эҷодии нашрия аз наздик шиносоӣ пайдо кардем. Нашрияи мазкур ҳафтае ду маротиба ба нашр расида, дар формати А3 чоп мегардад. Рӯзнома соли 1991 таъсис ёфтааст. Зимни вохӯрӣ байни рӯзноманигорони ду рӯзнома суҳбатҳо доир гашта, китобҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҳар ду ҷониб тақдим гардид. Шиносоӣ бо ҳамкасбони самарқандии худ барои мо хеле хушоянд ва фаромӯшношуданӣ буд. Муҳим аз ҳама, бо шахсиятҳои бузургу шинохта, чун Адаш Истад, нависанда ва муҳаққиқ, Акбар Маҳмудов, раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд, Зоҳир Ҳасанзода, мухбири махсуси рӯзномаи “Овози Самарқанд”, Фаридун Фарҳодзод, котиби масъули рӯзномаи мазкур, Амина Шарофитдинова шиносоии наздик пайдо кардем. Ин вохӯриву шиносоиҳо ба рӯи мо даҳҳо дари дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамрайъиро боз намуд. 
 
ШУКӮҲИ ТАЪРИХИИ “ШОҲИ ЗИНДА”
Зебоии берун ва дохили иморат ҳайрати моро бештар афзуд. Дидагони ҳама аз ҳаяҷон медурахшид. Чи таровату зебогӣ. Мақбараи “Шоҳи Зинда” дар асрҳои миёна дар замони давлатдории қарахониҳо ва темуриҳо бунёд ёфтааст. Маҷмаа аз ёздаҳ мақбара иборат мебошад. Ансамбли «Шоҳи Зинда» дар тули нуҳ аср ташаккул ёфта, зиёда аз бист бинои  асрҳои XII-XIV ва XIX – ро дар бар мегирад. То асри XVI он Мазори шоҳ, баъдан номи Шоҳи Зиндаро мегирад. Он таърихи 618 сола дорад. Бо ҳамин сайёҳати мо дар Самарқанд бо як ҷаҳон таассурот хотима ёфт ва ҳайат бо роҳбарии сармуҳаррири рӯзнома ба Бухоро раҳсипор гардид.  
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед