logo

иҷтимоиёт

МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ОЛИМПӢ. НАГУЗОРЕМ, КИ УМЕДИ МУХЛИСОН БАРБОД РАВАД...

 
9 июн бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё оид ба футбол миёни бозигарони то 23-сола ба анҷом расид. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки бори аввал дар ин мусобиқот ширкат дошт, натиҷаи аз ҳама пасттаринро нишон дод. Дар се вохӯрӣ шикаст хӯрд. Баромади номуваффақонаи дастаи мунтахаб миёни мухлисон сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Аз ин рӯ, мо ҳунарнамоии бозигарони то 23-соларо ба риштаи таҳлил мекашем. 
 
«ГУРӮҲИ МАРГ»
Тибқи қуръакашӣ, мунтахаби мо дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон афтид, ки ба истилоҳ ин гурӯҳро «гурӯҳи марг» номиданд. Пас аз қуръакашӣ, ки моҳи феврал баргузор шуд, Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби олимпӣ, назарашро чунин баён намуда буд: «Агар касе интизор дошт, ки дар марҳилаи ниҳоӣ рақибони заиф хоҳанд буд, хато мекунад, зеро беҳтарин дастаҳои олимпии Осиё ба Ӯзбекистон мераванд. Гурӯҳи мо хеле қавист. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА тимҳои пурқуввати қораанд. Моҳи июн тимҳои миллии ин кишварҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 бозӣ намекунанд, аз ин рӯ, бозигарон метавонанд дар дастаҳои олимпии худ бозӣ кунанд. Мушкилоти мо ин аст, ки замони баргузории Ҷоми Осиё – 2022 бо мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 байни тимҳои миллӣ рост меояд. Аз ин хотир, бозигарони мунтахаби олимпӣ ба ҳайати тими миллӣ ҷалб гардидаанд, зеро ба тими миллӣ вазифагузорӣ шудааст, ки бояд ба Ҷоми Осиё – 2023 роҳ ёбанд. Бо кадом ҳайат ба Тошкент меравем, ҳанӯз тасмим нагирифтаем. Мо ҳар ҳарифро эҳтиром мекунем, вале аз касе наметарсем. Чунки бачаҳои мо таҷрибаи бозӣ бо дастаҳои болозикрро доранд. Дар ҳар вохӯрӣ барои холҳо мубориза мебарем ва мекӯшем, ки рақобати арзанда нишон диҳем ва ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем”. 
Вале пеш аз оғози Ҷоми Осиё Мубин Эргашев бо сабаби бемор буданаш натавонист роҳбарии тимро ба уҳда гирад. Аз ин хотир, ба ҷойи ӯ Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии бошгоҳи “Хатлон” таъин гардид.
Ҳайати мунтахаби олимпӣ барои омодагӣ ба мусобиқот дар вилояти Суғд ҷамъомади тамринию таълимӣ гузашта, ба Ӯзбекистон сафар кард.
 
БАДТАРИН НАТИҶА ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛИ КИШВАР
Дар аввалин мусоҳибаи Аслиддин Ҳабибуллоев, аллакай, маълум гардид, ки аз набудани футболбозони калидӣ (Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Шаҳром Самиев, Алиҷон Кароматуллозода, Нуриддин Ҳамроқулов – М.М) онҳо дар биманд: “Ҳар як дастаи мунтахаб кӯшиш мекунад, ки мушкилоти худро ҳал намояд. Мушкили аслии тими мо нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор доранд. Бо вуҷуди набудани як қатор бозигарон талош мекунем, ки дар Ҷоми Осиё бозии хуб нишон дода, мухлисонро шод гардонем”.
Вале дар се рақобати анҷомдодаи мунтахаб мо бозии хубро надидем. Дар вохӯрии аввал аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби калони 5:0 шикаст хӯрдем. Зӯрозмоиҳои дигарро муқобили дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб (2:0) ва Ҷопон (3:0) бохтем. Дар баробари оне, ки мунтахаби мо 10 гол ба дарвозааш сар дод, ҳатто, як тӯб ба самар расонда натавонист, дар се бозӣ шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев ҳамагӣ як зарбаи мустақим ҷониби дарвозаи ҳарифон заданд. 
Мунтахаби Тоҷикистон миёни 16 дастаи иштирокчии Ҷоми Осиё бадтарин натиҷаро нишон дод, ки бори аввал дар таърихи футболи кишвар чунин воқеа рӯй медиҳад.
 
НАЗАРИ КОРШИНОСОН 
Таъсири набудани бозигарони калидиро дар мунтахаби олимпӣ коршиносон гуногун шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла, Обид Шукурзода, коршиноси соҳа, пас аз бохтҳои пайдарпай чунин назар дорад: “Баҳона ҳаст, бозигарони калидӣ ба тими миллӣ ҷалб шуданд. Бохти ҳақиронаву хиҷолатбори тими умеди Тоҷикистон дар саҳнаи ин рақобат натиҷаи сатҳи пасти футболи кишвар ва барномарезии ноқису корбарии нокоромади Федератсияи футболи Тоҷикистону дигар масъулони ин бахш аст. Агар кор бо ҳамин равиш ҷараён гирад, моро бохтҳои хиҷолатбори дигар дар пеш хоҳад буд!”. 
Парвиз Маҳмадаминов, шореҳи варзиши телевизиони “Варзиш”, мегӯяд, ки набудани бозигарони асосӣ танҳо мушкилии мо набуд. Набудани бозигарони калидӣ таъсири худро дар рафти бозиҳо расонд, вале бояд дар назар дошт, ки танҳо мо ин мушкилотро надоштем, масалан,  Туркманистон низ ба ин проблема рӯ ба рӯ буд. Гап дар сари он аст, ки бояд интихоб васеъ бошад, зеро касбияти футболбозон дар ин синну сол баланд мебошад. Аз ибтидо маълум буд, ки мо дар баробари абардастаҳои Осиё шонси баромадан аз гурӯҳро надорем. Вале мухлисон интизори бозии хубу бонизом буданд. Аммо ин ба дастаи мунтахаб муяссар нагардид ва маҳз ҳамин боис гардид, ки эътирози мухлисон бештар гардад. 
- Баромади номуваф-фақи дастаи мунтахаби олимпӣ чанд далели объективӣ ва субъективӣ дорад. Нахуст, чанде аз бозигарони калидӣ ба тими миллӣ даъват шуданд. Мутаассифона, вақти бозиҳои ҳар ду даста ба ҳам рост омад. Ин як камбудии калони ташкилкунандагон, яъне Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) аст. Ҳатто, конфедератсияҳои Африқо, Уқёнус ва КОНКАКАФ ҳангоми тартиб додани тақвимҳои дастаҳои миллӣ тамоми нозукиҳоро ба назар мегиранд. Дар натиҷа, набудани бозигарони асосӣ дар нокомии даста нақши калон бозид. 
Дар байни сабабҳои субъективӣ як лаҳзаи ногувор бо Рустам Соиров аст, ки пеш аз мусобиқа аз даста хориҷ карда шуд. Гӯё бо омили вайрон намудани интизом. Ин ба психологияи тамоми коллектив таъсири манфӣ расонд. Сабаби дигар дар он аст, ки дар омодагиҳо ба камбудиҳо роҳ дода мешуд. Шояд ин ба набудани Мубин Эргашев ва вақти кам доштани Аслиддин Ҳабибуллоев барои омода намудани тим рабт дошт, - гуфт Сайфиддин Қараев, донандаи футбол. 
Ӯ афзуд, ки бархе мегӯянд, ин мусобиқа барои Тоҷикистон чандон муҳим нест. Не, мусобиқаи олимпӣ ба мисли Чемпионати ҷаҳон ва Осиё муҳим аст. Хусусан, барои мамлакатҳои тараққиёбанда, ба монанди мо. Шумо дидед, ки дастаҳои иштирокчӣ дар бозиҳо чӣ қадар ҷиддиянд. Фикр мекунам, ФФТ ва дастаи мунтахаб нияти то ҳадди имкон дуртар рафтанро дошт, зеро ин ҳам обрӯ ва ҳам таҷриба мебошад. Вале муяссар нагардид...
 
ЧАНД НУҚТАИ ҶАМЪБАСТӢ
Воқеан, бояд интихоб дар дастаҳои мунтахаб васеъ бошад. Пас аз оне, ки ҳамлагар Рустам Соировро барои вайрон кардани интизом аз дастаи мунтахаби олимпӣ ҷавоб доданд, бояд ҳатман ба ҷояш бозигари дигар (мисол Салам Ашурмамадов) даъват мегардид, вале ин тавр нашуд. 
Соли 2019 мунтахаби то 17-солаи кишвар дар Чемпионати ҷаҳон (Бразилия) ширкат кард. Коршиносон ва мухлисон мегуфтанд, ки оянда онҳо дар синну солҳои гуногун номи футболи Меҳанро баланд мебардоранд. Вале... (мо ин мавзуъро ҳатман пайгирӣ менамоем).
Аз 22 бозигари ба ҳайат даъватгардида, ҳамагӣ ду нафар (Амадони Камолов «Райо Махадаонда», Испания, Шарифбек Раҳматов «Турон», Ӯзбекистан) легионер буданду халос. Ин дар ҳолест, ки мо бозигарони ҷавони дигаре дорем, ки дар кишварҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.  
Хуллас, аввал маълум буд, ки таваҷҷуҳ ба мунтахаби олимпӣ на дар сатҳе ҳаст, ки бояд бошад. Пеш аз ҳама, бо ин далел, ки онҳо ҳамагӣ 10 рӯз қабл аз оғози мусобиқа омодагиҳоро на дар хориҷа, балки дар кишвар оғоз намуданд. 
- Тими мо (сармураббӣ, роҳбарият ва футболбозон) камбудиҳояшонро фаҳми-данд. Акнун мебояд барои бартараф кардани мушкилот корро ҷоннок намуда, ба мусобиқоти оянда омодагӣ гиранд, - мегӯяд С. Қараев. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед