logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. САБАҚИ ТАЪРИХ БАРОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА

Дар вазъи пурташвиши минтақа ва ҷаҳони муосир арзиши зиндагисозе чун ваҳдати миллӣ дар ҳаёту рӯзгори мо аҳамияти бештар касб намуда, таблиғи густардаи он ба манфиати ҷомеа ва рафоҳи зиндагист. Зеро ҳамин ваҳдати миллӣ, ки бо фазли хирад ва талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, кишвари соҳибистиқлоли моро ба масири бонизоми рушд ворид сохта, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд бахшид. 
 
Ҳоло ба мардуми огоҳу ваҳдатшиори тоҷик пӯшида нест, ки душманони ваҳдат ва иттиҳоди халқ ҳанӯз дар камин буда, алайҳи манфиатҳои миллӣ сангарҳои нав месозанд. Дар ҳоле, ки таҳдидҳои террористӣ вазъи минтақаро то рафт печидатар месозанд, гурӯҳҳои ифротие чун наҳзатиҳои худбохта ҳар замон талош доранд, то фазои орому осудаи мамлакатро рахна созанд. Далели чунин ҳаракатҳои ноҷавонмардона,  дасисаҳои навбатиест, ки дар ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ошкор шуд. Хоинони давлату миллати тоҷик барои расидан ба ҳадафҳои нопоку муғризонаи худ аз эҳсоси сокинони сарбаланди вилоят кор гирифтанд, ки чун ҳамеша тирашон хок хӯрд.
Иғвою амалкарди террористони наҳзат дар робита ба нооромиҳои ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ бори дигар нишон дод, ки мехоҳанд, дасти мардумро аз иттиҳоди ҳамбастагӣ ва сулҳу осоиш кӯтоҳ намоянд ва мисли солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ тарҳҳои хунини худро амалӣ созанд. Ин амр дар гузоришу маводи муғризонаи саркардагону ҳаводорони наҳзатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармало мушоҳида мешавад. Вале ақли солим дар баробари ҳар тавтеа ғолиб мегардад, зеро кайҳо боз парда аз рӯи чеҳраи аслии душманони миллати тоҷик бардошта шудааст. Ва ҳар қадар ин тоифаи беҳувият ба душманӣ бо халқи худ остин бармезананд, ҳамон андоза расвотар ва ба нафрати умум гирифтор мешаванд. Зеро сатҳи огоҳии сиёсӣ ва худшиносии миллати тоҷик дар ҳадде камол ёфта, ки ҳар як ҳаракати зиддимиллиро хуб шинохтаву ба дурустӣ ташхис менамоянд.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки 25 сол муқаддам бо кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз музокироти тулонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, минбаъд ҳамчун санади сарнавиштсозу саодатбахши миллӣ мақоми хосса пайдо намуд. Баъд аз тасвиби ин санади таърихӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо марҳилаи созандагӣ оғоз гардида, Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба шоҳроҳи тараққиёт ворид шуд. Ҳоло дар заминаи иқдомоти фаромарзии  Президенти маҳбуби кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохтаву эътироф шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон барҳақ фармуданд: «Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯза ҷавобгӯ бошад. Мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад».
Ин суханони ҳикматбор дар шароити кунунӣ қимати бештаре касб намуда, аз ҳар фарди ҷомеа ва ниҳодҳои маърифатӣ тақозо менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи шуури миллӣ, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саҳмгузор бошем ва нақшаҳои бадхоҳони миллатро нақше дар об созем.
 
Аҳмадҷон АҲМАДЗОДА,
котиби маҷлиси судии суди 
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед