logo

илм

ИЛМ. ДОИРАИ ТАДҚИҚОТ ТАВСЕА МЕЁБАД!

 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти тамоми соҳаҳо, дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлолияти давлатиро фарогир буд. Доир ба пешрафти мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, корҳои зиёдеро ба анҷом расондем». 
Воқеан, Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешид, то пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, ба муассисаҳои илмӣ ва олимони кишвар супориш доданд, ки вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат корҳои тадқиқотиро вусъат диҳанд. 
Дар ин радиф,  Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати гузарондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ ба пешравиҳо ноил гардид. Давоми солҳои 2009-2021 аз ҷониби олимони мо 19 монография ва 12 китоб дар мавзуъҳои бозори меҳнат, рушди инноватсионӣ ва ташаккули идоракунии зиддибуҳронии муассисаҳо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, идоракунии захираҳои меҳнатӣ, ислоҳоти музди меҳнат дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ,  сармояи инсонӣ, сабабҳо ва ангезаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия ва дастраси мутахассисон гардиданд. Ходимони Пажӯҳишгоҳ, ҳамчунин,  барномаҳои давлатӣ, консепсияҳои рушд ва тавсияномаҳо омода менамоянд. Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050, Барномаи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи методологияи омӯзиши ҷойҳои кории нав аз ҳамин қабил  мебошанд.
Дар баробари анҷом додани корҳои тадқиқотии нақшавӣ ба доираи фаъолияти он инъикоси масъалаҳои доғи рӯз низ ворид мешаванд. Масалан, сар задани пандемияи COVID-19, таъсири он ба бозори меҳнат, вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо оҷилан мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва кумаки шарикони рушд  раванди тадқиқ аз дафтарҳои корӣ ба минтақаҳо кӯчонда шуд. Воқеан ҳам, илмҳои соҳавӣ бояд аз тариқи тадқиқоти дар маҳалҳо анҷомдода пеш раванд.
Яке аз ҷанбаъҳои асосии фаъолияти муассисаи илмии мо густариши самтҳои нави ҳамкорӣ бо марказҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ маҳсуб меёбад. Айни замон, ходимони Пажӯҳишгоҳ бо кормандони Академияи идоракунии давлатӣ ва мунитсипалитети шаҳри Москва, Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Федератсияи Россия ва Пажӯҳишгоҳи меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди соҳаи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, омилҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, эҳёи касбҳои қадимаи миллӣ, таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат тадқиқоти якҷоя бурда истодаанд. Ҳамчунин, намояндагони Пажӯҳишгоҳ дар фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои истифодаи меҳнати кӯдакон фаъолона ширкат меварзанд.                                                   
 
Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА, 
директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2022    №: 112 - 114    Мутолиа карданд: 3387
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед