logo

иқтисод

ОБЁРИИ ЗАМИН. МУШКИЛИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ МАСЪАЛАИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД, ЧАРО?!

 
Дар миқёси ҷумҳурӣ аз 763 ҳазор гектар замини обӣ 291 ҳазор гектар тариқи пойгоҳҳои обкашӣ ва боқимонда тавассути шабакаҳои худҷорӣ, чоҳҳои амудию дигар воситаҳо обёрӣ карда мешаванд. Соли гузашта тақрибан нуҳ дарсад афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, албатта, далели обёрии хуби заминҳост. Аммо бо назардошти сол ба сол зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва талабот ба маҳсулот зарурати беҳбуди системаи обёрӣ дар кишвар ба миён омадааст.
 
Масъулони соҳаи кишоварзӣ бар он назаранд, ки барои афзун гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ҳамчунин, содироти маҳсулот обёрии заминҳо нақши муҳим дорад. Мутаассифона, дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ норасоии оби полизӣ  ба мушоҳида расида, боиси кам гардидан ё талафоти ҳосили зироат мешавад.  Хавфи кам гардидани ҳосил ва талафоти зироат дар аксар минтақаҳои вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Зафаробод, ҷо дорад. Дар ин ноҳия, умуман, оби худҷорӣ набуда, заминҳо танҳо бо насосҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. 
Тавре Мансур Ибодулло, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур, изҳор дошт: «Мушкили норасоии оби полизӣ бештар дар хоҷагиҳои дур аз пойгоҳҳои обкашӣ ба назар мерасад. Новобаста ба ин, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо кишоварзони ноҳия кӯшиш менамонд, ки насосҳои аз замони шуравӣ  боқимондаи фарсудаю корношоямро пайваста таъмир карда, обёрӣ анҷом диҳанд».
-Барои шодоб гардондани заминҳо об аз Сирдарё ба баландии то 360 метр бароварда мешавад, ки бисёр заҳматталаб аст. Бар замми ин, барои таъмини охирин хоҷагии деҳқонӣ бо оби полизӣ масофаи 70 километр роҳ мавҷуд буда, мушкилӣ эҷод мекунад, аз ин рӯ, насби силсилапойгоҳҳои пуриқтидор тақозо мешавад, - гуфт ӯ. 
Ноустувории системаи обёрии заминҳо ва иншооти ирригатсионӣ қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушкили ҳалношуда боқӣ мемонад. Дар  деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, аз сабаби аз соли 2000 инҷониб кор накардани насосҳои обкашӣ, хоҷагидорони калон барои обёрии заминҳо аз оби нӯшоии сокинон истифода мебаранд, ки ин амал байни аҳолӣ нофаҳмӣ ба миён овардааст.
Дар ин бора Баротбой Файзиев, сокини Ҷамоати мазкур ба идораи рӯзнома муроҷиат карда, гуфт, ки аз беобӣ, махсусан сокинони хоҷагиҳои Наврӯз, Аюбов ва деҳаҳои Сангичоби Боло, Сангичоби Поён, Хуҷии Боло, Элокӣ ва Чорбулоқи Боло танқисӣ мекашанд, ки қаблан обро аз дарёи Қаратоғ мегирифтанду ҳамзамон 1000 гектар заминро об медоданд.
- Норасоии оби полизӣ дар деҳоти мо, асосан, аз ҳисоби ба як нафар мансуб будани истифодаи об рабт дорад, андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд, – таъкид намуд Баротбой Файзиев.
Дар бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ, воқеан ҳам, ҷорӣ гардидани лимити истифодабарии об ва тақсимоти нобаробари он аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар қисмати охири стансияҳои обкашӣ ҷойгиранд, дучори камобию талаф ёфтани зироатҳояшон мегарданд. 
Зироати шолӣ аз ҳама бештар об талаб менамояд ва дар минтақаҳои парваришкунандаи он низ, баъзан норасоии об ба кишти ин навъи зироат бетаъсир нест. Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода мисоли равшан буда метавонад, ки имконияти аз ҳар як гектар гирифтани ҳосили зиёд дорад, агар камбуди норасоии оби полизӣ надошта бошад.   
Зимни суҳбат бо мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин, кишоварзон маълум шуд, ки дар ин масъала печидагии кор миёни ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идораи беҳдошти замину обёрӣ ташвишҳои зиёд ба миён овардааст. Зеро бархе аз роҳбарони ассотсиатсияҳо мутахассиси соҳа набуда, тақсимоти дурусти обро сарфаҳм намераванд. 
Инчунин, масъалаи дигари ташвишовар ин гарон будани арзиши ҳаққи истифодаи насосҳои обкашӣ мебошад, ки деҳқонон бо ин мушкилот борҳо ба Вазорати кишоварзии мамлакат муроҷиат намудаанд. Дар минтақаи Бохтар ҷойгир гардидани системаи билингӣ пардохти ҳаққи хизматрасонии истифодаи обро ба танзим дароварда, кори ассотсиатсияҳоро барои аз хоҷагиҳо ҷамъоварӣ кардани ҳаққи хидмати обрасонӣ бамаротиб осон намуд. Мебоист, системаи билингиро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ, роҳандозӣ кард, чун бо пардохти электронии ҳаққи хизматрасонии оби полизӣ дар бахши молиявии соҳа шаффофият ҷорӣ шуда, кор беҳтар мегардад. Умуман, дар системаи обёрии кишвар ҷорӣ намудани тартибу усулҳои нави обёрӣ, ба монанди обёрии қатрагӣ хеле бамаврид ва саривақтист. Ташкили  обёрии қатрагӣ дар ҳудуди заминҳои корам ҳанӯз фоизи камро фаро гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки дар давраи таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво эҳтиёҷоти деҳқонон ба об зиёд гардида, самаранок ва оқилона истифода бурдани он аҳамияти бештар пайдо кардааст.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 1050
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед