logo

иҷтимоиёт

ДЕҲОТ. БА СИЁСАТИ ОЯНДАСОЗ СОДИҚ МОНЕМ!

 
Имрӯз деҳот дар заминаи роҳандозии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан тағйир ёфта, сатҳ ва дараҷаи зиндагии аҳолии он дигаргун гардида истодааст. Инро мо дар дилхоҳ деҳоти ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвари азизамон мушоҳида менамоем. Роҳандозии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тайи ду даҳсолаи охир собит менамояд, ки бунёди як қатор инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳот, ба мисли мактабу бунгоҳи саломатӣ, марказҳои савдо, муассисаҳои фарҳангӣ, гулгашту боғҳои истироҳатӣ, майдонҳои варзишӣ ва амсоли он равнақ мегиранд. Дар маҷмуъ, барои баҳамназдикшавии шаҳру деҳот мусоидат менамоянд.
 
Вале сарфи назар аз ин, эҳсос мегардад, ки деҳот ва аҳолии он ба сифати истеҳсолкунандагони маводи озуқа пайваста бо душворӣ ва мушкилот рӯбарӯанд, ки дастгирии дастаҷамъии моддию маънавии аҳли ҷомеаро нигарон мебошад. Деҳоте, ки дар он беҳтарин намунаи эҷоди халқӣ ва мероси фарҳангии аҷдоди мо маҳфуз буда, сокинони он аз ҷумлаи донандагону меросбарони эҷодиёти даҳонакии халқ  мебошанд. Намунаи мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумиро сарфи назар аз гардишҳои сиёсии давру замон ҳифз намуда, то ба замони мо расондаанд. Вайронаҳои мероси фарҳангиаш навсозӣ нагардида, то ба имрӯз маҳфузанд.  Беҳтарин намояндагони соҳаи эҷод, илм ва санъат дар гузашта деҳотӣ буданд.  
Деҳқононаш ғалла кишт намуда, анбори давлатро пур менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва чорводории он ҳама «Деҳқонбозор» - ҳои шаҳрҳои моро ғанӣ мегардонанд. Меваҳои рангини он ба ҷисму ҷони мо қувват бахшида, дастархони моро зебу оро медиҳанд.  
Дарвоқеъ, мо ба деҳот пайвандем ва он макони нахустини мост, ки дар он рустаем, вале бо гузашти айём аз он дур гаштаем. Вақти он расидааст, ки мо бояд ба назари нек ба ин макон нигарем. Пайгирӣ аз ташаббус ва хайрхоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки пайваста барои ободии диёри азизамон анҷом медиҳанд. Аз мушкилоти деҳот бохабар бошем ва барои пешрафту ободонии он саъю талош варзем. Дар давраҳои душвори кори саҳро дастгири деҳқон бошем. Маҳсулоти мавриди истифодаи кори деҳқониро бо нархи дастрас ба ӯ пешкаш намоем, ки тавонад кори саҳроиашро тезтару хубтар анҷом диҳад. Аз роҳи амали хайр техника ва воситаи дигари ёрирасонро дар давраи кишт ва мавсими ҳосилғундорӣ барои мадади кори деҳқон сафарбар намоем. Агар лозим шавад барои мадади кори деҳқон дар мавсими ҷамъоварии пахта ва дигар зироатҳо аз қувваи дастаҷамъии ҷавонон, хонандагон, дигар кормандон истифода  бояд кард. Ин метавонад аз як ҷониб барои ташаккули тарбияи меҳнатии наврасону ҷавонон мусоидат намояд ва аз ҷониби дигар намунаи рамзи ҳамраъйии мардум бошад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ дастгири якдигаранд. Чунин таҷриба дар давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ба назар мерасад. 
Бо мақсади ободонии деҳот, бунёди хонаву дари муносиб, роҳу кӯпрукҳо, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар иншоотҳо дастаҷамъона кори хайр анҷом диҳем. 
Дар маҷмуъ, ин шароит фароҳам меоварад, ки деҳот нақшу мақоми шоистаро пайдо намояд ва мушкилоти  он кам гардад. Аз ҷониби дигар аҳолии деҳот имконият пайдо менамояд, то дар амалӣ гардондани ҳадафи асосии стратегии таъмини амнияти озуқавории кишвар боз ҳам бештар саҳм гузорад. 
 
Пиралӣ НАЗАРЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 466
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед