logo

иҷтимоиёт

СЕ МУШКИЛ АГАР БАРТАРАФ ШАВАД...

Ҳифзи солимии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии озуқавории мардуми кишвар ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.
 
Дар ноҳияи Рашт ҳам  ба ҳифзи солимии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Тавре Хушнуд Ҳомидов, иҷрокунандаи директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, таҳти назорати кормандони марказ 69 иншооти саноатӣ, 203 иншооти хӯрокворӣ, 120 иншооти кӯдакону наврасон ва 178 иншооти коммуналӣ қарор дорад.
Аз аввали соли равон то имрӯз аз тарафи кормандони марказ 39 санҷиши нақшавӣ гузаронда шуда, маҳсулоти гуногуни муҳлати истифодаашон гузашта, аз муомилот бароварда шуданд.
Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби беэътиноӣ дар риояи қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ нисбат  ба 24 нафар маблағи 5 ҳазору 632 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ муқаррар шуда, ба буҷети ҷумҳурӣ пардохт  гардид.
Ҳамин тавр, аз тарафи кормандони шуъбаи эпидемиологии ноҳия 584 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ин 466 нафар бемории паразитӣ дар асоси хабарҳои таъҷилии беморхонаи марказӣ ва шабакаҳои КАТС -и ноҳия ба қайд гирифта шуд.
Аз аввали соли равон то имрӯз мутахассисони марказ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ корҳои профилактикӣ ва санитарию гигиенӣ гузаронданд.
-  Мушкилоти асосии соҳа ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани бинои корӣ, дар марказ вуҷуд надоштани озмоишгоҳи замонавӣ ва мутахассисони соҳа мебошанд, - гуфт Х. Ҳомидов.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 638
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед