logo

иҷтимоиёт

СИФАТ БАРОИ САЛОМАТӢ

Дар сиёсати давлат амалӣ намудани масъалаҳои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ки  ба рушди устувор нигаронда шудааст, алоқаи зич дошта, дар маҷмуъ, баррасии масъалаҳои рушди иқтисодиро дар доираи арзишҳои инсонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дар бар мегирад. Масоиле, ки имрӯз мавриди  баҳс мебошанд, дар меҳвари  сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. 
Таҳлил ва масъалаҳои вазъи таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ дар ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо омилҳои зерин: истеҳсолоти худӣ, захираи озуқаворӣ, воридоту содирот ва кумаки озуқаворӣ инъикос мегардад. 
Ҳамзамон, дар ин фасл масъалаҳои истеҳсоли дохилӣ дар алоқамандии онҳо бо вазъи захираҳои табиӣ, яъне замин, обтаъминкунӣ ва ғайра инъикос ёфта, афзоиши содироти маҳсулоти озуқавории ватанӣ, аз қабили меваи тару тоза, меваи хушк, сабзавот, полизӣ ва гандум рӯз ба рӯз меафзояд. Умуман, баъди ба тасвиб расидани қарори раиси ноҳияи Муъминобод баҳри иҷрои барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонда шудаанд. Тибқи ҳисоботи шуъбаи кишоварзӣ, ба ҳолати 1 январи  соли 2021 кишоварзони ноҳия дар майдони 15176 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, дар майдони 409 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарондаанд. 
Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои стратегии озуқаворӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аз тарафи сохторҳои дахлдори ноҳия хизматрасонии  машваратӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани заминҳо бо оби полизӣ, интихоби  дурусти тухмӣ ва мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳои махсусан хавфноки зараррасон ба нақша гирифта шуда, тухмии ғалладонагиҳо пеш аз кишт бо маҳлулҳои махсус безарар гардонда  мешаванд, ки онҳо ғалладонагиҳоро аз касалиҳои сиёҳак ва занги зарди гандум муҳофизат менамоянд. 
Барои ноил шудан ба мақсад ва самтҳои афзалиятноки барнома идораю муассисаҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби кумаки беруна тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Масалан, имрӯзҳо дар 28 муассисаи таълимии ноҳия аз ҷониби СММ Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ фаъолият намуда, ҳаррӯза 6 145 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои гарм таъмин мешаванд. Барои пурра амалигардонии бандҳои барномаи мазкур монеа ва мушкилот низ мавҷуд аст. Вобаста ба афзоиши  мунтазами аҳолии ноҳия ва сатҳи баланди таваллуд талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ сол ба сол зиёд мегардад. Тибқи пешгӯиҳо аз маълумоти  охирини созмонҳои  марбутаи байналмилалӣ маълум  мегардад, ки нархҳо барои маводи хӯрокворӣ дар даҳ соли охир ба ҳисоби миёна ҳар сол 3-4 фоиз боло мераванд.  
Азбаски  Муъминобод ноҳияи аграрӣ мебошад, ҷиҳати рушди он масъулинро зарур аст, барои  истифодабарии оқилонаи захираҳои об ва нигоҳдории системаи ирригатсионии обёрии заминҳои лалмӣ сармояи дохиливу беруна ва донорҳоро ҷалб намоянд. 
 
Ғаффор ШАРИФОВ,  
омӯзгори деҳаи Ғарабдара, вакили 
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи 
Муъминобод аз ҳавзаи № 35


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 482
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед