Хабарҳо
Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд
Р.Т. «Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни нишасти НАТО дар Мадрид таъйид хоҳад кард, ки Анкара дар мавқеи худ дар мавриди кишварҳои пуштибон аз терроризм созиш нахоҳад кард». Дар ин бора дафтари Роҳбари Туркия хабар додааст.
Қаблан Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфта буд, ки Эътилоф мавқеи сахти Туркияро дар мавриди узвияти Финляндия ва Шветсия интизор нест.
Маъмурияти Президенти Туркия хабар дод, ки Шветсия ба террористоне, ки дар ҳудуди Туркия ҳамлаҳои террористӣ анҷом додаанд, силоҳ таъмин намудааст.
Ба гуфтаи Эрдоган, Туркия бо Ҳизби коргарии Курдистон ва шохаҳои он бо вуҷуди пуштибонии онҳо аз ҷониби Амрико ва Аврупо, муборизаро идома хоҳад дод.
Песков: «Россияро аз ҳаёти байналмилалӣ «тела додан» ғайриимкон аст»
РБК. Сухангӯи Президенти Россия Дмитрий Песков ба ТАСС гуфт, он чи дар моҳҳои охир рух дода истодааст, нишон медиҳад, ки Маскавро аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ «тела додан» мумкин нест.
Дар ҷараёни омодагӣ ба Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, Президенти Россия бо олимон, соҳибкорон ва муҳандисон мулоқот кард, - суханашро идома дод Песков ва дар бахшҳои саноатӣ, технологӣ ва истеҳсолӣ «соҳибихтиёрӣ»- и Россияро баррасӣ намуд. Вай таъкид кард: «Президент як тавзеҳи муҳим гузошт - ин соҳибихтиёрии мо ба ҳеҷ ваҷҳ маънои канорагириро надорад».
Намояндаи Президент итминон дод, ки Москва «формати гуногуни интегратсия»-ро бо кишварҳои дӯст идома медиҳад.
Тезсуръаттарин суперкомпютер дар Аврупо
Росбалт. Дар Финляндия тезсуръаттарин суперкомпютери Аврупо ба кор андохта шуд. Он LUMI номида мешавад ва дар шаҳри Каяани ҷойгир аст. LUMI суперкомпютери тезтарин ва каммасрафтарин дар Аврупо буда, аз рӯи суръати ҳисоббарорӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад.
Компютерро EuroHPC ва консорсиуми 10 кишвари аврупоӣ: Белгия, Дания, Исландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Швейтсария, Шветсия, Чехия ва Эстония якҷоя сохтаанд ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дастраси корбарон мешавад. Суперкомпютер имкон медиҳад, то дар соҳаи тиб (аз ҷумла, ташхиси саратон) ва дар пажӯҳишҳои иқлим пешрафтҳои илмӣ ба даст ояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3880