мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАЙКЛ ЭРИК КУРИЛЛА
15 июн дар Қасри миллат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус ҳамкориҳои низомиву амниятӣ, баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.06.2022 №: 116 Мутолиа карданд: 3040