logo

сафарҳо

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ  дар ноҳияи Ҷайҳун
Субҳи 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварданд.
 
Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд.
Парчами давлатӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Дӯстӣ дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки зиёди ҷавонон ва сокинон партавафшон шуд.
Мувофиқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Иншоот дар масоҳати 50 садяк замин бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро ёфтааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар баробари мутахассисони ботаҷриба сокинони маҳаллӣ низ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллие ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд шуда, ба ҳусни ин мавзеъ зебоӣ зам менамояд.
Ҳамзамон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар асоси лоиҳа сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 21 метр ва унсури муосири меъморӣ қомат афрохтааст.
Баробари барафрохтани Парчам ва рӯнамоии Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Ҷайҳун барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спец-техника» бо сифати баланд иҷро гардид ва иншоот сари вақт ба истифода дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ низ мусоид мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо фаъолону ҷавонон партавафшон гардидани Парчам ва бунёди Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки ин омил боиси дар қалби насли наврасу ҷавон бедор сохтани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ мегардад.
 
 
Муаррифии лоиҳаи таъмиру мумфаршнамоии роҳи марказии ноҳияи Ҷайҳун
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар доираи Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 4 километри он пурра асфалтпӯш карда мешавад. Ҳоло корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия бо истифодаи техникаҳои соҳавӣ ҷараён дорад. То имрӯз бештар аз як километр роҳ асфалтпӯш гардида,  кормандон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият доранд.  
 Роҳҳои мошингарди марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъмирталаб буда, ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ нестанд. Бо назардошти ин, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фармоишгар  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои автомобилгарди маркази ноҳияи Ҷайҳун таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш мешаванд.
Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки роҳҳои маҳаллӣ пурра навсозӣ,  маркази маъмурии ноҳия ободу зебо ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин гардад. Корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориёнсоз” иҷро мешаванд.  Дар рафти корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи  Ҷайҳун ба масъулони соҳа  ҷиҳати дар сатҳи баланд асфалтпӯш кардани роҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки бояд корҳои роҳсозӣ  мутобиқ ба стандарти ҳозира ба иҷро расонда шаванд. Зеро, агар роҳҳо босифат бунёд, таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш гарданд, солҳои тулонӣ мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.
 
 
Боздид аз истифодабарии самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и ноҳияи Ҷайҳун
 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун ба Хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти Қумсангир ташриф оварда, аз рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.
 
Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол» соли 1997 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,4 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият дошта, ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полизӣ, машғул мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳосилбандии зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, хусусан ҷуворимакка барои дон ва маҳсулоти полизӣ, аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд.
 Иттилоъ доданд, ки саҳмдорон дар заминҳои хоҷагӣ ғалладона, аз ҷумла гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон, наску нахӯд, мошу лӯбиё ва сабзавоту полизӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, сирпиёз, тарбузу харбуза, пиёзи тухмӣ, лаблабу, каду ва турбу шалғам, кишт менамоянд.
Ба гуфтаи хоҷагидорон, имсол аз ҳар гектар гандумзор аз 50 то 60 - сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. Баъд аз дарави ҷаву гандум саҳмдорон дар кишти такрорӣ, асосан, ҷуворимакка барои дон ва сабзавоту полизӣ киштанд. Айни замон зироатҳо нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо обу нуриҳои минералӣ таъмин карда мешаванд. Ба гуфтаи хоҷагидорон, боду ҳавои мусоиди имсола ба ҳосилнокии ғалла ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ таъсири мусбат расондааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз ду гектар пиёз дар хоҷагии мазкур зиёда аз 130 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар Хоҷагии деҳқонии фермерии “Иқбол” дар баробари ғаллакорӣ ва сабзавоту полизӣ, инчунин, кишти юнучқа барои хӯроки чорво низ ба роҳ монда шудааст.
 
Боздид аз рафти кишти такрорӣ дар Хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун
 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти кишти такрорӣ дар Хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти Қумсангир боздид намуданд.
 
Бояд тазаккур дод, ки Хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» 3 гектар замин дошта, 6 нафар саҳмдор дорад, ки онҳо деҳқонони ботаҷриба мебошанд. Хоҷагии мазкур соли 2009 таъсис ёфтааст ва саҳмдорон ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, ба заҳмати самаровари деҳқонон баҳои баланд доданд. Хоҷагидорон аз ҳисоби кишти тирамоҳии гандум ба ҳисоби миёна 50 - сентнерӣ ғалла рӯёнда, дар заминҳои холишуда кишти ҷуворимакка барои дон ва дигар навъи зироат мегузаронанд.
Бо мақсади оқилона истифода бурдани замин баъд аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, сабзавоту полизӣ кишт карда мешавад. Парвариши тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамъоварии самараи меҳнат ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
 Саҳмдорони хоҷагӣ ҳосили рӯёндашударо ҳам барои эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд. Истифодаи оқилонаи замин боис ба он гардид, ки сатҳу сифати зиндагии саҳмдорон сол ба сол хубтару беҳтар гардад.
Саҳмдорон барои таъмин намудани чорво бо хӯроки дурушту серғизо дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт намудаанд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили ҷуворимаккаи дон, баргу пояи он низ барои беталаф баровардани чорво аз мавсими зимистон захира карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати 6 деҳоту шаҳраки ноҳияи Ҷайҳун дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полизӣ, меваҷот, хушкмеваҳо ва маҳсулоти консервшуда, муаррифӣ гардид, ки бозгӯи самараи меҳнати садоқатмандонаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
 
 
Шиносоӣ бо фаъолияти ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
 
Дар ин ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзӣ аст, нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ, ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд.  
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Имсол саҳмдорони Ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон  бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 40- сентнерӣ ҳосил ҷамъ овард.
Дар заминҳои Ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то имрӯз ба хотири рӯёндани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ дода шудааст. Ҳамчунин, бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ  байни қаторҳо пурра коркард гардида, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони Ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.
Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Пахта ҳамчун ашёи хом дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд мегардад.
Аз нашъунамои хуби ниҳолҳои пахта маълум аст, ки роҳбарият ва аҳли кормандони Ҷамъият бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, бо иқдоми роҳбарияти Ҷамъият 10 мошини муосири пахтағундорӣ ва зиёда аз 100 намуди таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон, бо маблағгузории Ҷамъият дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи коркарди пахта бо иқтидори солонаи 30 ҳазор тонна ашёи хом сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад. Баъди коркард нахи пахта дар шакли бастаҳои махсус ба  ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу” интиқол дода хоҳад шуд.
Ҳамасола дар вақти кишту парвариши пахта дар Ҷамъияти мазкур зиёда аз ҳазор нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Тибқи маълумоти масъулон, дар давоми солҳои охир дар минтақаи Гароутӣ бо васлу насби 34 дастгоҳи муосири обкашӣ 10 ҳазор гектар замин шодоб гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми роҳбарияти Ҷамъиятро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ин раванд ба масъулони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2022    №: 116    Мутолиа карданд: 3229
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед