logo

иҷтимоиёт

«АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»»

 
Нашриёти «Шарқи озод» бо ҳамин ном китоби Иброҳим Пирназарзодаро бо теъдоди ҳазор нусха ба табъ расондааст, ки аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар тули чанд рӯзи охир маҳсуб меёбад.
Дар пешгуфтори китоб муаллиф ин сухани мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос кардааст: «Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшшудаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро такмил бахшид».
 
Ҳамин тавр, ба таъкиди пажӯҳишгар дарки як бузургмард ва шахсияти нотакрори таърихӣ аз ҷониби ҳамтои ӯ сурат гирифта метавонад. Ба ибораи дигар бузургонро бузургон зинда медоранд.
Воқеан, таҷлили солгарди Бобоҷон Ғафуров ва нашри китоби «Тоҷикон»-и ӯ бо теъдоди зиёд ва низ бесобиқа, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Тақдими ройгон ва ба ҳар хонадони кишвар расондани ин шоҳасар гувоҳ аз он ҳам ҳаст, ки миллат бояд бо шинохти таърихи худ, ибрат гирифтан аз рухдодҳояш пеш биравад ва, ҳамзамон, некро аз бад бехатову сари вақт тафовут гузошта тавонад. Дар анататсияи ин китоби тозанашр мақсад аз таълифу ба хонанда расондани он равшан баён гардидааст: «Бо шукрона аз соҳибистиқлолии давлат ҳар як фарди ватандӯсти кишварро зарур аст, ки дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки гурӯҳҳои алоҳида тавассути тафриқаандозиву ҷудохоҳӣ мехоҳанд ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ созанд, бояд аз воқеаву рӯйдодҳои таърихи гузашта сабақ гиранд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои таъмини ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд».
Кӯшиши муаллиф ба ҳангоми таълифи асар бар он равона гардидааст, ки мазмуни мухтасари ин китоби калонҳаҷм чун дастур ба доираи васеи хонандагон дастрас бошад. Нашри  ин дастури муҳим ба замоне рост омад, ки Сарвари давлат боз як иқдоми  нав - тоҷиконхониро дар кишвар роиҷ гардонд.
Хонанда аз китоби мазкур ин маълумотро низ пайдо карда метавонад, ки «Тоҷикон» нахустин бор соли 1972 бо забони русӣ дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Москва ба табъ расидааст. Инчунин, китоби якуми ин асари бунёдиву калонҳаҷм бо тағйиру иловаҳо соли 1983 ва китоби дувум соли 1985 бо забони тоҷикӣ дар нашриёти «Ирфон»-и кишварамон чоп шудааст.
«Тоҷикон»-ро асари илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ донистаанд ва зикр кардаанд, ки дар таълифи он муаллиф аз ду ҳазор маъхазҳои таърихӣ, сарчашмаву адабиёт истифода намудааст.
Бо таълифу нашри ин асар олимону шахсиятҳои маъруфу бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Ричард Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Файз Аҳмади Файз, М. Жуков ва дигарон тақризҳои мусбат дода, моҳияти онро баён доштаанд. Аз ҷумла, Чингиз Айтматов, нависандаи оламшумул, дар мавриди ин асари мондагори олим чунин изҳори назар намудааст: «Бобоҷон Ғафуров аз бузургтарин симоҳои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯйи доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш- тоҷикро дар саҳифаи таърихи олам муаррифӣ созад.
Ба таъкиди Сарвари давлат ««Тоҷикон», воқеан, шиносномаи миллат аст» ва ин асар бояд китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат бошад.
Соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо теъдоди зиёд нашр намуда, аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.
Имрӯз дар ҳар як хонадони мамлакат ин шоҳасарро дучор омадан мумкин аст. Ҳол он ки пештар ҳатто барои донишҷӯёну муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳа дастнорас буд.
Муаллифи ин дастур менигорад, ки «Китоби «Тоҷикон» дар доираи шаш фасл мураттаб гардида, ҳар як фасли он бобҳои алоҳидаро дар бар мегирад, ки таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои ташаккулёбии аввалин сохти ҷамъиятӣ – ҷомеаи ибтидоӣ дар Осиёи Миёна то ибтидои асри XX фаро гирифтааст».
Зарфияти китоби тозанашр боз дар он зоҳир мегардад, ки он дар хусуси ҳар фаслу боби «Тоҷикон» мухтасаран ба хонанда маълумот медиҳад ва моҳияти таълифи ҳар фаслу бобро дар алоҳидагӣ шарҳ медиҳад.
Чунин шарҳу тавзеҳ ва расондани маълумоти асосӣ, махсусан барои донишҷӯён зарур мебошад. Ва ҳам хонанда метавонад баъди таълифи пурраи шоҳасар ба чунин як дастури муфид рӯ биёрад. Масалан, дар хусуси боби дуюми «Тоҷикон» менависад, ки муаллиф онро ба муборизаи аҷдодони мо бар муқобили юнониву македониҳо бахшидааст. Баъдан, маълумот медиҳад, ки солҳои 336-322-и пеш аз милод нахустин империяи ҷаҳонӣ - Давлати Ҳахоманишиён бо сарварии Искандари Мақдунӣ барҳам хӯрдааст. Муборизаи Спитамен низ зикр мешавад. Маълумот дар бораи ӯ ва муборизааш бисёр мухтасар мебошад. Аз ҷумла: «Дар китоб («Тоҷикон» - дар назар дошта шудааст. – А.Р.) Спитамен ҳамчун меҳанпарасти асил ва далеру матинирода тасвир ёфтааст, ки бар зидди ғосибони Ориёно-юнониву македониҳо қаҳрамонона ҷангида, чандин маротиба Суғду Бохтарро аз дасти истилогарон озод намудааст».
Хулосаи муаллиф дар хусуси ин бобу фасл ва Спитамен дурусту ҷолиб мебошад: «Маҳз тасвири ин қаҳрамониҳои Спитамен бар зидди душманон дар китоби «Тоҷикон» буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи ӯ ордени Спитаменро таъсис дод ва ноҳияи Нови вилояти Суғд номи ноҳияи Спитаменро гирифт».
Хулоса, ин китоб ё худ дастур бо суханони Пешвои миллат оғоз ва анҷом меёбад. Дар суханони Сарвари давлат, барҳақ, моҳияти масъала, омӯзиш, хониш, қадрдонии шахсиятҳои таърихӣ равшан зоҳир мегардад: «Бигзор дӯстону душманони Тоҷикистон донанд, ки миллати тоҷик аз таърих сабақи омӯзанда гирифтааст ва дар оянда фирефтаи ҳеҷ қувваи бадхоҳе нахоҳад шуд. Дар ин роҳ моро руҳи Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли онҳо мададгор хоҳад шуд». 
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки «Андешаҳо перомуни шоҳасари «Тоҷикон»» туҳфаи хубу арзишмандест ба омӯзандагон, роҳравони илм, алоқамандони ин шахсияти таърихӣ ва миллат.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2022    №: 116    Мутолиа карданд: 661
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед