logo

иҷтимоиёт

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ САҲИФАИ НАВРО ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН РАҚАМ ЗАД

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди онро бо шаҳомати хосса таҷлил хоҳанд кард, дар таърихи варзиши кишвар саҳифаи ҷадиде боз шуд. Бори аввал дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт, ки барои сокинони мамлакат туҳфаи арзишманде маҳсуб меёбад. 
 
ИСТИҚБОЛИ ВОҚЕАН САМИМӢ
Нисфирӯзии 15 июн. Новобаста аз гармии тоқатфарсо мухлисон ва наздикону пайвандони футболбозони тими миллии Тоҷикистон дар даст Парчами давлатӣ ва шиорҳои «Тоҷикистон, ба пеш!», «Мо ба Ҷоми Осиё – 2023 меравем!» ва «Ифтихори мо!» дар саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири истиқболи онҳо ҷамъ омада буданд. Тибқи нақша, тайёра бояд соати 14:00 фуруд меомад, аммо як соату 10 дақиқа таъхир кард. Ба ин нигоҳ накарда, ҷамъомадагон бесаброна интизорӣ мекашиданд. Дар баробари мухлисони пойтахт, инчунин, ҳаводорони футболи тоҷик аз дигар гӯшаву канори кишвар омада буданд. Ибодулло Ашӯров, мухлиси аршади тими миллӣ, аз ноҳияи Хуросон омада, интизори вохӯрӣ бо бозигарон буд. Исломи найнавоз бошад, бо асбоби мусиқии худ аз шаҳри Бохтар ба пешвози футболбозон ташриф овардааст. Як гурӯҳи муғанниён барои мухлисону меҳмонон оҳанг менавохтанд… 
Тайёра нишаст. Ситоди мураббиён ва бозигарон бо хушҳолӣ дар лаб табассум ба толори истиқболи меҳмонон ворид гардиданд. Духтарони атласпӯш бо чеҳраи хандон ба онҳо гул тақдим мекарданд. Дар баробари мухлисон барои пазироӣ Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Файзуллозода, муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. 
Хуршед Файзуллозода ситоди мураббиён ва бозигаронро барои дастоварди беназирашон табрик намуд. Пас аз акси хотиравӣ футболбозон ба саҳни фурудгоҳ баромаданд. Садои мусиқии тоҷикона ба само мепечиду мухлисон мерақсиданду хушҳолӣ мекарданд. Бозигарон, хусусан Петр Сегрт, сармураббии 55-солаи хорватии тими миллӣ, фазои идонаи саҳни фурудгоҳро дида бисёр ба ҳайрат афтод…
Баъдан, ҳайати тими миллӣ ва як қисми мухлисон дар даст Парчами давлатӣ дар автобуси дуошёнаи болокушодаи истеҳсоли ватании «АКИА», ки дар он «Мо ба Ҷоми Осиё – 2023  меравем!» навишта шуда буд, нишаста, аз фурудгоҳ ҷониби маркази шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд...
 
РОҲ БА ҶОМИ ОСИЁ – 2023 
Футболбозони Тоҷикистон бо роҳбарии Петр Сегрт барои роҳхат ба марҳилаи финалӣ дар гурӯҳи «F» (мутамарказондашуда Бишкек, Қирғизистон) бо мунтахабҳои Мянмар, Сингапур ва Қирғизистон рақобат намуд. Тими мо дар бозии аввал ба дарвозаи Мянмар чор голи беҷавоб зад. Дар рақобати дуюм бо Сингапур, ки вохӯрии муҳим ба шумор мерафт, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Зӯрозмоии охир бо Қирғизистон мусовӣ (бидуни гол) ба анҷом расид. Ҳамин тавр, тими миллии Тоҷикистон дар садри гурӯҳ бо 7 хол қарор гирифт. 
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё – 2023 бо ширкати 24 даста аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Макони баргузории 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё 17 октябр муқаррар мешавад. Тибқи қарори қаблан қабулнамудаи КФО, мусобиқот бояд дар Чин доир мегардид, аммо бо сабабҳои бемории ҳамагири COVID – 19 ин кишвар аз мизбонӣ даст кашид.  
Дар Ҷоми Осиё – 2023 ин мунтахабҳо ширкат мекунанд: Австралия, Ҷопон, Эрон, Корея, Лубнон, Фаластин, Уммон, Чин, Қатар, АМА, Арабистони Саудӣ, Ветнам, Урдун, Сурия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Баҳрайн, Тайланд, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҳонг-Конг ва Индонезия.
 
НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ МУСОБИҚОТ
Ҷоми Осиё (AFC Asian Cup) мусобиқаи асосии тимҳои миллии футболи қора буда, таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад. Мусобиқот аз соли 1956 инҷониб дар 4 сол як маротиба як сол пас аз Ҷоми ҷаҳон доир мегардад. Қаҳрамони Осиё қораро дар Ҷоми Конфедератсияҳои ФИФА намояндагӣ мекунад. 
Аз ҳама бештар дар Ҷоми Осиё тими миллии Ҷопон (4 бор – солҳои 1992, 2000, 2004, 2011) қаҳрамон шудааст. Мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (1984, 1988, 1996) ва Эрон (1968, 1972, 1976) семаротибагӣ унвони чемпиониро ба даст овардаанд. Дастаҳои Корея (1956, 1960), Исроил (1964), Кувейт (1980), Ироқ (2007) ва Австралия (2015) низ дар қора якум шудаанд. 
Қаҳрамони феълии Ҷоми Осиё (соли 2019, Амороти Муттаҳидаи Араб) тими Қатар мебошад. 
  
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 
P.S. Алишер Ӯрунов, муовини президенти ФФТ, ҳамаи мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷикро ба муносибати баромадани тими миллии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2023  табрик гуфта, иброз дошт, ки барои натиҷаҳои хуб дар аввалин иштироки дастаи мунтахаб дар мусобиқоти бонуфузи қоравӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2022    №: 116    Мутолиа карданд: 659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед