logo

иҷтимоиёт

АКАДЕМИК. ГУФТАНИҲОЕ АЗ РӮЗГОРИ ҒИЁСИДДИН МИРОҶОВ

 
Маълумоти зиёдеро  дар бораи ҳаёт ва  роҳи ба ин  мартабаи  баланд  расиданашро аз китоби    «Авҷи дилҳо – меъроҷи ман»  -  и  нависанда  ва  рӯзноманигор Диловар Мирзо  дарёфтам.  Китоб  дар бораи тамоми паҳлуҳои зиндагии Ғиёсиддин  Мироҷов, аз ҷумла   аз синни 10 – солагиаш  аз модар ва баъдтар аз падар  маҳрум  гардидан, дар   давраи   ба воя  расидан ва тули ҳаёт аз  насиҳатҳои шавҳари апааш Хушмуҳаммад   истифода бурдан ва  бо ҳидояти   академик Ҳамид Мансуров   Ғиёсиддини донишҷӯ  чун ходими пажӯҳишгоҳ ва баъди супурдани имтиҳонҳои давлатӣ ба ҳайси  лаборанти  Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии гастроэнтерология таъин  шуданаш  ҳикоят  кардааст.  Ҳамид Мансуров  ӯро  аз аввалин  рӯзҳои   фаъолияти меҳнатиаш зери қаноти худ гирифта, раҳнамоӣ   намуд, ки   чун олими  варзидаи   соҳаи тандурустӣ  сабзида,   ба қуллаҳои баланди илм бирасад. 
Диловар Мирзо аз забони худи  Мироҷов овардааст: «Бачаи мактабхон будам. Модарам   зани  ҳунарманде буд. Бароям тоқии гулдӯзии   зебое дӯхт. Он айём на ҳар кас  қудрат дошт  ба фарзандаш тоқии пур аз нақшу нигор ҳадя кунад. Мардум дар ғами таъмини рӯзгор буданд… Модарам бемор буд. Бо вуҷуди бемориву нотавонӣ барои бачаи эркааш  тоқии гулдӯзӣ дӯхт. Ду рӯз баъд  дунёи   пуршӯрро тарк  гуфт». Шояд ҳамин сабаб гашт, ки ӯ дар ҳифзи саломатии   омма камар  баст. Ҳоло ҳам паси ҳар бемор  аҳволи  аҳли  хонаводаашро  дида, чун шахси наздиктарин дар табобаташ  саҳм мегирад.
Адиб  ҷое   як лаҳзаи  дигари  алами бемодариро  аз забони Мироҷов  чунин овардааст:  «Шахсони  бузургро  модарони бузург  ба дунё оваранд»  - ро   далел аст: «Модарам  гоҳе ба дугонаҳояш мегуфт, ки, агар дилат пур шавад, дар танҳоӣ гиря кун, то холӣ шудани дилат гиря кун. Гиря ғами дилро мезудояд.  Агар инсон ғами дилашро набарорад ба ғамбода гирифтор мешавад… Даме, ки ҳамроҳи яке аз ҷӯраҳоям ба хонаашон  мерафтам ва  модари ӯ фарзандашро ба оғӯш мекашид, раъша  домангирам мешуд   ва бидуни ирода меларзидам… пеши чашми онҳо базӯр худро ба даст мегирифтам ва шабҳо  ашк мерехтам…Баъдҳо ашъори  Мавлоно Ҳилолиро хондам ва як байташ панди модари биҳиштиямро ба ёдам овард:
Хуш, ки мехондӣ Ҳилолирову мерондӣ ба ноз,
Дар дарун пеши ту механдиду берун мегирист».
Аммо, баъдан, вақте ба воя расиду ба ҳайси табиби хуб ном  баровард, роҳи шодиро пеш гирифт. Бо дигарон хандидану аз зиндагӣ  баҳра бурданро пеша кард.  Дарёфт, ки ҳолати равонии  табиб ба бемор ҳам таъсир  мерасонад.  Ӯ медонад, ки пеши роҳи маргро наметавон гирифт, вале  метавон зиндагиро   идома дод.    
Бобати   оне, ки  дар рафоқат ва дӯстӣ бемисл  ва дорои сифатҳои олии инсонӣ  ҳаст,   академик  Кароматулло Олимов  ва  олим Ҷаббор Саломов, ки ҳар ду  бо вай  дӯстони  деринаанд, бисёр гуфтаанд. Ду шогирдаш, яке Сайфулло Авезов  ва дигаре   Назира Раҷабова   аз мактаби    академики  сахтгиру   серталаб   гузаштаанду   ҳар ду   ба дараҷаи  доктори  илмҳо  расидааст.  
Аз котибааш рухсат пурсида ба  ҳуҷраи кориашон даромадам. Мироҷов бо лабханд  гуфт, ки: «Шуморо мешиносам, рӯзноманигор  ҳастед, аз рӯзномаи  «Ҷумҳурият».  Бо  хотираи   қавӣ   ва  муомилаи  самимонаву    ботамкиниаш   маро   мутаҳайир намуд.  Вай  аз ҳамаи он   чизе, ки дар зиндагии шахсиаш дораду   дар натиҷаи талошҳояш расидааст, ризоманд  мебошад.  Тули  солҳо  чеҳраи нурониаш боз ҳам нуронитар гардидаасту ҳанӯз ҳам аз хидмат ба мардум  даст намекашад.   
Ҳамин як мактуби   аз номи  шаҳрванди Федератсияи Россия ба дасти  академик  расида   асос шуда метавонад,  ки  мо – хонандагони  рӯзнома   ба истеъдоди нотакрори  Мироҷов   бори дигар    баҳои воқеӣ диҳем:
«Салом…!
Бо сад умед 1 июни соли 2018 духтари мо ба шаҳри Душанбе рафт. Табиби ҳозиқ дарди ӯро ташхис кард  ва дар як муҳлати кӯтоҳ табобаташ намуд.  Мехоҳам арзи сипоси як модаре, ки фарзандаш Имомова Илоҳа солиёни зиёд бемор буд ва туфайли ин марди шариф саломатиаш  рӯ ба беҳбудӣ овард, иброз намоям. Барои ҳамин як умр аз духтури номдор Мироҷов Ғиёсиддин Қутбиддинович миннатдорам. Мехоҳам бо овози баланд фарёд кунам: «Ба Шумо ташаккури   беинтиҳо!».  Ба   назди  донишу таҷрибаи   беҳамтои   Шумо   сари таъзим фуруд меорам».
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2022    №: 116    Мутолиа карданд: 616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед