logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

 
ҚАЛЛОБӢ
Парвандаи боз як “заминфурӯш” ба суд рафт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Фирӯз Ҳасанов, сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, номбурда бар асоси моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) ва 3381 қисми 2 бандҳои “а,в” (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин бо истифода аз ваколати мансабӣ) айбдор мешавад. Фирӯз Ҳасанов дар давоми фаъолияти кориаш дар мақоми муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар се ҳолат аз шаҳрвандон маблағи умумии 100 000 сомонӣ гирифта, ба онҳо ғайриқонунӣ қитъаҳои замин додааст.  
 
 
 
НАФС
Пули обунаро хӯрду ҷазо гирифт
Як корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои аз худ намудани маблағҳои обуна ба нашрияҳои даврӣ 18000 сомонӣ ҷарима ва аз ишғоли мансаби муайян маҳрум карда шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, Тӯйчӣ Маҳмадёров, мушовири кабинети методӣ оид ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи ноҳия, ҳамзамон масъули ташкили обуна ба нашрияҳои даврии шуъбаи маориф, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ 37241 сомонӣ маблағи обунаро аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, прокуратураи ноҳия нисбат ба Т. Маҳмадёров бо моддаи 245 қисми 2 банди “г” Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифода аз ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо ҳукми суди ноҳия нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъин шуд.
 
 
 
АВБОШӢ
Тафтиши амали марди кордбадаст
Кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Шоҳмансур аъмоли мардеро мавриди тафтишот қарор додаанд, ки сокини 24-солаи пойтахтро бо зарби корд захмӣ кардааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, ҳодиса 9 июн дар кӯчаи Машъали пойтахт рух дода, марди кордбадаст, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад, бо корд ба қисмати дасти рости ҷабрдида задааст. Дар натиҷаи ин амал зани 24-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2022    №: 116    Мутолиа карданд: 2634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед