logo

сиёсат

АҲДШИКАНӢ. ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДРО КӢ МУШКИЛ МЕСОЗАД?

 
Тоҷикистон амалҳои иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо чораҳои бетаъхир андешад.
 
Ин нукта дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пахш гардид, таъкид мешавад. Дар изҳорот, ки 14 июн дар сомонаи ВКХ нашр шуд, чунин зикр мегардад: «14 июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст. Соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ  дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гурӯҳӣ ва миномётҳо мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ қарор гирифт.
Дар баёния зикр мегардад, ки дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи Ҷамоати деҳоти Ворух интиқол ёфт, ки вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мешавад. 
Вазорати корҳои хориҷии мамлакат дар идома аз қатъи даргирии мусаллаҳона баъд аз яку ним соати тирпарронӣ ва муяссар шудани оташбас дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси Тоҷикистон суратгирифта хабар дода, бо таассуф изҳор медорад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам касб кардаанд. – Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳадро танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад, - омодааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, ки 3 июни соли ҷорӣ низ дар ҳамин дидбонгоҳи сарҳадӣ дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва ниҳодҳои ҳарбии кишвари ҳамсоя муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваста буд, ки ҳолатҳои мазкур хилофи мувофиқаҳои ҳосилшуда байни  мақомоти сарҳадии ду кишвари ҳамсоя аст.
 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2022    №: 116    Мутолиа карданд: 1051
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед