logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ МУҲАММАД ОСИМӢ  ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо фаъолияти саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиёда аз 12 гектар замин аст. Аз майдони умумӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст оварданд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд. Се гектар токзоре, ки имрӯз ҷамъоварии ҳосили қисме аз он оғоз ёфт, соли якум аст, ки бор овардааст ва боқимонда 4 гектар навбунёд мебошад. Тибқи дурнамо дар соли равон хоҷагидорон аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил интизоранд. Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунёд шудааст. Саҳмдорон мақсад доранд ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоянд.
Зимни боздиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки саҳмдорони хоҷагӣ кӯшиш намудаанд ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода намоянд ва дар байни қатори токзори нав намудҳои гуногуни сабзавот, лӯбиёӣ, полизӣ ва чормағзи заминӣ кишт кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин кишти такрорӣ мебошад ва қаблан дар қитъаи мазкур карам, лаблабу ва полизӣ кишт намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Соли равон роҳбари хоҷагӣ Иномҷон Мамадҷонов дар намоиши байналмилалии «БОХТАР-ФУД» ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ иштирок намуда, имкон пайдо кардааст, ки дастранҷи худ, аз ҷумла 20 тонна лаблабу ва 10 тонна ҳандалакро, ба хориҷи кишвар содир намояд. Ба ғайр аз ин такроран баъди дарави гандум дар масоҳати 40 садяк замини ҳудуди Хоҷагӣ хӯроки чорво, хосса  ҷуворимакка  киштааст. Аз  ин  майдон 2  тонна ғалла ба даст оварда барои зимистон захира намуданд.
Хоҷагидорон ҳамасола ба кишту парвариши пунба низ машғул мешаванд ва имсол майдони ин зироати техникӣ дар Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ 3 гектарро ташкил медиҳад. Навъи пахтаи киштшуда "Флеш" ва "Флора" мебошад, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст ва ҳосилнокии баланд дорад. Парвариши пахта дар Хоҷагии мазкур дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.
Сипас, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд. Кишоварзону дигар сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнати худ, аз ҷумла ҳосили ғалладона, сабзавот, полизиҳо, зироати техникӣ, картошка ва меваҳои шаҳдрезро, ба намоиш гузоштанд. Дар умум, дар ин намоишгоҳ беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ гардид.
 
ШИНОСОӢ БО РАФТИ КИШТИ ТАКРОРИИ ШОЛӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "АШӮРБЕК-2012"
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии "Ашӯрбек-2012"-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии мазкур ба кишти такрории шолӣ оғоз бахшида, бо саҳмдорон ва дигар шолипарварони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд. Хоҷагии деҳқонии "Ашӯрбек-2012" дар деҳоти Деҳқонобод дорои 2,5 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар як гектари он ҷуворимакка барои дон кишт намуда, дар 1,5 гектар кишти шолӣ мегузаронанд. Қитъа барои кишти шолӣ пурра омода шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки қаблан хоҷагидорон дар ин масоҳат гандум кишт намуда, аз ҳар гектар 50 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Ҳосил пурра барои зимистон захира шудааст. Навъи тухмии интихобгардидаи шолӣ барои кишт "Юбилей" мебошад ва он сифати хуб дошта, ба иқлими ноҳияи Дӯстӣ мувофиқ аст. Кишти шолӣ аз рӯи тартиби муайян ва ҷавобгӯ ба талабот дар 200 пал гузаронда шуда, нигоҳубини зироат бо риояи пурраи агротехникаи кишт ба роҳ монда мешавад. Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ шолиро бештар баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишт мекунанд. Агар масоҳати умумии кишти ин навъи зироати техникӣ дар кишти асосӣ 230 гектарро ташкил диҳад, дар кишти такрорӣ 800 гектар ба нақша гирифта шудааст. Шолӣ аз зироати кишоварзии зарурӣ барои аҳолӣ ба ҳисоб рафта, талабот ба биринҷ зиёд мебошад.
Соли гузашта кишоварзон дар ноҳияи Дӯстӣ аз майдони 800 гектар шолӣ 46-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар ин замина 1900 тонна биринҷ истеҳсол намуданд. Имсол мутахассисони соҳа бо назардошти истифодаи тухмии сифаташ беҳтар ва коркарди зарурии замин нишондоди ҳосилнокии ин навъи зироати техникиро дар муқоиса ба соли гузашта қариб 10 сентнер зиёд пешгӯӣ мекунанд. Гуфта шуд, ки шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, шолиро ҳарчи бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровон будани биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин карда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат саҳм гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии "Ашӯрбек-2012" баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноку оқилонаи замин ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ҶДММ "ГАНҶИ ДЕҲА"
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Самти асосии фаъолияти корхонаи "Ганҷи деҳа" ба истеҳсоли равғани рустанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардида, он дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва "Солҳои рушди саноат" бо саҳми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта ба истифода дода шудааст. Биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа" дар масоҳати 0,77 гектар қомат афрохта, бо ифтитоҳи корхона 20 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Нақшаи бунёди иншоот, ворид ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ бо харҷи 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст. Технология ва хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва онро мутахассисони ватанӣ васлу насб намудаанд. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа" имкон аст, ки дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигит коркард ва аз он то 400 литр равғани хушсифати рустанӣ истеҳсол шавад.
Дар маҷмуъ, иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар як сол 144 тонна маҳсулоти босифати ғизоии ивазкунандаи воридотро дар заминаи коркарди 800 тонна чигит дар бар мегирад. Истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои гирифтани маҳсулоти ватанӣ низ дар корхона ба роҳ монда шуда, имкон аст, дар як сол то 400 ҳазор қуттӣ пешниҳод гардад. 
Равғани истеҳсолии "Ганҷи деҳа" дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ пешбинӣ гардида, оянда бо васеъсозии фаъолият содироти он ба бозори кишварҳои ҳамсоя дар назар аст. Чигит ва дигар рустаниҳо барои истеҳсоли равған ба корхонаи нави саноатӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ва атрофи он дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор дода мешаванд.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми ватанӣ то ба ҳадди ниҳоӣ дар дохили кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон барои дастгирии ҳамаҷониба аз чунин ташаббусҳои бунёдкорона ва муҳайёсозии шароити боз ҳам хубтару беҳтар ҷиҳати татбиқи тарҳҳои нав ба нав дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
ЛОИҲАИ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ ВА МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ
16 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.
Корҳои таъмиру навсозии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ соли 2019 дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои муосир оғоз гардида, бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд. Таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ дар асоси лоиҳа дар маҷмуъ, 5 километр роҳро дар ду марҳила дар бар мегирад.
Дар ҳамин замина соли 2019 аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 километр роҳҳои кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ваҳдат ва Каримов бо сатҳу сифати баланд таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш гардида, кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарозии 1,8 километр чароғон шуд. 
Соли 2022 бошад, роҳҳои 6 кӯча ба дарозии 2,7 километр таъмиру асфалтпӯш карда мешаванд, ки дар ин замина нақшаи пешбинишуда пурра татбиқ мегардад. Тибқи лоиҳа айни замон бо ҷалби мутахассисони паймонкори иншоот асфалтпӯшнамоии кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Турсунзодаи маркази ноҳияи Дӯстӣ пурра ба анҷом расонда шуда, мумфаршкунии кӯчаҳои Фирдавсӣ, Шерозӣ, Хайём ва Рӯдакӣ идома дорад.
Аснои муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, ки бо пурра ба анҷом расидани корҳои асфалтпӯшнамоӣ кашидани хатҳои уфуқӣ ҳам амалӣ мегардад.
Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми шабона чароғонкунии онҳо низ дар нақша аст.
Асфалти дар роҳҳои марказии ноҳия истифодашуда истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ анҷом пазируфтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2022    №: 117    Мутолиа карданд: 3147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед