logo

иҷтимоиёт

ГӮШҲОИ ДЕВОР ВА МАҒЗҲОИ БЕМОР

(Дар ҳошияи филми телевизионии «Шикасти фитна»)
Табиист, ки одамони каҷрафтору ҷиноятпеша мунтаҳо ба дасти қонун меафтанд ва аз амалкарди худ пушаймон мешаванд ва узр мепурсанд. Вале қонун инро намеписандад ва қонуншикан ҳатман бояд ҷазо дода шавад. Як гурӯҳ хиёнаткорони ношунавову мағзбемори Ватан, ки ҷавонони сарсабзи бадахширо бо фитна ба гумроҳӣ, тазоҳуроту силоҳбардорӣ кашидаву хунашонро ноҳақ рехта, зиндагии осудаву амну амонии мардумро ноором сохтаанд, асло ба тараҳҳум ва ҷазои сабук сазовор нестанд. Зеро, ҳарчанд пирони рӯзгордида ба гӯши Улфатхоним Мамадшоева, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов – саркардагону тазоҳуротгарони вижаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва дигар пайравонашон борҳо илтиҷову панд рехтанд, ки аз роҳи каҷ баргарданду фарзандони онҳоро осуда гузоранд, ин ҳарфҳои падарона ба девори гӯшҳои хиёнаткорон рахна наандохт. Баръакс, ҳар нафаре, ки алайҳи ақидаи гумроҳон сухан мегуфт, тафовут надошт пир аст ё ҷавон, зан аст ё духтар, тавре аз навори филми мустанади «Шикасти фитна» ба нигоҳ мехӯрад, боиси лату кӯб ва шиканҷаи беамон қарор мегирифт. Кадом гумроҳ, кадом мағзбемор панди омӯзгори даҳр Сайидои воқиф аз оқибатро пазируфтаст, ки онҳо мепазируфтанд? 
По зи ҳад берун ниҳодан қатъи 
пайванди худ аст,
Даст кӯтоҳ мекунад нохундарози токро.
 
Бахусус, марди муштзӯру саркардаи дастаи хуношоми хоруғӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров гунае по аз ҳад берун ниҳод, ки нисбаташ бо чандин моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, расман дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва оқибат нохундарозиҳои ӯро ба ҳар сӯ даст кӯтоҳ кард, пайвандаш аз ҳаёт қатъ гашт. Ҳарчанд амалкардҳои номатлубу хоинонаи ӯ ба аҳли авлод ва пайравонаш бетаъсир намемонад, дигар зарурати ҳарф задан аз ин махлуқ раво ҳам нест. Зеро ҷинояткор рӯи хунук дорад ва қабл аз мурда фаромӯш шавад ҳам, азобу ранҷаш бар шонаҳои дили дигарон бор мегардад, мисли ин ки «бемор бемор нест, бемордор бемор аст». Ӯ низ бо ҳаромгулуӣ, гӯши девору мағзи бемор, ва ҷиноятҳои хунрез ҷавонону пайвандонашро на танҳо бемор, балки бадном, сияҳном, беном ва гумном карду рафт. Бадахшон ин тоифаро ҳаргиз намебахшад ва ба ёд ҳам намеорад. Зеро, агар ба ёд орад, медонад, ки руҳи Мавлавӣ, Шоҳносири Хусрави  Юмгонӣ  ва Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур сахт меранҷад. Барои ҳамин номи бадро мардум кам бар забон меорад ва ё, умуман, аз зеҳнашон мерӯбанд. 
Ҳоло аз пушти оинаи роёна филми мустанади таҳияшудаи телевизионии «Шикасти фитна»-ро менигарам, садои ларзони пушаймонӣ аз амалкардҳои нангини хиёнаткоронро мешунавам. Онҳо аз мардуми ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ барои гумроҳ кардани ҷавонон, ба тазоҳуроту ҳуҷуми мусаллаҳона кашидан ва чандин бадбахтиҳои дигар оварданашон узр мепурсанд, ба хиёнати содиркардаи худ таслиманд. Бештар ба чӣ гуна ҳарф задан ва лабу чашмонашон менигарам. Бешармона ҳарф мезананд, гӯё гуноҳе накарда бошанд. Нигоҳи тарсборашон аз ғаму андуҳи гарон гӯяд ҳам, пушаймонии пас аз хиёнаташон дурӯғи маҳз аст. Зеро хиёнаткор то ба даст наафтад, аз роҳи интихобкардаи худ пас нахоҳад гашт. «Давидани гӯсола - то каҳдон»-аш ҳамин. Ин аст, ки ба иқрору таслим шуданашон бовари кас наояд, чунки гӯшҳояшон девор асту мағзашон бемор. Гӯши девор ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро қабул надорад ва мағзи беморро табобат мебояд. Ва ин табобат ба дарозо хоҳад рафт, то ислоҳ шудан, то тағйир хӯрдан. Пас, чӣ гуна гӯшро девор гӯянд ва чӣ гуна мағзро бемор?
Пеши ҳама рӯшан аст, ки одам ду гӯш дорад, дигар махлуқ ҳам. Гӯши рост сухани ҳақ мешунавад, гӯши чап фақат ноҳақ. Агар рафту дари  яке аз ин гӯшҳо баста гардад, кас танҳо аз як сӯ садо мешунавад. Тасаввур кунед, ки дари гӯши рост баста шуд. Он гаҳ фақат ноҳақ мешунавед, танҳо худро ҳақ медонед ва онҳоеро ҳақ мешуморед, ки ба фикри шумо мухолиф нестанд. Ба ин васила, ақидаи солим зинҳор бароятон мақбул наояд ва онро ҳаргиз нахоҳед писандид. Ҳо, гӯш мешавед, аммо намешунавед. Ба қиссаи зер таваҷҷуҳ кунед: 
«Якгӯшеро ҳамсояи дарбадевораш сахт мариз шуд ва тасмим гирифт ба аёдаташ биравад. Аммо дар андешае банд уфтод, ки чӣ гуна суҳбат кунад? Охир, мариз чи мегӯяду чи мехоҳад, ӯ намешунид-ку! Пас, пеш аз назди мариз рафтан, пурсу посухро бо худ тамрин кард, пасон ба аёдати ҳамсояи мариз даромад ва нахустин суоли худро дар миён ниҳод:
– Чӣ ҳолу аҳвол доред, ҳамсоя?
Мариз бо нолиш арз кард:
– Аҳволам вазнин, аз афташ ҷон ба ҷонофарин месупорам…
– Худоро шукр, ки аҳволатон хуб аст! – бо садои баланд нидо дардод якгӯш. 
Мариз шигифт дошт: «Ман дар назъи ҷону хонасалот Худоро шукр мегӯяд?! Тавба…»
Якгӯш суоли дигар бар забон овард:
– Чӣ намуди таом мехӯред, ҳамсоя?
Мариз бо ҷаҳл посух дод: 
– Заҳр!..
 Ношунаво гумон кард, ки мариз фақат мурғшӯрбо мехӯрад, хушҳол нидо дардод:
– Офарин, беҳтарин таом аст! Фақат ҳамин таомро хӯред, иншоаллоҳ, сиҳат меёбед, шутурворӣ рост мехезед.
Мариз бо хушунат аз болин сар бардошт. Чашмони фурӯрафтааш дар косахона тоб хӯрданд.
Якгӯш аз беҷо гаштани авзои мариз сарфаҳм нарафту аз нав пурсид:
– Табиби шумо кист? 
– Азроили ҷонгир!.. – фиғон кашид ҳамсояи мариз.
– Офарин, табибатон марди олиҷанобу хушмашрабест! – ва якгӯш афзуд: – Худо баракати умрашро диҳад, ҳама сифаташ мекунанд.
Мариз, ғоте ки аз ғазаб меларзид, аз ҷо рост шудан хост, вале қуввату тавонаш нарасиду аз нав ба бистар уфтод ва чашм пӯшид».
Мурод аз гуфта ин аст, ҳар қадаре ки мариз дарди худро мегӯяд, якгӯш ӯро намешунавад, намефаҳмад, ҳарфи худро мегӯяд ва аз раҳи интихобкардаи хеш пас намегардад.
Тавре аз тамошои филм  бармеояд, яке аз ин зумра  балвогарони  якгӯш Улфатхоним Мамадшоева – роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Номус ва инсоф» аст, ки зархариди хадамоти махсуси хориҷист. Тасаввур кунед, «Номус ва инсоф», чи ғояи баланде! Яъне, ҳадафи ташкилот ҳам тарбияи номус аст ва ҳам риояи инсоф. Бояд ҷонибдорӣ мекард аз инсон, ки аз марзи номусу инсоф берун по нагузорад ва худ номусу инсофи одамонро ҳифз кунад, ба ҷони одамон ҷабр насозад, номусу инсофро нафурӯшад, чун чашмаи поки Шоҳносир мусаффо бошад… Аммо Улфатхоним бо ҷодаи номусу инсоф қадам наниҳод, балки номусу инсофро ба хадамоти махсуси хориҷӣ фурӯхт. Ҳарчанд ки ӯ ибтидо он қадар гӯлу пакар ҳам набуд, магар сояи кадом арвоҳи мазоре шапалоқаш зад, ки якбора гӯши росташ қуфл зад, дигар роҳи мунаввари ҳақиқату адолатро надиду нашунид ва худро фурӯхт ба ивази ҷоҳу ҷалолу сарват ва ахиран Ватанро ҳам. Тавре маълум мегардад, сояи арвоҳ ҳамин хадамоти махсуси хориҷӣ буд. Дер боз бо дипломатҳои хориҷӣ ва хадамоти махсус робита дошт. Зарфи панҷ соли ахир онҳо барояш 400 ҳазор сомонӣ «ҳадия» кардаанд. Албатта, муфт не, ба ивази маълумоти гуна-гуна, аз қабили «Чин дар ноҳияи Мурғоб чӣ месозад?», «Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гапҳост?», «Теъдоди аскарон дар марзи Бадахшону Афғонистон?», «Теъдоди сарбозони «Алфа» дар марзи Бадахшон?» ва дигару дигар. Ва ӯ маълумот манзур медошту бар иваз 100 доллари амрикоӣ ҳамчун хидматона ба талича меандохт, ба лаб кулӯх молида мегашту гӯё номусу инсофи ҳамдиёронашро «ҳифз» менамуд ва аз бозии фоҷиабораш дар робита бо Алим Шерзамонов – муовини роҳбари ташкилоти террористии ба ном «Паймони миллӣ» даст намекашид. Якгӯш, ки буд, танҳо амру фармони онҳоро мешунид, ҳақ будани дигаронро қабул надошт. 
 
Ин ҷо суоле рӯ мезанад, ки чаро роҳбарони ташкилоти террористӣ дар Бадахшон мардро неву маҳз занро ба ҳайси ташкилотчӣ ва ҳамоҳангсози бетартибиҳо пазируфтанд? Гоҳе  аз як нафар ходими донишманди дин ин суолро пурсидам, гуфт: «Мақом ва ҷойгоҳи зан-модар назди ҳамагон маълум аст. Худованди мутаол мақоми зан–модарро дар ҷомеаи инсонӣ хеле баланду мутабаррик нишон додааст. Худованд дар Қуръони Маҷид, алалхусус дар сураҳои шарифи «Нисо» (саҳифаҳои 78 то 107), сураи «Саҷда» (ояҳои 7-8) ва дар сураи «Ториқ» оид ба мақому манзалати зан–модар оёти шарифро нозил кардааст, ки мо бинобар фармудаҳо ва амри Худованд нисбат ба модарон, хоҳарон, хешовандон, ҳамсоягон ва ҳамсари худ меҳрубон ва хушрафтор бошем. Эҳтироми модарро Худованд барои мову шумо тавассути амру фармонаш дар Қуръони Маҷид фарзу воҷиб гардондааст. “Ҳар кас, ки эҳтиром кард модарро ва шафқат кард занонро пас Худованд ӯро икром хоҳад кард».
Дарёфтам, ки дар Бадахшон ба зан-модар аз ҳад зиёд эҳтиром қоиланд, ба суханаш гӯш ва ба ӯ бовар мекунанд; бовар доранд, ки зан рост мегӯяд, ҳеҷ гоҳ фиреб намедиҳад ва онҳоро ба мақсуд мерасонад. Табиати зани бадахшӣ ҳамин аст. Аз ин нигоҳ роҳбарони ташкилоти террористии ба ном «Паймони миллӣ» дар хориҷа Улфатхоним Мамадшоеваро ба ҳайси ҳамоҳангсозу тарғибгари ғояҳои худ қабул кардаанд.
Акнун возеҳ шуд, ки чаро Улфатхонимро интихоб намудаанд: доност, сухангӯст, зуд ба бовар медарояд, дар байни ҷавонон эҳтиром дорад, дари гӯши росташ ба рӯйи ҳақиқат баста аст ва ба гӯши чапи ҷавонон моҳирона «азон» гуфта метавонад. Он гуна варсоқӣ мехонад, ки дар мафкураи ҷавонон танҳо ҳисси бадбинӣ ба табиат, роҳбарони вилоят ва ба зиёиёни пешқадам ҷо мешаваду халос. Онҳо сабабгори ҳама бадбахтиҳоро дар раисону роҳбарон дида, омили саодатро дар сарнагун сохтанашон медонанд. Барои расидан ба ин ҳадаф чӣ бояд кард? – Силоҳ гирифт ва ба муқобилашон шӯрид! Роҳи ягонаи саодат ҳамин аст… 
Ҷойи таассуф аст, ки саркардаҳои тазоҳурот ҳеҷ гоҳ аз он соли наҳси 92-юми асри мозӣ ёд намекарданд. Ба ҷавонони ноогоҳ намефаҳмонданд, ки ҷанг ба ҷуз харобиву вайронкориву парешонӣ чизи дигаре намеорад. Намегуфтанд, ки он соли наҳс дар водии Вахш парандаҳо дар осмону моҳиён дар обҳои гандида мурданд, хонаҳо саросар сӯхтанд, ҷангалҳову киштзорон вайрон шуданд, ҳосили пунба дар саҳро ночида монд, ҳайвонот талаф ёфт, гӯсфандону мурғон зери деворҳо афтоданд, хок аз зикр монд. Одамони як деҳа пароканда ва беному нишон гаштанд. Падару модару модаркалонҳо ва фарзандони як хона аз ҳам ҷудо шуда, аз маргу ҷанозаи якдигар бехабар монданд. Бисёриҳо бе кафан хок шуданд. Модарону кӯдакон бо дарди ҷонгудоз ашк мерехтанд, танҳо ашк не, балки хун мегиристанд. Чи қадар аламовару сангин буд дидани ин манзараҳои мудҳишу дилгазон! Наздики як миллион нафар ба Афғонистон фирор карда буд. Замини ҳосилхез аз баракат монд. Меваи анор дар шохаш пӯсиду ба замин афтод, дигар дарахтони мева ба пухтан нарасиданд, ниҳолони бодирингу помидор хушк гаштанд. Кас номи рӯзномаву китобро мешунид, дилшӯрак мешуд. Намехост ба он нигоҳ кунад, дар ғами зинда мондан ва пайдо кардани ризқу рӯзии якрӯзаи худу фарзандонаш ҷон дар сари мӯ талош мекард, аз субҳ то шом навбати нон мепоид...
Эй, бародар, ҳақиқат ин аст! Ҳақиқатро шунав, ки агар ба сари қудрат ҷавонмарди хушсимои тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат, чароғи рӯшан ва решапайванди миллат Эмомалӣ Раҳмон пазируфта намешуд, яқин буд, ки Тоҷикистон чун киштии овозадори «Титаник»-и ғарқшуда бо ҳама одамону абзораш ба коми баҳр фурӯ мерафт. 
Оре, ҳақиқат ин аст, ки гоҳе иддае аз бепарвоён садо баланд карданд, «муҳоҷире, ки берун аз Ватан бо ҷаҳон падруд гуфтааст, дигар ба Тоҷикистон оварданаш маънӣ надорад». Медонед, ки дар посух Пешвои миллат чӣ гуфтанд? – Ба ин мазмун гуфтанд: «Илтимос, ин корро накунед ва асло чунин нагӯед! Модаронро як умр насӯзонед! Ман аз дарди дар хоки бегона гӯрондани фарзанд воқифам. Модарам як умр барои бародаре, ки дар хоки бегона дафн шуда буд, чун шамъ месӯхт. Бинобар ин, ҳар муҳоҷире, ки берун аз кишвар чашм аз ҷаҳон мепӯшад, бо чи роҳе, ки бошад, ҳатман ба замини модариаш оварда шавад…» 
Сад дареғ, ки аз ин гуна суханҳо на Мамадбоқир Мамадбоқиров бар забон меоварду на Улфатхоним Мамадшоева ва на Холбаш Холбашов! Он соли наҳсу баҳсҳои бемаънӣ, гиребонгирӣ, гаравгирӣ, қатлу куштор ва ҳалокати Ватанро ин зотҳои ношукр батамом фаромӯш карданд. Ба фикри инҷониб, агар ҳама фаромӯш месохт, набояд Холбаш Холбашови паҳлавонҷусса аз ёд мезудуд, ҳарчанд ба гуфтаи Сайидо: 
Аз сурати бузург мурувват тамаъ мадор,
Танг офаридааст қазо чашми филро». 
Ҳоло хоҳам гуфт, ки чаро? Холбаш Холбашов, ки ба ҷабҳаи тазоҳургарони Рӯшон саркарда пазируфта шуд, аз таълимнодидаҳо набуд. Таълимнодида мебуд, дар неруҳои марзбонӣ то ба рутбаи генералӣ намерасид. Аммо чӣ гуна расид? Посух мушкил нест. Зеро ҷодаи сипаридааш, ки аз нооромиҳои солҳои 90-и асри мозӣ ибтидо мегирад, рабт дошт ба бангу нашъакашӣ ва бетартибиҳо дар Бадахшон. Ва пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳайси афсар дар неруҳои марзбонӣ ба кор пардохт. Афсари марзӣ ки буд, имконоташ бештар гардид дар ба даст овардани маводи мухаддир ва силоҳ аз Афғонистон. Акнун худ қазоват кунед, ки чи гуна расид ба рутбаи генералӣ; он тарафаш ду карат ду, ба ҳама рӯшан. Нуфузаш дар байни ҷавонони рӯшонӣ, нафароне, ки бекор буданду даромади бедардимиён меҷустанд, торафт боло мегирифт ва дақиқ, ки теъдоди сарбозони Холбаш аз тоифаи ноогаҳу якгӯш меафзуд. Тавре гуфтем, гӯши рости онҳо қуфл зада буд, танҳо гӯши чапашон мешуниду халос. Ҳатто Мусаввареро, ки нолаи ғижжак ва самоъи малакутиаш дар саҳнаҳои ҷаҳон дилҳои ҳазоронро обу тасхир мекард, ба ёд ҳам наоварданд, Ҳунарманди мумтози тоҷик Гурминҷ Завқибековро чун афсонаи буду набуд батамом фаромӯш карданд. Зеро Холбаш Холбашов чун коргардони асри наву замони нав миёни ҷавонони мағзбемор оҳанги дигар, рақси дигар ва суруди дигарро дар саҳна ба гунае пиёда сохт, ки аксари ҷавонон таассубгаро шуданд. Акнун сози ин ҷавонон на ғижжаку таблак, балки автомату дигар силоҳи хунрез буд ва зебоиву рӯшании Рӯшонро умуман намедиданд. 
 Воқеан, Рӯшон аз ҳад зиёд диёри зебо, нурзо ва нурполост, фақат ин ки онро бояд дид, садояшро бояд шунид, гулҳояшро бояд бӯйид, ҳавояшро бояд шамид. Ҳеҷ бовар наояд, ки рӯзе мерасад аз ин дунёи нуру рӯшан марди номард ва оварандаи дард чун мори заҳрогин нохост сар бикашад. Чаро ки мардуми Рӯшон бо муоширати волову ҳунар ва санъати нотакрори худ пеши тамоми кишвар ном баровардаанд. Дар асл ҳунар ин ҷо дарёро мемонад, дарёеро, ки асло хушк шудан надорад ва чандин номҳои баландро дар канори худ парвардаву шуҳраташонро ба саҳнаҳои ҷаҳон бурдааст. Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Гурминҷ Завқибеков, Меҳрубон Назаров, Нуқра Раҳматова, Устову Масто, Далер Назар, Ширинмоҳ Ниҳолова, Муборакшоҳ, Оистамо Соқиева - муаллимаи номвари рақси кӯдак, ки дарозои солҳо роҳбарии ансанбли ҷумҳуриявии «Лаъл»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ба уҳда дошт, ситорагони имрӯзи ҳунари миллӣ Нобовар Чаноров, Шуҳрат Сайнаков, Фотима Машрабова ва албатта, пири кору ҳунарманди нотакрор Мусаввар дар радифи номварони мумтози ин диёранд. Албатта, Мусавварро ёд доред. Ҳо, ҳамон Мусавваре, ки бо нолаи ғижжак ва самоъи малакутии худ авҷи ҳунари мардумӣ ва сатҳи мусиқии ирфонии моро то саҳнаҳои ҷаҳон расонду бо пироҳану шерозу камзули бадахшӣ ба рамзе аз асолати ҳунари миллии тоҷикӣ табдил шуд. Оре, ҳамон Мусаввар низ рӯшонист, ки тамоми умр дилу рӯйи Рӯшонро мунаввар дид, аммо ин рӯшноиро Холбаш Холбашову пайравонаш надиданд, балки тира кардан хостанд. 
18 май, ки нақшаи амалиёт ҳанӯз 26 марти соли равон бо маблағгузории хадамоти махсуси хориҷӣ ва ташкилоти террористии ба ном «Паймони миллӣ» маблағгузорӣ шуда буд, ҷавонони бемағзи мусаллаҳи рӯшонӣ бо даъвати Холбаш Холбашов роҳи байналмилалиро бастанд ва ба корвони мошинҳои хизматчиёни ҳарбӣ ҳамла оварда, як нафарро ба ҳалокат расонда, ҳамзамон 13 нафари дигарро захмӣ карданд. Дар ҳамин рӯз, дар шаҳри Хоруғ бо сарварии Мамадбоқир Мамадбоқиров ҳам тазоҳуроти мусаллаҳона пиёда гардид. Ду тазоҳуроти мусаллаҳона дар як вақту соат, ки хун дар ин чолишҳои бемаънӣ рехта шуд. Хуни одамӣ!... Албатта, аз Худо рӯ гардондани саркардагони тазоҳуротгар кори сахт маҳсуб нахоҳад шуд, кори сахт он аст, ки Худо ҳамон соат аз ин тоифаи хуношом рӯ гардонд. Чаро ки посухи хун ва хиёнат ба Ватан дар ду дунё басо мушкил аст!
 Чашм набояд пӯшид, ки дар замони имрӯз шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳое ҳастанд, ки саъй менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои нопоки худро бо ҳар роҳу васила ва, ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ин тӯда ҳеҷ гоҳ андеша надорад, ки «Худоё, хонаи душман масӯзон, ки дар паҳлуи ӯ ман хона дорам!» Баръакс, аз бемағзӣ ва иродаи сусти иддае аз одамон истифода намуда, бахусус ҷавононро гумроҳ менамоянд, то ба ҳадафҳои разилонаи худ бирасанд. Чунки оромию суботи Тоҷикистони азиз, ки ин ҳам ба ивази ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии халқ ба даст омадааст, хорест ба чашми ин тоифаи торикбин. Пайваста мафкураашон меҷӯшад, ба сад фитна сар мекӯбанд ва дар ҷадали иғвоандозию дасисаанд, то суботу оромиву саодати мардумро халалдор намоянд. Бешак, нооромиҳои моҳи майи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлаи амалҳои дасти бадхоҳону душманони миллат аст, ки зуд ошкор шудаву алъон дастдоштагон изҳори пушаймонӣ доранд ва дар назди қонун барои ин амалҳои нопоки худ ҷавоб хоҳанд гуфт. 
Аслан, тоҷикони ҳушманд миллати қонунпеша маҳсуб мешаванд. Зеро медонанд, ки агар кас мартабаи худ, асли ҷавҳари худро нашиносад, ҳеҷ гоҳ ба моҳияти олами ҳастӣ ва воқеоти он сарфаҳм нахоҳад рафт. Пас, шарт ва зарур аст, ки ҳамагон - чи мансабдор, чи камбизоат, чи зиёӣ, ба қонунҳои миллии кишвар эҳтиром гузоранд, чунки ин рисолат эҳтироми давлат, миллат ва эҳтироми Ваҳдату Истиқлоли миллии давлати мост. 
Афзун, ба ҳамагон рӯшан аст, ки солҳои охир тамоми тадбирҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла, иқдомҳое, ки дар бахши қонунгузории миллӣ роҳандозӣ мегарданд, қабл аз ҳама, барои беҳтар кардани сифати зиндагии миллатамон ва дар радифи он, барои тақвияти худшиносии миллӣ ва ҳушёрии сиёсии хурду бузурги кишвар равона шудааст. Аз ин нигоҳ, тарбия ва ба камол расонидани фарзандони миллат, ки ояндаи давлату Меҳан дар дасти онҳост, вазифаи ҷонии волидайн, мактаб ва ҷомеа мебошад. Ин се шохаи бузурги тарбия монанд ба пайкари комили инсон аст, ки якеро аз дигаре наметавон ҷудо кард. Дар ин ҷода асло бетарафӣ, каноргирӣ ва бемасъулиятӣ салоҳ нест. Агар нохалафе пайдо шуда, нохост шуморо ба сӯйи оташ ва хиёнат ба Ватан даъват кунад, пасу пешро нигоҳ накардаву панди пиронро ба ҳадди пушти нохун ба инобат нагирифта, худро ба оташ ва нестӣ меафканед? Магар намедонед, ки Сайидо боз ҳам таъкид доштааст:
Рӯйи худ олудаи чашми ҳаваснокон макун,
Кай бувад дар пеши кӯрон эътибор ойинаро?
Пас, ҳеҷ гоҳ бо бетарафӣ, бо гӯшҳои девор ва мағзҳои бемор муросо набояд кард; набояд худро фирефтаи фитнаангезони таассубгар сохт. Дар шароити феълӣ чун мутафаккири инсонгаро ва шоири инсонсаро, пайғамбари олами шеъру адаб ва андеша Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ инсонеро бояд ҷуст ва тарбия кард, ки худшинос бошад. Мутафаккири барҷаста дар замонаш ҳамингуна инсонро меҷуст:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Пас, бетарафиро як сӯ ниҳода, бо инсону мактаб, бо ҷомеа будан заруртар аст. Зеро дар хонаводаҳои тоҷик бояд фарзандоне ба камол расанд, ки зиёнро аз суд ба осонӣ фарқ намоянд, мушаххас созанд, ки «манфиати шахсӣ аз чӣ иборат аст, манфиати давлат ва миллат кадом аст?» Онҳо бояд дар хештан андеша, нангу ор, қудрату ғайрат ва ҳиммат пайдо намоянд, то ин ки дар ҳама ҳолат манфиатҳои миллию давлатиро пуштибонӣ карда тавонанд ва баробари Ватан гуфтан тамоми вуҷудашон саршори ифтихороти ватандорӣ гардад. Чунки шинохту пуштибонӣ, ҳимоят аз манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ истеҳкоми бузургу безавол ва ношикасти ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли сиёсии Ватани азизамон – Тоҷикистон аст.
 
Зардони БОХТАРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17-20.06.2022    №: 117 - 118    Мутолиа карданд: 703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед