logo

иҷтимоиёт

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдат муқаддастарин вожа барои ҳар қавму миллат аст. Маҳз ваҳдат метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ваҳдат ин ба ҳам омаданҳо, аз қатраҳо ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, таъмини умри дарози соҳибистиқлолӣ ва пойдории ҷовидонаи давлат аст. Мехостам дар ин ҷо барои дурустии андешаҳоям аз як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам: «Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.».
Ин андарзи хирадмандонаи Пешвои миллат дар асоси таҷрибаи рӯзгор падид омадаву заминаи воқеӣ дорад. Яъне, маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Маскав тоҷикон ба ҳам омаданд ва тадриҷан корҳои созандагиву ободонӣ дар фазои орому амни мамлакат вусъати тоза гирифтанд. Ин падидаи таърихии сарнавиштсоз миллати парокандаро муттаҳид намуд, пояҳои давлатро уствор гардонд ва Тоҷикистони азизи моро аз вартаи нобудӣ берун овард. 
Душманону бадхоҳони миллати тоҷик ҳеҷ бовар надоштанд, ки халқи мо дар фурсати кӯтоҳ боз ба ҳам меояд, хатои хешро ислоҳ мебахшад ва барои ободии сарзамини аҷдодии худ камари ҳиммат мебандад. Ҳатто, бархе даъво доштанд, ки умри ин давлат беш аз як ҳафта нест, вале шукрона, ки барқасди душманони худ мардуми Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷаҳониён исбот карданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ буда, бо дасти  бадхоҳони мо роҳандозӣ гардидааст, дар асл тоҷик миллати тамаддунофар, ободкор ва созанда аст. 
Барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби давлатдорӣ Сарвари давлат тавонист дар мулоқотҳои худ дар ҳама гӯшаю канори кишвар зимни суханрониҳои хеш бо овардани далелу мисолҳои таърихӣ мардумро мутмаин созад, ки Ватани азизи мо дар вартаи нобудӣ қарор дорад, агар сарҷамъ нашавем, дар атрофи Ҳукумати тозаинтихоб муттаҳид нагардем, давлати тозабунёди мо аз байн меравад. Ба ҳамин васила, ба Пешвои маҳбубамон муяссар шуд, ки мардумро аз нав сарҷамъ намояд, ваҳдати миллӣ биофарад ва ба анҷоми корҳои ободкорию созандагӣ ҳидоят намояд. Мардум дарк карданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ метавонад пояҳои давлати навини моро пойдору устувор бигардонад. Гуфтан ба маврид аст, ки саодату хушбахтии тамоми сокинони имрӯзу фардои ин сарзамин маҳз ба пойдории ҳамин ваҳдати комили миллӣ рабт дорад. Набояд ибораи «Ваҳдати миллӣ»-ро ҳамчун шиор пазируфт, балки мебояд маъвои онро дар қалби хеш қарор диҳем ва барои пойдории он бо корбурд аз мақоми хеш дар ҷомеа ҳамеша дар саъю талош бошем. Ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки ба маънӣ ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти миллат дуруст сарфаҳм биравад ва дар роҳи пойдории он ҳар садде ба чашм мехӯрад, барои аз байн бурдани он саҳми хешро гузорад. 
Тоҷикон ҳамчун як миллати соҳибтамаддун бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ба ҷаҳониён исбот карданд, ки барои  давлатдорӣ қодиранд, аз неруи созанда бархӯрдоранд ва чун гузаштагони шарафманди хеш метавонанд дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назарраси хешро гузоранд. 
Дар муддати кӯтоҳ хотима бахшидан ба даргириҳо, тарафҳоро ба ифоқа овардан  ва эҷод намудани ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи басо камназир аст. Ба ҳеҷ васила набояд аз ёд баровард, ки он саҳлу осон ба даст наомадааст, балки маҳз бо талошҳову андешидани тадбирҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мо ба ин комёбии бузург ноил гардидем. Хидмати Роҳбари давлат дар ин самт бисёр бузург аст. Ин танҳо хулосаи мо нест, балки  нақши боризи Сарвари давлати моро дар хотима бахшидани даргириҳо, таҳкими сулҳу субот ва дубора барқарор кардани ҳаёти осоишта  шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф намудаанд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Тоҷикон собит намуданд, ки ҳар қавму миллате, ки орзуи ободии Ватан ва пойдории давлати худро дорад, танҳо дар сурате муваффақ мешавад, ки мисли Роҳбари давлати мо шахсияти хирадманду ҷоннисори марзу буми аҷдодӣ дораду дар атрофи ӯ муттаҳид мегардаду барои ободии сарзамини худ пайваста талош меварзад. Танҳо аз ин роҳ метавон сарбаландона дар шоҳроҳи ваҳдат қадами устувор гузошт ва ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Давроне, ки тоҷикон дар ду тараф сангар гирифта, ба муқобили якдигар меҷангиданд, аз ҳар тараф садоҳо ба гӯш мерасиданд, ки ин низоъ солҳои тулонӣ идома хоҳад ёфту ба ҳеҷ ваҷҳ миёни тарафҳо ҳамдигарбахшӣ муяссар нахоҳад шуд ва бадхоҳони миллати мо саъй мекарданд, ки бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф оташи ҷангро баландтар созанд, аммо Сарвари давлати тоҷикон бо хиради азалии  хеш тарафҳоро на танҳо ба ифоқа оварду силоҳ ба замин гузоштанд, балки онҳоро талқин намуд, ки якдигарро бародарвор ба оғӯш бигиранд. На ҳар сарвару на ҳар миллат метавонад чунин кори бузургро ба анҷом расонад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид низ таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
Бинобар ин, барои мо лозим аст, ки ба хотири ояндаи миллату давлат ҳамеша ҷонибдор ва муҳофизи пойдории ваҳдати миллии хеш бошем. Нагузорем, ки душманони миллат бо иғвоҳои пардапӯшона миёни мардуми кишвари азизамон ҷудоӣ андозанд. Зеро ҳанӯз душманони миллати мо ором нагирифтаанд. Онҳо лаҳзаи мувофиқ меҷӯянд, то оромии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Барои дурустии андешаҳоям воқеаҳои чанде пештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдодаро ба ёд овардан кофист. Насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллат ва кишвар ба онҳо вобаста аст, пеш аз ҳама, бояд ба мафҳуми «худшиносӣ», «ҳувияти миллӣ», «Ватан», «Истиқлол» ва дигар арзишҳои миллӣ хуб сарфаҳм бираванд. Онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки «дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст». Дар баробари ин, тамоми сокинони Тоҷикистон эҳсос кунанд, ки ин кишвар барои ҳамаи мо Ватан аст ва онро дӯст доштану ҳифз намудан вазифаи ҷонии мост. 
Саъю талош дар роҳи камоли маънавӣ, даст ёфтан ба зиндагии шоистаи инсонӣ, муаррифии симои нуронии халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ, истодагарию устуворӣ дар баробари буҳронҳою чолишҳои муосир, пешгирии ҳар гуна рафтору кирдори номатлуб ва муяссар шудани дастовардҳо маҳз дар заминаи мавҷуд будани  ваҳдати воқеӣ  ва ҳамешагӣ ба даст меояд ва шукри беҳисоб, ки мо ваҳдат дорему насли имрӯзу оянда талош хоҳанд кард, ки он бақои абад ёбад.
 
Барно  САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори милитсия
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2022    №: 117    Мутолиа карданд: 596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед