logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 7-10, мод. 534) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни моддаи 3 калимаи «дувоздаҳ ба калимаҳои «бисту чор» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- аз қисми 1 калимаҳои «бо нишон додани таъиноти қонунигардонӣ» ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «, инчунин ҳама гуна» ба калимаҳои «ва ҳама гуна дигар» иваз карда шуда, калимаҳои «бо нишон додани таъиноти қонунигардонӣ» ва «, инчунин ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ» хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда, инчунин молу мулки ғайриманқули меросиро, ки нисбат ба он  баҳс вуҷуд надорад, бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд, агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо ё қаблан бо санадҳои дахлдор вобаста ё дода шуда бошад, молу мулки ғайриманқули мазкур мутобиқи таъиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад.
4. Эъломия оид ба молу мулк, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва ариза, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бо замима намудани ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонии дороиҳо ба комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, пешниҳод карда мешаванд.».
3. Дар моддаи 6:
- дар матни модда калимаҳои «бонкҳои», «бонк» ва «бонкҳо» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилотҳои қарзии молиявии», «ташкилоти қарзии молиявӣ» ва «ташкилотҳои қарзии молиявӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1:
- ба банди 6) пас аз калимаи «манзил» калимаҳои «ё сохтмони манзили инфиродӣ бо мақсада шахсӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 9) аломати вергул ба калимаи «ва» иваз карда шуда, пас аз калимаи «соҳибкорӣ» калимаҳои «ё шахсӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 14) калимаи «пахтакорӣ» ба калимаи «кишоварзӣ» иваз карда шавад;
- дар банди 18) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 19), 20), 21) ва 22) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«19) пардохти арзиши молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи шахсӣ ё содирот;
20) пешниҳоди қарзи субординарӣ;
21) дигар намудҳои маблағгузорӣ, сармоягузорӣ ва ё харидорӣ намудани дигар молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22) дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад.»;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Дар сурати тавассути амалӣ намудани банди 22) қисми 1 моддаи мазкур анҷом додани қонунигардонии маблағҳо, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ то ба расмият даровардани шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.»;
- дар қисми 3 рақамҳои «2)-18)» ба рақамҳои 22)-21)» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Инчунин ҳангоми дар шакли ғайринақдӣ тибқи бандҳои 2)-21) қисми 1 моддаи мазкур истифода намудани маблағҳои мутобиқи банди 22) қисми 1 моддаи мазкур ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда воридшуда, муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур татбиқ намегардад.»;
- дар қисми 4 рақамҳои «2)-18)» ба рақамҳои «2)-21)» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 рақамҳо ва калимаҳои «2)-18)» ва «бандҳои дар» мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои «2)-21)» ва «дар бандҳои 2)-21)» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
4. Ба моддаи 10 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Фаъолияти соҳибкории соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки аз ҳисоби дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда таъсис ёфтаанд, дар давоми ду сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ мавриди санҷиш қарор дода намешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН  
ш. Душанбе, 20 июни соли 2022, № 1888
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 750
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2022    №: 119    Мутолиа карданд: 3146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед