logo

иҷтимоиёт

ОЯНДАИ МО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ!

Бардошт аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, аз 18 июни соли 2022
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, муваффақияти кори роҳбарӣ аз наздикӣ бо мардум вобаста аст. Яъне, натиҷаҳои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз корҳои идеологӣ вобастагӣ доранд. Дар ин росто, таъмини амнияти озуқаворӣ аз роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ низ истисно нест, зеро, маҳз бо роҳи огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои муосири геополитикӣ ва раҳнамоии мардум барои осеб надидан аз оқибатҳои шадиди чунин буҳронҳо мо метавонем мувозинати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро таъмин намоем. Барои даст ёфтан ба ин ҳадафҳо, моро зарур аст, то сабақҳои мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллатро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ амиқтар омӯзем. 
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар назди роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, 18 июни соли 2022, таъкид намуданд: “Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2018 – 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 88 фоиз зиёд гардида, 193 миллион нафарро ташкил додааст. Мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин Созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад. Ҳамзамон бо ин, тибқи пешгӯии ҳамин Созмон дар мавсими солҳои 2022 – 2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам мешавад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна коҳиш меёбад”.
Вобаста ба пешгирӣ аз таъсири чунин буҳронҳои глобалӣ ба хоҷагии халқ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳҳои корӣ дар деҳаҳои чор ҷамоати  деҳот  ва  маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ташкил ёфта, фаъолияташон дар доираи нақшаи тасдиқгардида таҳти назорати раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Худоёр Назарзода қарор дорад. Гурӯҳҳои корӣ барои фаҳмондани моҳияти масъала ба сокинон ва водор намудан ба корҳои амалӣ ба деҳаву маҳаллаҳо сафарбар гардидаанд.
Воқеан ҳам, агар ба гузаштаи на чандон дури таърихи соҳибистиқлолии кишварамон назар андозем, солҳои навадум маҳз фарҳанги истифодаи самараноки замин моро аз буҳрони ғизоӣ раҳонда буд. Пешвои муаззами миллат барои баровардани мардум аз фақру камбизоатӣ ба ҳар хонаводаи кишоварзон замин бахшида буд, ки имрӯз ба унвони «Заминҳои президентӣ» шинохта мешаванд. Маҳз ҳамин тадбири саривақтӣ роҳи халқро ба ояндаи пурбаракат ҳамвор кард.
Ҳоло мардум аз ин заминҳои кишт чӣ мегиранд? Ин ва дигар заминҳои корам бояд чӣ тавр самаранок истифода шаванд? Кишти такрорӣ ва барвақтии тирамоҳӣ чӣ гуна кишт аст ва то кадом андоза онҳо дуруст гузаронда мешаванд? Заминҳои наздиҳавлигиро то кадом андоза босамар истифода мебарем? Қитъаҳои замини корамбобе, ки дар назди ташкилоту муассисаҳо мавҷуданд, оё самаранок истифода мегарданд? Захираи дусолаи маводи ғизоиро ҳар як оила ба чӣ тартиб амалӣ кунад?  Ин ва ба ҳамин монанд масъалаҳое ҳастанд, ки гурӯҳҳои тарғиботӣ дар миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Ба умқи масъала назар андозем, аксариятамон дар деҳот ва ҳавлиҳои шаҳрӣ 8 - 10-садякӣ замини наздиҳавлигӣ дорем ва набояд онҳоро беистифода гузорем. Агар ба дарахтҳои ҳавлӣ нигоҳубини дурустро ба роҳ монем, аз меваи он на танҳо худ мехӯрем, балки ба фурӯш бароварда даромади муайян ба даст меорем. Хушкмеваро низ барои 1-2 сол захира кардан мумкин аст. Обмеваҳоро низ. Бояд ба дарки ҷомеа расонем, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некуаҳволиамон мегардад. 
Чуноне Пешвои муаззами миллат дар ин нишаст таъкид намуданд: “Дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ намуда, кишти такрориро бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монанд... Бори дигар таъкид менамоям: ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои  заруриро  андешанд,  то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд”.
Ҳамаи ин тадбирҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд ва барои даст ёфтан ба ин ниятҳои нек бояд аҳлона ва содиқона заҳмат кашем.
 
 
Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2022    №: 119    Мутолиа карданд: 572
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед