logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. АНДЕШАҲОИ АШУРБОЙ СОЛЕҲЗОДА ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ ТАЪСИРИ ХАВФҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

 
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ, ҳамзамон, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати  макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шудааст. То ин давра якчанд ҷаласаҳои ситод бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, истеҳсолкунандагони ватанӣ, ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони ғалла ва маҳсулоти нафтӣ, воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввал ва бахши хусусӣ гузаронда шуд.
Чунонки А. Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, аз ҷониби вазорат дар доираи фаъолияти Ситоди байниидоравӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои кишвар, намояндаҳои бахши хусусӣ, инчунин, шарикони рушд лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» бо пешбинӣ намудани як қатор тадбирҳои зарурӣ таҳия ва қабул гардид. Дар 50 банди ин нақшаи чорабиниҳо масъалаҳои таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пешбинӣ намудани қарзҳо бо фоизи паст ба соҳибкорони истеҳсолӣ, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ, ҷалби кумакҳои молиявии иловагӣ ва дигар тадбирҳо, пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 18 майи соли ҷорӣ бо мақсади баррасии раванди иҷрои ин нақшаи чорабиниҳо ҷаласаи навбатии Ситоди мазкур баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа корҳои анҷомдодашуда дар самти дарёфти роҳу усулҳои алтернативии пардохтҳои байнибонкӣ ва кушодани суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, таъминоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо асъор, ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҷдиди назар намудани қарордодҳои корхонаву муассисаҳо ва воридкунандагони молу маҳсулот вобаста ба иваз кардани асъори пардохти онҳо, дарёфти хатсайрҳои боркашонии алтернативӣ барои воридоти ашёи хом ва таҷҳизот аз дигар кишварҳо ва  ғайраҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи ҳадафу афзалиятҳо ва супоришҳои Ҳукумати кишвар, дар маҷмуъ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20290 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 дарсадро ташкил дод. Афзоиши он, асосан, аз ҳисоби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ таъмин гардид. 
Бо мақсади ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар аз ҷониби мақомоти дахлдор бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар ҳаҷми умумии қариб 340 миллион доллар созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расонда шуданд ва гуфтушунидҳо идома доранд.  
Дар самти ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор ва паст кардани фишор ба қурби пули миллӣ дар моҳҳои январ - марти соли ҷорӣ низоми бонкии кишвар зиёда аз 856,1 миллион долларро ба фурӯш бароварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад зиёд мебошад. Ҳамзамон, вазорат дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҷиҳати ҷалби маблағҳои зарурӣ барои коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ бо шарикони рушд вохӯриҳо анҷом дод ва корҳо дар ин самт идома доранд. 
- Бо  мақсади таъмини диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ тибқи шартнома байни Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва ширкати «Про Форс»-и Британияи Кабир ба ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ 57 нафар шаҳрванд барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Британияи Кабир сафарбар гардид. Илова бар ин, ёддоштҳои тафоҳум байни Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони  меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва шаҳри Сангҷу ва музофоти Чола-Пуктои Ҷумҳурии Корея  оид   ба  ҷалби кормандони мавсимӣ, инчунин, корхонаи саноатии «IIyang OPO Corp» оид ба ҷалби қувваи корӣ ба имзо расонда шуданд ва баъд аз тасдиқ гардидан аз ҷониби парлумони Ҷумҳурии Корея мавриди амал қарор хоҳанд гирифт. Вазорат минбаъд низ фаъолиятро дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ идома дода, ҷиҳати таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои саривақтӣ меандешад, - гуфт А. Солеҳзода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2022    №: 119    Мутолиа карданд: 971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед