Хабарҳо
«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН
Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Society Magazine» (Австрия), ки чанд рӯз пеш интишор гардид, силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла маълумоти мухтасар оид ба таърих, фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ бо намоиши аксҳои табиати ғании кишвар, нашр шуданд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар шумора мусоҳибаи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии кишвар, нақши кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин, ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.
Илова ба ин, мусоҳибаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар оид ба робитаҳои дуҷониба, инчунин, мақолаҳо дар бораи бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон нашр шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Австрия имсол 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Ширкатҳои хусусии австриягӣ дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳои азими энергетикӣ ва коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, хусусан дар шаҳри Душанбе, фаъолона иштирок менамоянд. Дар рушду таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт, ки шуруъ аз соли 1972 робитаҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондаанд ва имсол ба ин рӯйдоди таърихӣ 50 сол пур мешавад, басо назаррас ва арзанда маънидод мегардад.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3454