logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ИФРОТГАРОӢ
Мубаллиғи “Салафия” 6 сол паси панҷара рафт
Суди шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Муҳаммад Санговро дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, М. Сангов, сокини шаҳри Ваҳдат, баъд аз гирифтани таълимоти динӣ дар Донишгоҳи “Азҳар Шариф”-и Ҷумҳурии Арабии Миср ба Тоҷикистон баргашта, аз моҳи сентябри соли 2019 ба тарғиби равияи “Салафия”, машғул гардидааст. Ин дар ҳолест, ки ин равия бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ шудааст. 
Дар робита ба ин амали ҷинояткорона прокуратураи шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳаммад Сангов бо моддаи 3073 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст, ки бар пояи ҳукми суд муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳи низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
 
 
ТАМАЪҶӮӢ
Ҳамза барои 7 ҳазор сомонӣ ба курсии айбдорӣ нишаст
Сардори шуъбаи барӯйихатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Конибодом Ҳамза Ҷумазода, ки қаблан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ҳамин вазифа кор кардааст, ба тамаъҷӯйӣ айбдор мешавад. 
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ҳамчун хизматчии корхона аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан дар ҳуҷҷатгузории шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва гирифтани қарори эътироф намудани соҳибмулкии манзили истиқоматиаш 7 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Ҳамза Ҷумазода бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “в,г” (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) ва 324 қисми 1 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
 
 
 
МАРДУМФИРЕБӢ
Тафтишоти амалкарди зане, ки ба қаллобӣ гумонбар мешавад
Кормандони мақомоти милитсия алайҳи хонуме, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ зани 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ном мебарад, тафтишот оғоз намудаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, ин зан соли 2008 бо роҳи фиреб ба бовари марди 51-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст. Ин ҳолат баъд аз муроҷиати марди 51-сола ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор шуда, феълан тафтишот идома дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2022    №: 120    Мутолиа карданд: 2681
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед