Хабарҳо
ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"
Бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаи соҳоти хоҷагии халқи мамлакат, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ аз худ иқдоми наве зоҳир кард. Дар ин ҳамоиш мавсуф ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳод намуд, ки дар таъмири ҷории роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ашт саҳми худро гузоранд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки навсозии роҳи Хуҷанд - Ашт таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад ва тибқи муҳлати муқарраргардида сохта хоҳад шуд. Мардуми шарифи ноҳия ба ин ғамхории Пешвои миллат, ҳамзамон, ҳамовозӣ зоҳир карда, барои ободии диёр бо амри виҷдон саҳм мегузоранд.
Роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ин ҳамоиш ба соҳибкорон иброз дошт, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ шумораи соҳибкорони муваффақ меафзояд. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат саҳми соҳибкорони ноҳия дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр назаррас мебошад. Инчунин, соҳибкорону саховатмандони бонангу номуси ноҳия барои таъмири роҳи Хуҷанд - Ашт, ки яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии ноҳия маҳсуб меёбад, ҳиссаи муассири худро мегузоранд. Соҳибкорон бо иштироки 72 нафар иқдоми раиси ноҳияро хуб пазируфта бо ҳимматбаландии худ 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ намуданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5271