logo

иҷтимоиёт

СУЛҲУ СУБОТ. ОМИЛҲОЕ, КИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНРО АСОС ГУЗОШТААНД

Аввали солҳои 90-уми асри ХХ бо ҷурми  худхоҳону мансабталошон, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ ҳамаҷиҳата дастгирӣ меёфтанд,  дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон алангаи ҷанги шаҳрвандӣ барафрӯхт ва домони он рӯз ба рӯз густурда мегашт. Касе инро аз тоҷики соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг, сулҳҷӯю башардӯст интизор набуд. Ҳанӯз дирӯз дар лабони пиру барно ханда мешукуфт ва онҳо ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбуби хеш бовар доштанд. Зеро тибқи пешгӯиҳои созмонҳои бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон баъди пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ дар радифи як қатор кишварҳои он метавонист дар муддати на чандон тулонӣ бо амалисозии тадбирҳои муассир ба мамлакати пешрафта табдил ёбад. Ва Ҳукумати давлати тозаистиқлол низ дар амри татбиқи ин ҳадаф камари ҳиммат баста буд. Вале душманони миллати тоҷик ин ҳамаро барбод доданд. Давлатро барҳамхӯрӣ, миллатро парокандагӣ ва мардумро парешониву саргардонӣ таҳдид мекард. Акнун, тоҷиконро яъсу ноумедӣ фаро гирифт ва онҳо ба ояндаи хеш бо тарсу ҳарос менигаристанд. Кор то ҷое расид, ки шоири зиндаёд Ашӯр Сафар бо дили пур аз сӯзу гудоз нидо карда буд: 
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Бале, чунин буд руҳияи мардум дар он замон – замони ноором ва бесуботиву беназмӣ. Дили ҳама аз хомӯшгардии ҷанг шубҳа дошт ва онҳое, ки умедро батамом аз даст дода буданд, Меҳани азизашонро тарк менамуданд. Ҳазорҳо нафар, ки дар кишвар ҳамчун захираи тиллоии неруи зеҳнӣ шинохта мешуданд, ба мамолики бегона кӯч бастанд. Агар хисороти молиявии ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби иқтисоддонон беш аз 10 миллиард доллари ИМА арзёбӣ гардад, зарари маънавии он тасаввурнопазир аст. Дар ҳоле ки мардумони дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар пайи ободии Ватани худ мекӯшиданд, як зумра мансабталошони тоҷик бо ҳидояти хоҷагони хориҷии худ бо тезутунд кардани муборизаҳои мусаллаҳона Тоҷикистонро ба вартаи нобудӣ мекашиданд. 
Табиист, ки чунин ҳол набояд дер давом мекард, вагарна тоҷикон аз соҳибистиқлолии худ маҳрум мешуданд. Ва дар чунин вазъи душвору сангин офтоби бахт бори дигар ба рӯи миллати азиятдидаи тоҷик хандид: Худованд барояш Сарвари ғамхор, додгустар ва оқилу фарзона – Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд. Бо қудуми муборак ва  пурфайзу баракати Пешвои муаззам кинаву адоват аз дилҳо зудуда гаштанд,  кудуратҳо аз  байн рафтанд,  мардум ба ҳам омад ва оқибатуламр 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Баимзорасии чунин ҳуҷҷати тақдирсоз – ин пирӯзии рӯшанӣ бар  торикӣ  ва хирад бар ҷаҳолат буд. Тоҷикон обрӯи худро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибфарҳангу илмдӯст, таҳаммулгарову сулҳҷӯ  боз барқарор сохтанд, ки ин ҳама танҳо ва танҳо самараи хидматҳои софдилона, башардӯстона ва ватанпарваронаи Сарвари давлат мебошанд.
Пайдост, ки сулҳу субот асоси фараҳу шодмонӣ, ривоҷу равнақ ва пешравиву комёбиҳоянд ва фақат шахси хирадпеша инро дарк месозад ва дар роҳи пойдории онҳо ҷони худро дареғ нахоҳад дошт. Маҳз хиради азалии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини тоҷикон сулҳи ҳамешабаҳор овард ва барои пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳо роҳ кушод. 
Инак, 25 сол боз мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари фарзонаи худ дар фазои сулҳу амонӣ ба сар мебарад ва тамоми ҷидду ҷаҳди хешро ба он равона сохтааст, ки дар оянда Ватани маҳбубаш дар радифи мамолики пешрафтаву мутараққӣ қарор гирад. Ва дар ин ҷода дастоварду комёбиҳо кам нестанд. Албатта, ин ҳанӯз оғози роҳ аст ва мебояд заҳмату кӯшишҳои зиёд кашид, то гавҳари мақсуд ба даст ояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат мардуми меҳнатқарини тоҷик, қатъи назар аз тамоми мушкилиҳо, бо заҳмати созандаву бунёдкорона ба ҳадафҳои наҷиби хеш хоҳад расид. Асос сулҳу амонӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ дар кишвар пойдор аст.    
 
Шафоатулло АБДУЛЛО, «Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2022    №: 121    Мутолиа карданд: 715
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед