logo

иҷтимоиёт

27 ИЮН. САҲМИ ВАҲДАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Вожаи «ваҳдат»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо калимаи одӣ набуда, балки номаи тақдири миллат, ривоҷи пешрафти ҷумҳурӣ ба сӯи фардои обод ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Ва ин сухани пурмаънӣ миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳувияти миллӣ мақоми арзандаро дорост. Зеро ваҳдат ибтидои ҳамаи дастовард, созандагиву ободкориҳо, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Аз саҳифаҳои таърих ба мо равшан аст, ки равандҳои муҳими ҳамдигарфаҳмии қавму миллатҳо дар кадом айёме набошад барои ваҳдату субот, оромӣ ва муттаҳидӣ мадад мерасонад. Ваҳдати миллии мо, ки дар асоси тафоҳуми комил ба даст омадааст, яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад. Маҳз ваҳдати миллӣ сулҳу суботро дар мамлакат таъмин бахшида, баҳри ояндаи шукуфои кишвари азизамон замина гузошт.
Кишоварзони Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдати миллӣ даст ба дасти ҳамдигар дода, барои ободии хоҷагиҳои деҳқонии кишвар, расидан ба мақсадҳои хуб садоқатмандона заҳмат мекашанд. Дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ мо бо азму талошҳои пайгирона тавонистем, роҳи беш аз нимасраи тараққиётро пушти cap гузорем. Раҳо кардани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳз аз файзу баракати ваҳдати миллиамон муйяссар гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар як суханронии худ  чунин иброз доштанд: «Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон чун самараи заҳматҳои ҳамдиёрони хурду бузурги Тоҷикистони азизамон арзёбӣ намуд ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва аз баракати ваҳдати миллӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст омад. Кормандон ва ходимони илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ уҳдадориҳои худро сарбаландона иҷро карда, дар парвариш ва пайвандсозии намудҳои нави зироати табиатан муфиди ватанӣ пайваста заҳмат мекашанд. Ҷашни ваҳдати миллӣ барои ходимони илмии пажӯҳишгоҳи мо хеле ҳам боаҳамият ва сарнавиштсоз аст, зеро он чи ки мо дар зарфи соҳибистиқлолӣ ба даст овардем, маҳз аз баракати ҳамин ваҳдати миллиамон мебошад. Дар ин муддат, дар саросари кишвар ободкориҳои зиёде анҷом ёфтанд, ки чунин нақшаҳои бунёдкориро бузургсолони мо дар айёми шуравӣ дар хотир надоранд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ неруву тавони Ҳукумати мамлакатро дар баробари бунёдкориҳои азим, инчунин, ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона сохтанд. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар васеъ гардида, зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд шуданд, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас доранд. 
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ минбаъд ҳам бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ, бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд. Дар ин замина роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварзро зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ, гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2022 ба роҳ монанд.
Бовар дорам, ки кишоварзони мамлакат минбаъд низ дар самти иҷрои вазифаҳои худ содиқона заҳмат кашида, ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷӣ кишвар ба дастовардҳои боз ҳам намоён мушарраф мешаванд.
 
Ш. ХОҶАЕВ, директори Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2022    №: 121    Мутолиа карданд: 881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед