logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
Муаммои «Исбот» 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Муродифи садо. 2. Тамғаи телефони мобилӣ. 3. Синну соли миёна. 4. «Вис ва ***», дос-тони классикӣ. 5. Пайвандаки хилофӣ. 6. Маҷмуи дониш. 8. Ибодат. 12. Занҷир, банди мустаҳкам. 13. Як навъи андози давраи амирӣ. 14. Исми маъмули занона. 15. Собитшуда. 17. *** Ҳодизода, адиб ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик. 18. Гардун, само. 22. Азиз ***, адиби турк. 24. Ҷумҳурӣ дар қитъаи Аврупо. 26. Шахси ба дил наздик. 27. Ҳаммаънои ҷон, руҳ. 28. Як қисми буридашудаи дарахт. 30. *** ибни Лайси Саффорӣ. 31. Дараҷаи баланди баҳо.
АЗ ЧАП БА РОСТ:
6. Амали харидуфурӯш. 7. Нияти иҷрона-шуданӣ. 9. *** - и Кошонӣ, шоири тоҷик. 10. Қаҳрамони эпоси «Гӯрӯғлӣ». 11. Себ бо забони ӯзбекӣ. 12. Исми маъмули занона. 14. Повести Садриддин Айнӣ. 16. Котиб, хушнавис. 19. Муҳаммад ***, шоири ҳинду Покистон. 20. Шамоли форам. 21. *** Павлович Чехов, адиби рус. 23. Ҳолати яъсу ноумедӣ. 25. Қитъаи олам. 29. Воситаи ороиши занон. 31. Нобино  бо арабӣ. 32. Кулли ашъори адиб. 33. Меъёр бо забони русӣ. 34. Як қисми манзили зист. 35. Асбоби дуредгарӣ. 
 
Мураттиб  Азизбек САИДАҲМАДОВ,сокини ноҳияи Рӯдакӣ Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ҶАВОБИ МУАММОИ «ТАМКИН»
Аз  боло  ба поён: 
1. Сиёсат. 2. Сталин. 3. Сайидо. 4. Низомӣ. 7. Зафар. 8. Аладдин. 11. Азимов. 12. Рул. 13. Тамкин. 14. Нозимӣ. 15. Раҳмон. 
Аз чап ба рост:
5. Ниҳоят. 6. Армаил. 7. Зулфира. 9. Тӯфон. 10. Оҳарӣ. 11. Аврат. 14. Нодир. 16. «Лимузин». 17. Ҳошимӣ. 18. Мардос. 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ
ШАЙТОН ВА ХАР
Харе ба дарахте баста буд. Шайтон онро раҳо кард. Хар вориди мазрааи ҳамсоя шуд ва тару хушкро бо ҳам хӯрд. Зани ҳамсоя вақте харро дар ҳоли хӯрдани сабзиҷот дид, туфангро бардошт ва як гулӯла ба  хар зад ва кушташ.
Соҳиби хар вақте ин саҳнаро дид, асабонӣ шуд ва зани соҳиби мазрааро кушт.
Соҳиби мазраа баробари ҷасади хунини ҳамсарашро дидан, соҳиби харро аз пой даровард, яъне кушт.
Ба шайтон гуфтанд: «Чӣ кор кардӣ?».
Гуфт: «Ман фақат як хари бандиро раҳо кардам».
Ҳикмат: Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки як мамлакатро хароб кунанд, «харон»-ро раҳо менамоянд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
22.  ДАНИЛ ПЛУЖНИКОВ
Вақте мехонем, ки Данил Плужников ҳамагӣ 20 сол дораду, аллакай, ҷоизадори сеюмин мавсими «Овози кӯдакон» («Голос дети») ва ғолиби даҳҳо фестивалҳои байналмилалии мусиқист, боварамон намеояд, ки ӯ аз модар маъюб ба дунё омадааст.
Волидайн баъди чанд моҳи таваллуд дарк мекунанд, ки навзод ҳеҷ инкишоф намеёбад ва барои ташхис Данилро ба беморхона мебаранд. Хулосаи духтурон ин буд, ки кӯдак бемории нодири устухон дорад ва инкишоф ёфтани ҷисми ӯ хеле ғайримуқаррарӣ хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, волидайн умедро аз даст надода, Данилро чун гавҳараки чашм нигоҳубин мекарданду азиз медоштанд. Ҳафт соли аввали умри Данил дар оғӯши модару пушти дари беморхонаҳо сипарӣ шуд. Ниҳоят соли 2009 ӯро ба Маркази табобатии Илизаров оварданд. Бо розигии падару модар табибони соҳибтаҷриба аз дастгоҳи Илизаров истифода намуда, деформатсияи дасту пойҳоро ислоҳ намуданд, ки дар натиҷа қади Данил 6 см дароз шуд.
Падару модар, ки алоқамандони санъат буданд, таскини дили худу кӯдаки ҳафтсолаи маъюбашонро дар садои руҳнавози мусиқӣ ҷӯё шуданд. Воқеан, Данил дар чорсолагӣ аз худ дарак дода буд, ки завқи сурудхонӣ дорад, аммо волидон аз пайи ҷустуҷӯи дармони фарзандашон фурсати ба маҳорати ӯ таваҷҷуҳ карданро надоштанд. Баъди соли 2009, чун тамоми кӯшишҳоро анҷомёфта ҳисобиданд ва ҳам ба тақдири худ тан доданд, дунболи тарбияи мусиқии Данил якҷоя камар бастанд. Давоми даҳ сол Данил Плужников чунон машҳур гашт, ки касе аз маъюбияш ёдовар намешуд. Миёни даҳҳо муваффақиятҳояш ҷоизаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар доираи дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод бо номи  «Филантроп» (2016) мавқеи махсус касб кард. Маҳз баъди ҳамин ҷоизаи олӣ бо тавсияи ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ба Данил унвони ифтихории “Дурдонаи фарҳанги миллӣ” («Сокровищем культуры нации») дода шуд. Танҳо солҳои 2014 - 2015 Данил 18 маротиба дар фестивалҳои мусиқӣ ҷойи аввалро касб карда, бо ин дастоварди рекордияш шомили энсиклопедияи байналмилалӣ гардидааст. Бовар нокарданист, вале факт аст, ки Данил соли 2018 мактаби мусиқиро дар Сочи бо дипломи сурх хатм мекунад. Воқеан, охири ҳамон сол Данил бо шеъри муаллифии худ дар номинатсияи «Суруди маъруф» ширкат меварзад ва ҷоизаи «Ба суди ҷаҳон»-ро ба даст оварда, шуҳрати ҷаҳониро соҳиб мешавад! 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДӢ БА СУД
МАН ТАЛАБ НАКАРДАМ, КИ МАРО ТАВАЛЛУД НАМОЕД!
Рафаэл Самуэли ҳиндӣ соли 2019 ба волидонаш таҳдид намуд, ки барои бе ризоияташ ӯро таваллуд кардан,  онҳоро ба суд медиҳад. 
- Ман талаб накардаам, ки маро таваллуд намоед. Ҳаёти олӣ дорам, аммо намефаҳмам, ки чаро умрамро ба хондани мактаб, кору вазифа сарф намоям, дар ҳоле ки мавҷудияти худро талаб накарда бошам,- гуфтааст ӯ. Дар ҷавоб ба ин ҳушдор модараш ба ин мазмун паём менависад: «Агар Рафаэл фаҳмонда тавонад, ки чӣ гуна мо метавонистем иҷозати таваллуди ӯро ба даст орем, ман гунаҳкорам». Ин ҳарфи модар Рафаэлро ба худ овард ва аз даъвояш даст кашид.
 
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
 
АМОНАТ
Унсурулмаолии Кайковус фармуда: «Эй писар, агар ба ту касе амонат бидиҳад, ба ҳеҷ ҳол мапазир ва чун пазируфтӣ, нигаҳ дор. Аз он чи амонат пазируфтан бало бувад. Тариқи ҷавонмардиву мардӣ он аст, ки амонат напазирӣ ва чун пазируфтӣ, нигоҳ дорӣ, то ба саломат ба Худованд (соҳиб)-аш бозрасонӣ.
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
 
ОРОМИШИ ВОҚЕӢ
Рӯзе ҳокиме дар байни ҳунармандон озмун эълон намуд, то дар як тоблу оромишро наққошӣ кунанд ва дар иваз ҷоизаи хубе пешниҳод намуд. Аз миёни тоблуҳои ҳунармандон ҳоким дутоашро писандид. Аввалӣ наққошии як дарёчаи ором буд. Ҳар касе ин наққоширо медид, ҳатман оромишро дар он дармеёфт. Дар тасвири дуюмӣ, кӯҳҳои ноҳамвор буд. Аз канори кӯҳҳо обшоре ба поин мерехт. Дар ин наққошӣ, аслан, оромиш дида намешуд, аммо ҳоким бодиққат нигоҳ карда, аз пушти обшори хурӯшон, лобалои буттае парандаеро дид, ки лона сохта буду бо оромиш менишаст. Ҳоким наққошии дуюмро интихоб кард ва гуфт: «Оромиш ба маънои он нест, ки мушкиле ё кори сахте пеши рӯ набошад. Оромиш, ин аст, ки дар миёни садо, мушкил ва сахтии кор, дили ороме вуҷуд дошта бошад.
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
ЗАНИ АСАБОНӢ
БА ГУФТАИ МУҲАҚҚИҚОН ГАНҶИ БЕБАҲО ВА НОДИР АСТ
1. Ӯ ростқавл аст ва дурӯғро намедонад.
2. Бе ягон тарс сухан  мегӯяд, он чи дар ҳаққи ту медонад, ӯро ба ташвиш меорад. Рашки ошкор дорад ва мунофиқ нест.
3. Ӯ як шахси софдил ва сода аст.
4. Дилаш меҳрубон, нарм, бештари хатогиҳоро нодида мегирад ва вокуниши бевосита нишон медиҳад, худбин нест.
5. Агар ба асабонияташ одат кунед, метавонед ранҷу зулм, масъулият ва сабабҳои рашки ӯро дарк намоед.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
КОЛИЗЕЙ
(РИМ, ИТАЛИЯ)
Илова ба номи ҳоло маълум, Колизей амфитеатри Флавия низ номида мешавад. Он дар маркази шаҳри Ҷовидон (Рим) ҷойгир аст ва яке аз калонтарин амфитеатрҳоест, ки аз ҷониби римиҳо бунёд ёфта буд. Ғунҷоиши он 5 080 тамошобинро ташкил медод, ки ба ин ҷо барои вақтхушиҳои гуногун: таъқиби ҳайвонот, задухӯрдҳои гладиаторҳо, қатли ҷинояткорон ва аввалин насрониҳо, тамошоҳои фароғатӣ, драмаҳо ва дигар чорабиниҳо меомаданд. Ҳоло ҳам дар  Рими муосир Колизей меҳмонони зиёдро ҷамъ меорад – дар як сол то 4 миллион нафар. 
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН  
 
 
 
ДУ ПАНД
Вақте инсонҳо аз ту бадгӯӣ мекунанд, тавре зиндагӣ кун, ки кас боварашон накунад. 
                                                    ***
Бузургтарин пирӯзӣ он аст, ки бар афкори манфии худат ғалаба кунӣ.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
УҚОБИ ТИЛЛОӢ ЧӮҶА БАРОВАРД
Дар боғи ҳайвоноти шаҳри Москва чӯҷаи уқоби тиллоӣ аз тухм баромад, ки ин рӯйдоди беназир маҳсуб меёбад. Ин паранда ба Китоби сурхи Россия ворид карда шудааст, зеро зоти уқобҳои тиллоӣ қариб ба нестӣ расидаанд. Тавре АИР “Новости” менависад, ҳоло дар сар то сари Россия ҳамагӣ 500 ҷуфт уқоби тиллоӣ дар шароити табиӣ зиндагӣ мекунад. Дар боғи ҳайвоноти Москва шаш уқоби тиллоӣ мавҷуд буда, панҷтояш парандаҳои болиғ ва яктои дигар чӯҷаи ба наздикӣ аз тухм баромада мебошад. Навзод ҳанӯз хеле хурд буда, аз лона берун намебарояд.                                                      
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
РЕКОРДИ МАЛЛОҲИ  83-СОЛАИ ҶОПОНӢ
Маллоҳи 83-солаи ҷопонӣ Кеничи Ҳорие бе он ки дар кадом як бандаре истодан гирад, зарфи 69 рӯз уқёнуси Оромро убур намуда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ марди куҳансолтарине  гардид, ки чунин амалро анҷом дод. Маллоҳ моҳи март  савори яхтаи шашметра аз Сан – Франсиско ба роҳ баромад ва 4 июн  дар канали ҷопонии Кии сафарашро ба анҷом расонд. Ҳамагӣ дар тули шино Ҳорие масофаи 8,5 ҳазор километрро тай намуд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ФУТБОЛИ ТОҶИК
ШАҲРОМ САМИЕВ  ВА ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ Ӯ ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛИ КИШВАР
Дастпарвари футболи ноҳияи Данғара, аввалин бозигари тоҷикест, ки дар чемпионати кишварҳои аврупоӣ «Хет-трик» (се гол) кардааст. Шаҳром ин нишондодро моҳи марти соли гузашта ҳангоми ҳунарнамоӣ дар ҳайати дастаи «Динамо-Авто» (Молдавия) ба номаш сабт намуд: дар бозии даври 25-уми чемпионати Молдавия ӯ ба дарвозаи тими «Зимбру» се тӯб ба самар расонда, бо ҳисоб 3:0 ғалабаи бошгоҳашро таъмин намуд. 
Ҳамлагари 21-солаи тими миллии Тоҷикистон ҳоло дар дастаи «Тарпедо-БелАЗ»-и Беларус бозӣ мекунад.
Лоиқи зикр аст, ки Шаҳром дар ҳайати тими «Истиқлол» соли 2019 чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми кишвар гардидааст.  
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
ТАВСИЯ
 
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
 
19. Бипазиред, ки зиндагӣ саҳнаи бурду бохт аст
Барои лаззат бурдан аз пирӯзӣ қатъан бояд баҳои онро бипардозед. Нагузоред тарси пешпохӯрӣ ва чолишҳои мавҷуда дар масир шуморо дилсард намояд ва ба самти танбалӣ тела диҳад. Зиндагӣ дар миёни гулистон ва бистаре пур аз накҳат танҳо замоне мумкин аст, ки баҳои он пардохта шавад. 
Аз “минтақаи амн”-и худ хориҷ бишавед ва дақиқан донед, ки дар ҳоли хуруҷ аз “минтақаи амн” ногузир бархе дардҳо ва талхиҳоро таҷриба мекунед. Чун ҳеҷ чиз бидуни талош ба даст намеояд ва ин расми рӯзгор асту онро бояд пазируфт.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
БОШАНДАГОНИ АЗ ҲАМА ХУШБАХТТАРИНИ РӮЙИ ОЛАМ
ШВЕДСИЯ
Ин кишвар дар сартосари ҷаҳон на танҳо бо қуллаҳои баланди барфпӯшаш, балки бо сокинони ба қаҳванӯшӣ мубталояш машҳур мебошад. Гап сари он аст, ки шведҳо баъди ҳар ду соати иҷрои меҳнати содиқонаашон танаффус намуда, қаҳваро бо майли том менӯшанд. Ин одаташон ба он мусоидат мекунад, ки тамоми рӯз руҳбаланд гашта, хастагиро эҳсос нанамоянд.
Роҳбарияти корхонаю идораҳои ин мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки меҳнати ҳаррӯзаи сари монитори компютер иҷромешуда ба саломатии инсон чӣ қадар зиёновар аст, аз ин рӯ, чунин реҷаи кориро ҷорӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки шведҳо яке аз серистеъмолтарин қаҳванӯшони дунёянд.
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
 
БЕЛБИНӢ
 
Дар Амударёи Тоҷикистон моҳии нодире шино мекунад, ки дар ҷаҳон хеле камназир аст. Ин моҳӣ Белбинӣ ном дошта, танҳо дар се дарёи ҷаҳон – Миссисипии Амрико, Янсузии Чин ва Амударё  вуҷуд дорад. Тибқи маълумотҳо, маҳз ҳамин намуди моҳиро барои истеъмол намудан ба  роҳбарони се давлати абарқудрат- Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА, Британияи Кабир – Сталин, Рузвелт ва Черчел ба хотири хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва баргузории Конфронси Ялта аз Тоҷикистон оварданд.
Ҳоло моҳии Белбинӣ аз рӯйи камшумор буданаш ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шуда, намунаи он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баръало инъикос ёфтааст.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ХИРС ВА СУРЪАТИ ФИЗИК
Ду физик дар ҷангал саёҳат доранд, ки ногоҳ рӯбарӯяшон хирс мебарояд. Физики якум ҷон дар каф дарав роҳи гурезро пеш мегирад, вале чун мебинад, ки рафиқаш дар ҷояш карахт монадааст, сӯяш дод мезанад:
- Гурез аблаҳ, ман ба ту мегӯям.
- Чаро гурезам, дар ҳоле нағз медонам, ки суръати хирс аз суръати ман хеле баланд аст.
- Муҳим нест, ки суръати хирс баланд аст, муҳим суръати ту аз суръати ман пасттар бошад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ДУХТАРЧАИ ПАНҶСОЛА КИТОБ НАВИШТ
Духтарчаи англис бо номи Белла Ҷей Дарк китобе навишта онро бо расмҳо оро дод ва дар дунё ҳамчун ҷавонтарин нависанда вориди Китоби рекордҳои Гиннесс гардид.
Китоб «Гурбаи гумшуда» унвон дорад ва бо теъдоди бештар аз ҳазор нусха нашр шудааст. 
Дар китоб роҷеъ ба гурбаи гумшуда сухан меравад ва гуфта мешавад, ки дар ҷойҳои ношинос бе модар сайр кардан кори хатост. «Мо бовар дорем, ки идомаи ин таърихро Белла хоҳад навишт», - иброз медорад модари духтарча.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
САРМОЯ
Сармояи асосӣ барои дар мансаб мондан ростқавливу поквиҷдонӣ ва патриотизм аст, дороиҳои дигарро ҳамчун амволи хешу табор сикка задан мумкин. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
 
ФАРЗАНД 
ШИРИНТАРИН ДУШМАН  БАРОИ МОДАР
Писаре, ки мехост аз модари пираш халос шавад, ӯро ба китфонаш бардошта, роҳи кӯҳро гирифт. Роҳе, ки ҷавон модарашро мебурд, аз анбуҳи ҷангал мегузашт. Модар болои китфони фарзанд шоху барги дарахтонеро, ки аз пешаш мебаромад, мешикаст ва дар роҳ мепартофт. Писар банди андешаи ғайриинсонии худ ба чунин як кори кампирак аҳамият ҳам намедод. Чун ба қуллаи кӯҳ расиданд, ҷавон модарашро дар сояи санге гузошту рӯ ҷониби деҳа шуд. Вале ҳамин ки вориди ҷангал гашт, роҳашро гум кард. Баъди сарсониҳои зиёд ба қафо назди модар баргашт, то аз нав ба роҳ барояд. Модар парешонхотирии писарашро дид ва ба меҳрубонӣ ба наздаш хонду гуфт: 
- Писарам, ман медонистам, ки ҳангоми бозгашт роҳгум мезанӣ, ба ин хотир, дар роҳ шоху баргҳоро шикаста партофтам. Ин бор, ки рафтӣ, шоху барги партофтаи маро меёбӣ ва солим то хона мерасӣ. Саломат баргард писарам! Аз меҳрубонии модар чашмони писар ашк гирифт, лаҳзае ба андеша рафту ба худ омад ва модарро ба хона бурду  эҳтиромаш дошт. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2022    №: 121    Мутолиа карданд: 1832
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед