logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ». НАТИҶАГИРӢ АЗ ЯК СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо иштироки Лайлӣ Аҳмадова, сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт», ҳамзамон, намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муслим Усмонзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҷлиси ҳисоботӣ доир шуд.
 
Нахуст ҳайати котибот интихоб ва рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, вобаста ба чор масъала табодули афкор сурат гирифт. Зикр шуд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба сифати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, бозтоби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арзиши бебаҳои сулҳу ваҳдати миллиро рисолати бунёдии худ мешиносад. Аз ин рӯ, табиист, ки дар бозтоби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ низ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» амал менамояд, нақши фаъол дорад.
Дар оғоз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода дар ҳисоботи худ зикр кард, ки аз рӯзҳои нахустини таъсиси ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” аллакай зиёда аз 60 дарсади кормандони рӯзнома аъзои ҳизби мазкур гардиданд. Ташкилоти номбурда фаъолияти хешро зери роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расондааст. Танҳо як соли охир қариб 15 дарсади кормандони рӯзнома бо ҳамдилию пайравӣ аз роҳи пешгирифтаи роҳбарияти олии ҳизб иловатан ба сафи он пайвастанд. Рисолати мо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” пеш аз ҳама софдилона ва поквиҷдонона  хизмат намудан ба мардум мебошад.
Айни замон дар ташкилоти мазкур 30 аъзои ҳизб муттаҳид гардидааст, ки 14 нафари он бонувон мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ боз 7 корманди рӯзнома барои ба сафи ҳизб қабул шудан ариза пешниҳод намуданд. Ҳаққи узвият сари вақт ба суратҳисоби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ гузаронда мешавад.
Дар барномаи ташкилоти ибтидоӣ бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар руҳияи ватандориву хештаншиносӣ, тарбия намудани ҷавонон, талқини ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ва дар ин замина иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногун ҷой дода шудааст.
Ба муносибати ҷашну идҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ чорабиниҳои гуногуни дохилии рӯзнома доир шуда, бо ин роҳ аъзои ташкилот ҳиссаи арзандаи хешро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва рушду нумӯи Ватан мегузоранд. 
Давоми давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба хона-интернати рақами 2-и ноҳияи Сино, зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ва кормандони собиқадори идораи рӯзнома ёрӣ расонидааст. Инчунин, бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, рӯзҳои забони давлатӣ, Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ, Артиши миллӣ, Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии “Наврӯз” чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, тайи панҷ соли охир роҳбарияти рӯзнома иқдом пеш гирифта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва бархе шаҳру ноҳияҳо 11 озмуни эҷодии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалиро дар сатҳи баланди ташкилию тантанавӣ доир намуд.  
Бо назардошти хатарҳо ва таъсири омилҳои беруна, инчунин, таъкидҳои пайвастаи Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро дар рӯзнома пайваста матлабҳои ҷолибу хонданӣ  аз ҳисоби хабарнигорони нашрия ва ҳам муаллифони беруна ба нашр мерасанд. Аз ҷониби аъзои ҳизб ба ақидаҳои ғаразнок алайҳи давлату Ҳукумат ва ҳизб, ки аз ҷониби шахсони зархарид дар сомонаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, қариб дар нашрҳои ҳаррӯзаи рӯзнома матлабҳои ҷавобӣ бо далелҳои қавӣ интишор меёбанд. 
Дар ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим бахшида ба ҷашну идҳои миллию давлатӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили футбол, тенниси рӯи миз, шашкаю шоҳмот ва ғайра ташкил намуда, ғолибон аз ҷониби раёсат бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз шудаанд.
- Бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идораи рӯзнома нақшаи чорабиниҳои зиёди эҷодию ташкилиро тартиб дода, онҳоро мавриди амал қарор дода истодааст. Аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” пайваста дар доираи ин нақша -чорабиниҳо ба шаҳру ноҳияҳо сафарҳои корӣ анҷом медиҳанд ва матлабҳои таҳлилӣ доир ба соҳаҳои гуногун ба нашр мерасонанд. Бовар дорам, ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамояд, - таъкид кард Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Лайлӣ Аҳмадова, сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт», оид ба нақши ҲХДТ дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва зиндагии осоиштаи мардум суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.
- Вобаста ба авзои ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, беш аз пеш пешқадаму фаъол бошанд. Имрӯзҳо, ки иттилоот ба як қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем, ки фазои иттилоотии ҷумҳуриро бо маълумоти дурусту созанда пур созем. Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Дар баробари дастовардҳо аз камбудиҳои ҷомеа низ бояд гуфт, ки ҳадаф аз он ҳам ислоҳи камбудӣ ва ҷой надодан дар фазои иттилоотӣ ба маълумоти беасосу ғаразнок мебошад, - изҳор дошт Лайлӣ Аҳмадова.
Шоҳона Одиназода аз нақши фаъоли аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷумҳурият” дар муборизаҳои иттилоотӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуда, саҳми нашрияро дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва дастрас кардани ҷомеа бо маълумоти саҳеҳ хеле назаррас маънидод кард.    
Муслим Усмонзода оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
Мавсуф, аз ҷумла таъкид сохт, ки боиси таҳсин аст, ки ҳоло рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ бархӯрди муносиб ва нақши хеле фаъол дошта, ба матлабҳои ғаразноки доираҳои манифатдор вокуниши саривақтӣ нишон медиҳад ва ҷомеаро бо иттилои дурусту воқеӣ таъмин месозад.
Дар маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва вакил барои Конфронси 35-уми ҳисоботӣ интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз нав интихоб ва вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тибқи ҳамин тартиб бо ҷонибдории аксарият Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Зоиршо Шарифзода раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” интихоб шуданд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед