logo

фарҳанг

"БЕҲТАРИН". ФИЛМЕ, КИ МУҲСИН РАҲИМИРО БО МАН ОШНО КАРД

 
Шаҳри Душанбе, кинотеатри бошукӯҳи "Кохи Наврӯз". Толори пуродамро торикӣ фаро мегирад, дар экран филми ҳуҷҷатӣ-бадеии «Беҳтарин» оғоз мешавад. Ҳама ҷо оромист ва филм қариб 50 дақиқа идома меёбад. Толор аз нав равшан мешавад ва мухлисони  тоҷик  ба сӯйи коргардони филм – сокини форситабори Кувайт Муҳсин Раҳимӣ мешитобанд. Гулдастаҳо ду дасти меҳмонро пур мекунанд. Ба танаш ҷома, ба сараш тоқӣ ва ба миёнаш камарбандӣ тоҷикӣ мебанданд. Муҳсин мегиряд, ашк дар чашмонаш ҳалқа  мезанад.
«Беҳтарин» дар баробари равшан кардани сарнавишти Беҳтарин ном бонуи аз рӯзгорон ҷабрдида, ҳамчунин, ба муаррифии табиати зебои шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ва ноҳияҳои Варзобу Айнӣ, расму оин, гулдӯзӣ ва санъати тоҷик мепардозад.
Пештар аз ин Муҳсин Раҳимӣ кишвари моро бо филми ҳуҷҷатии «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон» ба ҷаҳони араб ошно карда буд.
Пас аз муаррифии филми наваш ӯро ба студияи рӯзномаи «Ҷумҳурият» «Фонус – минбари андеша» даъват кардем. Ӯ аз соли 2001 дар телевизиони Кувайт ба ҳайси мухбир шомил шуда, аз ҳамон сол бо сафоратҳои кишварҳои хориҷ дар Кувайт дар иртибот аст. Соли 2014 дар бахши форсии радиои Кувайт фаъолиятро идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, радиои мазкур фарҳангӣ ва саргармкунандаи қишри мутавассити ҷомеа аст. Дар мавриди ошноӣ бо Тоҷикистон чунин гуфт:
- Соли 2014 хоҳарам аз Эрон ба ман дар бораи Тоҷикистон маълумот дод ва назари маро дар бораи сафар ба Тоҷикистон пурсид. Ман то ин вақт дар бораи Тоҷикистон чизе намедонистам. Аз интернет оид ба Сафорати Тоҷикистон маълумот пайдо карда, ба он ҷо рафтам. Моро Низомҷон ном консул хуш истиқбол гирифт. Баъдтар бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов шинос шудам. Номбурда маро аз лаҳзаҳои аввали мулоқот бо самимияташ тасхир кард ва маслиҳат дод, ки дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Тоҷикистон оям ва ин кишвари афсонавиро бо табиати зебояш дар хориҷи кишвар  муаррифӣ ва тарғиб намоям. Сипас, тавассути радио таронаҳои тоҷикиро мешунавондем.
Сафари аввалини Муҳсин ба Тоҷикистон дар Наврӯзи соли 2015 иттифоқ афтод, ки бо ҳунармандони  гурӯҳи  «Падида» ва «Базморо» суҳбат дошт. Аз ҳама муҳим, тантанаҳои наврӯзиро дар «Наврӯзгоҳ», бузкаширо дар Қаратоғ ва манозири зебои боғҳои пойтахтро ба навор гирифт. Дар маҷмуъ, як филми 46 - дақиқагӣ пайдо шуд бо номи «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон». Филм соли 2016 омода шуд ва онро дар Финляндия дар фестивал - озмун ба намоиш гузошт, ки мақбули ҳамагон гардид ва яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Филми мустанад ду маротиба аз телевизиони Кувайт пахш шуд, ки чунин намоиши такрорӣ кам ба иттифоқ меафтад. Филми мазкур дар қатори 20 филми мустанади беҳтарин дар фестивали Қазони Федератсияи Россия ба намоиш гузошта шуд.
«Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон» дар Ҷашни Наврӯзи соли 2019 панҷ маротиба аз шабакаи Би-Би-Си ба намоиш рафт. Ин шабака дар саросари ҷаҳон беш аз 25 миллион бинандаи форсизабон дорад. Ба гуфтаи Муҳсин Раҳимӣ дар Кувайт зиёда аз 40 ҳазор форсизабон сукунат дорад. Радиои бахши форсӣ аз соли 1974 фаъолият менамояд ва алъон ҳар рӯз ду соат пахш мегардад.
Соли 2016 филми мустанади Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар се қисмат ба навор гирифта, дар телевизиони Кувайт пахш намуд, инчунин, нусхаи онро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд.  Дар он олимони тоҷик Худоӣ Шариф, Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон аз ҳаёт ва осори устод Рӯдакӣ иттилооти комил ва ҷамил доданд. Соли 2018 барои филми мустанади Ибни Сино мусоҳибаҳо орост. Ҳамон сол зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, он суратҳое, ки Муҳсин дар Наврӯзи соли 2015 дар Тоҷикистон гирифта буд, ба намоиш гузошт. Дар ҳамин намоиш дидор ва суҳбати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ муяссар гардид. Як суҳбати гарму самимӣ доштанд ва ба гуфтаи мавсуф,  баъди ин мулоқот барои ҳамеша дилбаставу шайдои Тоҷикистон ва Сарвару мардуми азизи он гашт.
- Дар намоишгоҳи акси Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кувайт фурсате пеш омад бо ӯ салом кунам, даст дароз намудам ва дастфишорӣ кардем... Барои ман, журналисти фаромарзӣ, дастфишорӣ бо мансабдорон ҳаракати нодир нест, вале дастони Эмомалӣ Раҳмон мисли бисёре аз ҳамқаторонаш нарм набуд ва хатти пинаи резеро мешуд миёни он ламс кард ва ҳанӯз осори корварзии 40 соли пешро бар кафи ӯ мешуд ҳис кард. Ӯ фарзанди тоҷу тахт на, заҳматкаш буда, аз табори мардумонаш будаву мекӯшад аз табори мардум боқӣ бимонад. Таҷрибаи ҳирфаиам ва муоширатам бо бозигарон ва бозигардонҳои расонаӣ мегӯяд, ки ӯ аз ин ки нақш бозӣ кунад ва ё пушти сафаҳоти пропаганда чеҳра пинҳон кунад ва ё популистӣ ва авомфиребона амал кунад, аз ҳамаи инҳо убур кардааст ва эҳтиёҷе ба онҳо надорад, - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Мавриди зикр аст, ки Муҳсин Раҳимӣ то соли 2015 ба кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Арманистону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Туркия сафар карда, филмҳои мустанад бардоштааст, аммо ба Тоҷикистон такрор ба такрор меояд.
- Одатан ба кишварҳои хориҷӣ як бор сафар мекунам, аммо Тоҷикистон чи эъҷозу ҷазабае дорад, ки дар давоми 7 сол 7 маротиба омадам. Ҳар дафъа ин диёрро бо рангу намо ва таровати дигар меёбам. Ҳамаи фаслҳо бо шукӯҳи худ ҳукм доранд, чашмони ориёии одамони самимиву заминӣ, меҳрубонӣ касро ба худ мехонад, - мегӯяд Муҳсин Раҳимӣ.
- Аз Душанбе то Хуҷанд, то Панҷакент, то Турсунзода, то Кӯлоб ва Даштиҷум, ҳатто то поёни ноҳияи Айнӣ кӯҳ ба кӯҳ, ҷода ба ҷода, кӯча ба кӯча, гаҳ савора, гаҳ пиёда рафтаам ба хонаи мардумони аз ҳар қишр, бузургу кӯчак, сангину гилин ва аз миёнаи шаҳр то таҳи русто даромадаам. Бар сари даҳҳо суфраи эшон меҳмон шудаам, даҳҳо бор нонашонро бо  ман  қисмат  кардаанд  ва намакшонро чашидаам ва аз дасти пурмеҳрашон даҳҳо пиёлаи чой гирифтааму нӯшидаам. Сипос, ки ба ман ин шарафро арзонӣ додед. Барои шумо шояд ба миён бастани камарбанд, ба бар кардани ҷома ва ба сар пӯшидани тоқии миллӣ як кори муқаррарист, аммо барои ман, ки аз расму оини асили шумо огоҳам, ин қадри баланд дорад. Ин баробар ба он аст, ки шумо маро ба унвони баланди тоҷик ва тоҷикистонӣ шарафёб кардед. Сабаби рехтани сиришкам дар рӯзи муаррифии филми «Беҳтарин» ҳамин буд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 1392
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед