logo

маориф

ЗАБОНОМӮЗӢ. ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ОРЗУҲО

Ман аз хурдӣ ба забону фарҳанги чинӣ дил бастам ва маҳз аз ҳамин сабаб, ба таъриху адабиёти Чин низ, таваҷҷуҳи беандоза дорам. Соли 2019, вақте хабари дар Донишкадаи ба номи Конфутсий имкони омӯхтани  забони чиниро шунидам, дарҳол дар он худро номнавис намудам. Ҳама чиз дар ибтидо мушкил аст, аммо ман бо шавқу ҳаваси беандоза ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ зиёд кӯшиш менамудам. 
 
Дар натиҷа, лаззати бепоёнеро, ки омӯзиши забони чинӣ ба кас меорад, эҳсос намудам. Давоми се соли омӯзиши забон ҳама чиз осон набуд. Дар аввал, азбаски ба талаффуз ва лаҳн эътибор надодам, ин ба нафаҳмидани маънои баъзе калимаҳо ва маънои матнҳо оварда расонд. Вақте сатҳи дараҷаи 3-юми забони чиниро омӯхтам,  ба бисёр масъалаҳо сарфаҳм мерафтагӣ шудам. Гӯё ногаҳон ба худ омадам. Баъдтар, дар раванди таҳсили минбаъда, ба хондану навиштан яксон таваҷҷуҳ зоҳир менамудам, ки ин сабаби пирӯзӣ дар Озмуни байналмилали «Пули забони чинӣ» миёни толибилмони тоҷик  шуд.
Давоми се соли таҳсил аз фаҳмиши якҷониба дар бораи Чин то донистани фарҳанг ва санъати ғаниву рангини он расидам, ки самари меҳнати устодони Донишкадаи Конфутсий мебошад. Дар ҷараёни омӯзиш аз ҳашамати Девори бузурги Чин, зебоии манзараҳои Гуилин, манзараҳои мафтункунандаи кӯли ғарбии Ханҷов, шукӯҳи Гугонги Пекин, табиати зебои боғҳои Суҷов ва азамати ҷанговарони терракотаи Чин - Шихуан баҳравар шудам. Таърихи панҷҳазорсола ва фарҳанги густурдаи он маро водор намуд, ки дар Озмуни байналмилали «Пули забони чинӣ» миёни толибилмон иштирок намуда, ба натиҷаи аъло ноил шуда, бо таҳкурсии устувори забони чинӣ ба шаҳрҳои Чин сафар кунам!
Дарвоқеъ, вақте фаҳмидам, ки Озмуни байналмилали «Пули забони чинӣ» барои толибилмон оғоз шудааст, дар аввал дудила будам, зеро ба бахши намоиши истеъдоди худ эътимод надоштам ва ҳис кардам, ки қироати шеърам ба қадри кофӣ ҷаззоб нест, аммо бо ёриву дастгирии устодонам тасмим гирифтам, ки дар озмун ширкат варзам. Дар аввал бовар надоштам, ки ба даври ниҳоӣ баромада метавонам, вале худ ба худ гуфтам: «Бо роҳнамоии сахтгиронаи роҳбар ва машқҳои пурмаҳсули ҳамарӯза, ҳатман ба зинаи боло мебароям!» Меҳнати ману устодонам  самараи хуб бахшид, бо ҷидду ҷаҳди якҷоя мо дар даври ниҳоӣ дар ҷойи сеюм қарор гирифтем. Ростӣ, пас аз ҳар даври озмун ба ҳаяҷон меафтидам, зеро шумораи иштирокчиён рӯз аз рӯз кам мешуд. Дар қисми охир, лаҳзае, ки се иштирокчӣ байни худ мусобиқа бояд менамуд, ором шудам ва машварату маслиҳатҳои роҳбарамро ба хотир овардам. Аз ин рӯ, ба саволҳо оромона ва саҳеҳ ҷавоб дода тавонистам, ки ин ҳам барои гирифтани ҷойи аввал нақши муҳим бозид. Дар охирин лаҳза, вақте ки соҳиби ҷойи аввал гуфта маро эълон намуданд, ниҳоят дилам таскин ёфт. Рости гап, аз ин натиҷа бениҳоят шод шудам! 
Ҳарчанд ман ҷойи аввалро гирифтам, вале фикр мекунам, ки раванди Озмун муҳимтар аст, бахусус марҳилаи омодагӣ, он метавонад тамоми дониш, иҷрои саҳнавӣ ва қобилияти мушоҳидаи омӯхтаро сафарбар кунад. Гирифтани ҷойи хуб аз раванди муттасил ва самаровари омӯзиш ва боварӣ ба худ дарак медиҳад. Ман бовар дорам, ки ин муваффақият анҷоми раванди омӯзиши забони чинӣ нест, балки ин оғози нав аст. Таҷрибаи пурарзишеро, ки дар омодагӣ ба Озмуни байналмилали «Пули забони чинӣ» миёни толибилмон андӯхтам, барои омӯзишҳои оянда ва дарки бештари фарҳанги Чин бештар ёрӣ мерасонад. Ба ҳама аз таҷрибаи омӯзишии худ нақл кардан мехоҳам. Умедворам он ба дӯстони бештаре, ки забони чиниро омӯхтан мехоҳанд, фоидаовар бошад. 
Ин озмун ба ман нафъи калон бахшид, бисёр чизҳоро аз он омӯхтам. Хаёл мекунам, ки чанд сол солортар гашта бошам. Мехоҳам миннатдории худро ба Донишкадаи Конфутсий барои ба мо имконияти омӯзиши забони чиниро фароҳам овардан ва барои ифшои маҳоратҳои худ саҳнаи муносиб ташкил намудан, бирасонам. Ташаккур ба омӯзгорони Донишкадаи Конфутсий барои меҳнат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаашон. Ғайр аз ин, ман иҷрои аълои иштирокчиёни Озмуни байналмилали «Пули забони чинӣ»-ро дида, камбудиҳои худро низ пайдо намудам. Дар раванди омӯзиши оянда аз онҳо маслиҳат мепурсам ва таҷрибаи худро оид ба шавқовар будани омӯзиши забони чинӣ ба дигарон мерасонам.
 
Бадриддин РУСТАМОВ, 
хонандаи МТМУ № 55, шаҳри Душанбе
 
НАЗАРИ ОМӮЗГОР
Аз сатҳи дараҷаи 2 (HSK 2) Бадриддин Рустамов, ки сардори гурӯҳ буд, ҳеҷ гоҳ ба дарс дер намеояд. Бо ғайрати дучанд меҳнат мекунаду намуна барои талабагон ва дасти рости омӯзгорон аст. 
Ба забони чинӣ шавқу ҳаваси калон дорад, ҳисси мустаҳками худшиносӣ ва коллективона амал намуданро ҳам дорад, мақсади амиқ дар ин роҳ ба ӯ кумак мерасонад. Дар ҳаёт ва таҳсил малакаҳои худтанзимкунию худидоракунии хеле мустаҳкам дорад. Вай як донишҷӯи маъмулии хуб буда, метавонад тафовути фарҳангҳои ду кишварро дуруст фарқ созад. Аз соли 2019 як орзуи бетағйир дорад, яъне мехоҳад пули равобити фарҳангии Чин ва Тоҷикистон бошаду баҳри мустаҳкам намудани  дӯстии ин ду кишвар саҳми беандозаи худро гузорад.
Ҳамчун узви иттифоқи донишҷӯёни Донишкадаи Конфутсий, ӯ боғайрат аст, бо шавқу фидокорона ба омӯзгорон ва донишҷӯёни гирду атрофаш кумак мекунад. Дар кори иттифоқи донишҷӯён фаъол ва масъулиятшинос буда, аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён якдилона тавсиф мешавад.
 
ТААССУРОТИ ДОВАРОН ДАР БОРАИ ДОНИШ  ВА МАЛАКАВУ МАҲОРАТИ БАДРИДДИН РУСТАМОВ 
Дар баробари шунидани овоз ва лаҳнаш диққати моро ӯ ба худ ҷалб намуд. Ҳангоми қироати маъруза лаҳн бамеъёр ва эҳсосотӣ буда, қироати шеър саршор аз эҳсосот ва ҳисси қавии ритм буд. Хусусан, дар даври ниҳоӣ дилпурона маҳорати худро нишон дода, хеле ором буд. Баёни матлабаш равону табиӣ ва саҳнаи ҷолиби диққат аст. Ӯ ба худ боварии комил дошта, орзую умед дар ин роҳ раҳнамояш мебошанд. Умед дорем, ки ба қуллаҳои баланд парвоз намуда, орзуҳои худро амалӣ созад ва зиндагии аҷибе дошта бошад!
 
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 2886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед