logo

иқтисод

«ТАРОР». БА ОЯНДАИ КОН НЕКБИНАМ

Вақте пушти дари кони «Тарор» расидем нахуст, чашмам ба сутунҳои устувори дарвоза ва бинои маъмурӣ афтод, ки ошёнаи сеюми он хобгоҳи умумӣ мебошаду дар ошёнаи якум ошхонаи коргарӣ ҷой гирифтааст. Боварам намеомад, ки наход ҳамон бинои вайрона бакуллӣ тағйир ёфта бошад.
Ҳангоме ки ман корманди ин даргоҳ будам, дарҳои шикаста ва девори таъмирнадидаи ин бино табъро хеле хира менамуд. Ҳоло бошад, бино ба куллӣ таъмир шудааст. Дару тирезаҳои нав биноро зеботару мақбултар кардаанд. Ошхонае, ки даромадан ба он ҷо ногувор буд, ба ошхонаи замонавӣ мубаддал гаштааст. Ин навгониҳоро медидаму ба назарам руъёе менамуду бас. Ҳангоми ба нафақа рафтани ман роҳбарони ин даргоҳ тамоман касони дигаре буданд.
Хушбахтона, аз моҳи июни соли 2018 Муиниддин Содиқов  менеҷер таъин шуда будааст. Ҳангоми ин вазифаи пурмасъулиятро қабул карданаш нақшаҳои махсус  тартиб дод. Дарёи Моғиёнро, ки аз назди кони «Тарор» мегузараду   ҳангоми партовҳои конро аз боло холӣ намудан, хоҳу нохоҳ ба ин дарё мефуромад аз ин мушкил раҳо кард. 
Бо пешниҳоди Муиниддин Содиқов чиниҳо розӣ шуданд, ки дарёро  ба нақб гиранду ба ин васила, аз воридшавии партов ба об пешгирӣ намоянд, зеро мардуми зиёде оби ин дарёро чун оби нӯшокӣ истифода мебаранд. Хушбахтона, оби ин дарё 13 феврали соли 2022 пурра ба дохили нақб, ки дарозиаш 920 метрро ташкил медиҳад, сар дода шуд. Ҳоло партовҳои корхона дар мавзеи Вачағна ба дарё зиёне намерасонанд.
 Ман ҳамроҳи сартанзимгари кон Абдуҳамид Ашӯров қад-қадди дарёи Шинг ҷониби кӯҳи Сурх, ки кони асосӣ дар он ҷо ҷой гирифтааст, роҳ пеш гирифтам. Дар баробари ёди солҳои ҷавонӣ, ки дар ин коргоҳ сипарӣ кардаам, оби софу зулоли дарёи Шинг, зинабоғу боғҳои навташкилкардаи Муиниддин бароям ниҳоят фараҳбахш буданд.
Дар роҳ сехи майдакунӣ, ки дар арафаи ба кор оғоз кардан аст, диққатамро ҷалб намуд. Дар ин сех минбаъд  масолеҳи хомро майда карда, ба навъҳо ҷудо месозанд ва даҳҳо корҷӯ соҳиби кор мегардад.
Чӣ тарз аз маҳви тамошо ба қуллаи кӯҳи Сурх расиданамонро нафаҳмида мондем. Чун ба қулла расидем, манзараи кон дар поён хеле назаррабо буд. Дар даҳ - дувоздаҳ ҷой  техникаҳо кор мекарданд. Ронандае аз меъёри нишондодашуда бор кам гирифтааст. Ин ҳам аз назари Содиқов пинҳон намонд. Ба воситаи телефон зуд масъулинро огоҳ кард, бори фалон мошин кам.
Бо Абдуҳамид ва Муиниддин ҷониби таъмиргоҳи корхона роҳ пеш гирифтем. Манзараи ҳайратовар ин буд, ки дар ҷои хеле баланд Содиқов  боғҳои дарахтони мевадиҳанда бунёд намудааст. Ниҳолакон аз сабаби баланд будани мавзеъ нав барг карда истодаанд. Ин боғҳо бо истифода аз зарфҳои чилтоннагӣ ба усули қатрагӣ обёрӣ мешаванд.
Имрӯз Муиниддин Содиқов бо ёрдамчиҳояш Исмоил Ҳамроев, Алишер Муҳиддинов ва 256 нафар коргар барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва 70-солагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззам ва мукаррами миллат камари худро маҳкам бастаанд.
Кони «Тарор» пешқадамтарин шуъбаи корхона аст, ки музди миёнаи меҳнат аз 4500 сомонӣ боло мебошад.
Ҳамин чашмикордонии Муиниддин Содиқов аст, ки роҳбарияти корхона панҷ маротиба ӯро менеҷери беҳтарини сол дониста, бо ифтихорнома ва мукофотҳои қиматбаҳо қадр намудаанд. Барои хизматҳои шоёнаш як маротиба чун менеҷери дараҷаи дуюм бо медали нуқра ва ду бори дигар чун менеҷери дараҷаи сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонда шудааст.
Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръат, солҳои 2022 - 2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди саноат эълон  шудаанд, ки масъулияти Муиниддин Содиқовро дучанд кардааст. Ӯ ният дорад, ки дар кон истеҳсолро  баланд бардошта, барои рушди мамлакати азизамон саҳмгузор бошад.
 
Исмоил ЗАРИФӢ, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед