logo

порлумон

ИДОРАИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ. ҚОНУНГУЗОРӢ МЕЪЁРҲОИ НАВ ҶОРӢ МЕКУНАД

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, мустаҳкам намудани интизоми нақлиётӣ ва мувофиқ ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар кардани ҷавобгарӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. 
 
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон муовини вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода гуфт, ки лоиҳаи мазкур мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 108 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546» барои идораи воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира, инчунин, бе категорияи дахлдори мувофиқ идораи воситаи нақлиёт ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, манзур гардидааст.  
Мувофиқи тағйироти воридгардида ба қарори Ҳукумати кишвар, варақаи иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира вобаста ба қисмати шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, ба гурӯҳҳои «А» (иҷозат барои истифодаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо), «В» (иҷозат барои истифодаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо) ва «С» (иҷозат барои истифодаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи қафо) ҷудо шуданд. 
Ба иттилои муовини вазир, тайи солҳои 2019 – 2021 ва се моҳи соли ҷорӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаи нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои ойинагӣ, инчунин, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ идораи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, 3537 далел ошкор гаштааст. 
Иловаҳои воридшуда ба моддаи 330 Кодекс (идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмуи идоракуниашон аз тарафи рост) имкон медиҳад, ки назорати истифодаи воситаҳои нақлиётро вобаста ба қисматҳои шишаҳои сиёҳу хиракардашуда аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳ осон гардонда, баҳсҳои ҷойдоштаро аз байн барад.
- Қисми 2 лоиҳаи мазкур ба моддаи 336 (аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт) илова намудани қисмҳои 4, 5 ва 6-ро пешбинӣ менамояд. Он дар ҳолатҳои татбиқи ҷазоҳои қисмҳои 1 – 3  моддаи 336-ро нисбат ба шахсе, ки воситаи нақлиётро бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудааст, ҳангоми надоштани танҳо категорияи мувофиқ аз байн бурда, вобаста ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо муқаррар менамояд, - гуфт муовини вазир.
Тибқи моддаи 336, ҷавобгарӣ нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, муқаррар шудааст ва дар ҳолати аз тарафи шахси дигар идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани танҳо категорияи мувофиқ татбиқ намудани ҷавобгарии маъмурии қисмҳои 1 – 3 моддаи 336 баҳсу нофаҳмиҳоро ба миён оварда,  татбиқи амалии моддаи мазкурро душвор гардондааст. Зеро дар ин ҳолат ронанда ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта баробар карда шудааст. Гузашта аз ин, дараҷаи хавфнокии идоракунии воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, нисбат ба шахсе, ки воситаи нақлиётро бе категорияи дахлдори мувофиқ идора кардааст, бе ягон шакку шубҳа вазнинтар мебошад. 
Ин дар ҳолест, ки давоми солҳои 2018 – 2021 ва семоҳаи аввали соли равон барои идораи воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва шахсе, ки категорияи дахлдори мувофиқ надорад, 4023 ҳолат ошкор гардидааст.         
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 2878
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед