logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. САРОҒОЗИ БУНЁДКОРИҲО ВА ДУРНАМОИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

(Дар ҳошияи хизматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, эҳё ва рушди давлатдории миллӣ)
Халқи тоҷик аз қадимулайём бо хираду заковати олӣ, маърифату ватанпарастӣ миёни дигар халқияту миллатҳо мартабаи баландро касб карда, дар тули таърихи ҳазорсолаҳо бо фарзандони нобиғаи худ шуҳратёр гашта буд. Боиси ифтихор ва номуси ватандорист, ки бо вуҷуди мусибату ноҷӯриҳои зиёди ба сари ин миллати меҳанпараст омада ва дучору кашмакашиҳои сиёсиву ноадолатиҳои замон гардидан, бо гузашти садсолаҳо тоҷикон тавонистанд, зери парчами ваҳдату ягонагӣ таҳти роҳбарию роҳнамоӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асли худ баргарданд.
 
Дучори муқовимати қувваҳои бадхоҳу ҳуҷуми аҷнабиён гардидан натавониста, ки руҳи фарзандони баору баномуси ин сарзаминро шиканад ва ормонҳои садсолаҳо дар хеш парваридаашро барҳам занад. Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба миён омад, гирифта шуд ва 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Ба шарофати ин санади сарнавиштсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ, дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва рушди онҳо оғоз намоем.
Ваҳдат ва сулҳи тоҷикон ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Миллати тоҷик ҳамчун мардуми сарбаланду баномус дар оташи муборизаҳои таърих обутоб ёфт, худро шинохт ва имрӯз парчами зафар болои сар бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои бадастовардааш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бузургтарин хизмати Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин раванд шароит ва имконият фароҳам овард, ки мо ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузорем. Ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии Сарвари давлати мо мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ гардидааст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат ҳукмфармост, он давлат рушду тараққӣ ёфта, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳам фарҳангӣ пеш меравад. Кишваре, ки аз рӯзи азал пайваста барои расидан ба зиндагии шоиставу арзанда, ба истиқлолияти воқеӣ ва худшиносии миллӣ талош дошт ва дар гузашта мушкилоти зиёдеро аз сар гузарондааст, тавонист монеаҳои зиёдеро рафъ ва соҳиби давлатдории миллӣ гардад. Дар як муддати кӯтоҳ харобиҳо ба ободӣ табдил ёфта, садҳо корхонаву иншооти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Тавассути шоҳроҳҳои замонавӣ тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба ҳам пайваста, рафтуои бемамонияти сокинони он таъмин гардид.
 
Подоши ин ранҷу заҳматҳо буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар ҷаҳон маъруфияти зиёдро касб карда, бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи худ миёни бисёр шахсиятҳо ва сарварони кишварҳои олам эҳтироми зиёдро соҳиб гардиданд. Хизматҳои Сарвари давлат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуданд.
Нақш ва саҳми Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун кафили суботу оромӣ, эҳёгари фарҳангу маданият, фарди тамаддунофар ва бунёдгузори ваҳдату ягонагии халқ ниҳоят бузург мебошад. Барои кулли тоҷикону тоҷикистониён ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан аст, ки Сарвари давлати мо дар мушкилтарин рӯзу моҳҳо ва солҳои душвор, ки тақдири сулҳи тоҷикон ҳал мегардид, аз  душвориҳо ва таҳдидҳо ба ҳаёти хеш наҳаросида, мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони мухолифин дар кишвари ноором - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон анҷом медоданд.
Барои хизматҳои бузург ва саҳми арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва муносибату ҳамкориҳои дӯстона байни мардум ва кишварҳо талошу кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат бо унвону нишони олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла, соли 2005 дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ Сарвари давлат бо Ҷоизаи олӣ-медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» -и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз гардиданд. Боиси ифтихори мост, ки дар байни сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шахсияте мебошанд, ки ба гирифтани ин Ҷоиза мушарраф шуданд.
Ҳамзамон, барои саҳми арзанда гузоштан дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Пешвои муаззами миллат сазовори Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи ҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ гардиданд ва аз аввалин сиёсатмадоре ҳастанд, ки ин мукофоти олиро соҳиб шуданд.
Дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти беназири таърихӣ олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ ҳувайдо аст. Ҳамин гуна хислатҳо ва табиати бузурги инсонӣ аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро дӯст дошта, ба ранҷу заҳмат ва хизматҳои беназирашон арҷ мегузоранд. 
Мусаллам аст, ки истиқлолияти комил ва рушди бемайлони ҳар як давлат, пеш аз ҳама, ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа пойдор хоҳад буд, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он нуфузи бештареро ба худ дошта, иҷрои вазифаҳои босалоҳият аз ҷониби онҳо дуруст ба роҳ монда шавад.
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Тоҷикистон дар шароити басо мушкил истиқлолияти худро ба даст оварда, дар ибтидо ба вазъияти мураккаби сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Хизматҳои таърихии Сарвари давлат дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ин шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта, хатари фурӯпошии  онро пешгирӣ карданд. Оташи ҷангро хомӯш намуда, гуреза ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонданд.
Соҳибистиқлолӣ ба давлату миллати тоҷик имкон дод, ки мо дастовардҳои таърихӣ, фарҳангу маданияти воло ва эъҷози сулҳофарию тамаддунсозиро ба ҷаҳониён нишон диҳем. Дарвоқеъ, исбот намудем, ки Тоҷикистон кишвари куҳанбунёд буда, дар тули таърихи ҳазорсолаҳо бо осору эҷоди гаронбаҳои шоирону нависандагон, олимону мутафаккирони барҷаста ва зиёиёну донишмандони худ оламшумул гардидааст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлолияти воқеӣ мушкиливу ноҷӯриҳои зиёд домангири кору фаъолияти идораву сохторҳои амалкунандаи мамлакат гардида буданд, зеро қувваҳои иртиҷоӣ бо ҳар роҳу восита мехостанд ба раванди дигаргунсозиҳои ҳаёт, ки барои рушду нумӯъ ва тараққиёти кишвар равона шуда буданд, халал ворид кунанд. Дар натиҷа гурӯҳҳои ҷиноятпешаву ашхоси зархарид бо мақсади ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар даст ба ҷиноятҳои вазнин зада, ба раванди сулҳу субот халал ворид мекарданд. Новобаста аз вазъияту мушкилиҳои бавуҷудомада, ба туфайли сиёсати оқилона ва фаъолияти сермаҳсули роҳбарияти давлату Ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳ вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.
Набояд фаромӯш кард, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои хатарноку даҳшатзо, пуршиддату вазнини руҳию ҷисмонӣ ва таъминоти ночизи моддӣ-техникӣ вазифаҳои хизматиашонро софдилонаю сарбаландона иҷро мекарданд. Дар даргириҳо зиёда аз 4 ҳазор нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба савганди касбии худ содиқ монда, баҳри таъмини қонуният ва ҳифзи шарафу ҳимояи Ватан ҷон супурданд.
Ҷиҳати пешрафт ва такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бо назардошти талаботи замон солҳои охир шуъбаву хадамоти нав таъсис дода шуд, ки имрӯз натиҷаҳои кории онҳо назаррасанд. Барои дар сатҳи баланди касбӣ нигоҳ доштани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо дастгирӣ ва ёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо бо техника ва воситаҳои кории ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардиданд.
Ман бо ифтихор таъкид мекунам, ки саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар таъмини оромию осоиштагӣ, ризоияти миллӣ, таҳкиму барқарории сохти конститутсионӣ ва давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат хеле назаррас мебошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба сифати сипари давлат дар барқарории сулҳу субот, ҳифзи ҳаёту манфиатҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа нақши назаррас доранд. Натиҷаи ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Танҳо дар сурати мавҷуд будани ваҳдату муттаҳидӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мениҳад. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президенти мамлакат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину фаровон ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо тоҷикону тоҷикистониён ифтихор мекунанд.
Ҳамагон дар ёд доранд, ки соли 2019 ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) меҳмонони олимақом аз 27 давлати дунё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Чорабинии мазкур 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он сарварони 9 кишвар (Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Туркия, Эрон, Шри-Ланка), инчунин, сарвазирон ва вазирони корҳои хориҷии 18 кишвари дигари аъзои МҲТБО ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё форуми байналмилалии муттаҳидкунандаи кишварҳои қаламрави Осиё ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он мустаҳкам гардондани муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои Осиё ба мақсади таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ собит намуд, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор, сулҳофар ва созандаву бунёдгузор мавқеи баландро соҳиб гардидааст.
Аз пазироӣ, меҳмоннавозӣ, шукӯҳи баргузории чорабинӣ ба мавқеи Ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории ҳамоиши мазкур сарварони давлатҳо баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки воқеан, Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар сиёсати берунаи ҷаҳони муосир ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Баҳои намояндагони давлатҳои хориҷ ба роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боиси ифтихор буда, сокинони мамлакатро водор месозад, ки таҳти сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно барои пешрафт ва расидан ба уфуқҳои нав ба нави рушди Ватани азизамон талошҳои пайваста ба харҷ диҳем.
 
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои 
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
генерал-лейтенанти милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2022    №: 123    Мутолиа карданд: 1317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед