logo

туризм

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ НИЛГУН ВА МУССАФО

 
Аз 6 то 9 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ва дар доираи он як қатор чорабиниҳои вобаста ба мавзуи обу иқлим, Фестивали об ва марафони варзишӣ баргузор гаштанд. Дар он 2600 намояндаи 75 кишвари ҷаҳон, 634 созмону ташкилотҳои гуногун ширкат варзиданд. Дар фарҷом иштирокдорон аз имкониятҳои обӣ, гидроэнергетикӣ ва сайёҳии чанде аз ноҳияҳои мамлакат дидан карданд. Тавре аз андешаи онҳо бармеояд, Тоҷикистон бо ин дороиҳо ояндаи дурахшон дорад. 
 
ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСОИЛИ ОБ ВА САЙЁҲӢ
Таҳлилгарону коршиносон, ки ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим саривақтӣ ҳисобида, дурнамои рушди онро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷабахш арзёбӣ намуданд. 
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи норасоии об дар сайёра ва рушди ҳамаҷиҳатаи сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз бо талошҳои созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат захира ва имкониятҳои обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ масъалагузорӣ ва муаррифӣ мешаванд. Ташаббусҳои Сарвари давлат дар масъалаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардида, дар ин самт барномаҳои хосса таҳия ва амалӣ шуданд. Аз ҷумла, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли пешниҳоди чоруми Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ пайдо кард. Чорабиниҳои дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гаштанд, далели ин гуфтаҳост. Ташкили ҳамоиши байналмилалӣ моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ба сифати сулҳҷӯёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро чун кишвари босуботу саршор аз ғановати обию сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ намуд. 
 
ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН - БРЕНДИ САЙЁҲӢ
Табиист, ки тадбирҳои истифодаи оқилонаи оби тоза дар мамлакат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, ба рушди сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонанд. Чунончи, соҳили 947 дарё, кӯл, обанбор, чашмаҳои маъданӣ, доманакӯҳҳо, минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон, Қаротегину Дарвоз, Бадахшон, пиряхҳои кӯҳӣ, шаршараҳо, мавзеъҳои табиию таърихӣ, иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеъҳои кӯҳӣ заминаи устувори ташкили ҳудудии сайёҳӣ гардида, иқтисодиёти Тоҷикистонро ривоҷ медиҳанд. 
Дарёҳои пурхурӯши Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Ғунд, Кофарниҳон, Сурхоб, Хингоб, Шоҳдара, Фон, Бартанг, Яхсу, Ванҷ ва кӯлҳои аҷиби Қарокӯл, Сарез, Зоркӯл, Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Аловуддин, Рангкӯл ва ғайра, ки дар баландиву нишебиҳои кӯҳҳо арзи вуҷуд доранд, табиати кишвари моро боз ҳам аҷибу зебо ва барои хориҷиён ҷалбкунанда мегардонанд. Инчунин, дар мамлакати мо чашмаҳои оби шифобахш ба монанди Анзоб (Айнӣ), Андароб (Ишкошим), Гармоба (Файзобод), Ёс (Ванҷ), Муллошайх (Файзобод), Навбедак (Айнӣ),  Хоҷа Оби Гарм (Варзоб), Оби Гарм (Роғун), Пӯшиён (Восеъ), Тандиқул (Лахш), Хоҷасангхок (Варзоб), Шоҳамбарӣ (Ҳисор), Ҳавотоғ (Истаравшан), Чилучорчашма (Шаҳритус), Ҷелондеҳ (Шуғнон), Шифо (Исфара), Явроз (Ваҳдат) ва ғайра мавҷуданд, ки дар асоси онҳо рушди сайёҳии солимгардонӣ метавонад на танҳо барои шаҳрвандони дохилӣ, балки барои хориҷиён низ фоидаовар бошад. 
Мувофиқи арзёбиҳои коршиносон захираҳои фаровони Тоҷикистон, кӯлу дарёҳои он яке аз экосистемаҳои нодир ба шумор мераванд. Сарчашмаҳои асосии обҳои кишвар барфу пиряхҳо буда, Тоҷикистон дар ҷаҳон чун кишвари обҳои мусаффо шинохта мешавад. Ин омил барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар мусоидат менамояд, зеро имрӯзҳо об яке аз унсурҳои таркибии рушди ҳар гуна навъи сайёҳӣ дониста шуда, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ об, истифодаи дороиҳои обиву табиӣ яке аз ҳадафҳои рушди сайёҳӣ муайян шудааст. Чун сайёҳӣ аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегардад, итминон ҳаст, ки ин соҳа бо талошҳои дастаҷамъонаи масъулону алоқамандон ба нишондиҳандаҳои боз ҳам беҳтари давраи пеш аз пандемия ноил мегардад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2022    №: 123    Мутолиа карданд: 2822
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед