logo

туризм

САЙЁҲӢ. ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

 
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форуми сайёҳӣ дар мавзуи “Густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ” баргузор шуд.
 
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи фаъолони шабакаҳои интернетии Арабистони Саудӣ, ширкати ҳавопаймоии “Флайнос”, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд ва барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ ташкили гӯшаи ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, иштирок дар ҷаласаҳо ва ҳамоишҳои Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ, пахши маводи таблиғотӣ - иттилоотӣ, инфотурҳо дар хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта баргузор гардида истодаанд.
Дар ҳамоиш иқтидору имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар тариқи рӯнамо ба меҳмонон намоиш дода шуд. Дар ин замина, қабл аз оғози форум ҳайати меҳмонон бо раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мулоқот намуда, таассуроташонро аз дидаҳояшон аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар иброз доштанд. 
Ёдрас мешавем, ки бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ Ал - Утайби Сафар мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи фаъолони шабакаҳои интернетии кишвараш ба Тоҷикистон омад. Сафари меҳмонон дар мамлакати мо аз 25 июн то 2 июли соли ҷорӣ идома ёфта, ҳадаф аз он омӯзиш ва тарғиби зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
То ин муддат ҳайати Арабистони Саудӣ аз назокату зарфиятҳои ҷумҳурии азизамон, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо боздид ба амал оварданд. Ҳайати меҳмонон дар шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2022” ва Фестивал-намоиши “Таомҳои миллӣ” дидан карда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ сафар  намуданд. Ба рӯзноманигорону фаъолони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Арабистони Саудӣ чойхонаи “Хуррамшаҳр”, қасри ҷумҳуриявии  фарҳанги Данғара, НБО “Норак” ва мавзеи сайёҳии “Пули сангин” дар шаҳри Норак, Қаълаи Ҳулбук ва маҷмааи фароғатии “Сайёҳон” дар ноҳияи Восеъ, мавзеи сайёҳии “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб ва мавзеи истироҳатии “Чорчаман” дар ноҳияи Дарвоз муаррифӣ карда шуд.
Тибқи барномаи тарҳрезишуда ташрифи меҳмонон ба беҳтарин маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, назири Кохи Наврӯз, боғҳои истироҳатӣ, Осорхонаи миллӣ, саёҳати шоми Душанбе, боздид аз ҳавзҳои моҳипарварӣ дар дараи Ромит ва мавзеи истироҳатии Архуи шаҳри Ваҳдат, истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм ва маконҳои дилфиреби ноҳияи Варзоб, ангурбоғҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор, Қалъаи Ҳисор, маҷмааи фароғатии “Шаршара” ва осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар шаҳри Ҳисор ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ мебошанд. Дар ин замина, пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2022    №: 124    Мутолиа карданд: 2793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед