logo

иқтисод

СУҒД. ГУФТАНИҲОЕ ДАР БОРАИ “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ”

 
Бо омадани рӯзҳои гарми фасли тобистон меваҳои Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ, саросар мепазанд. Бино ба иттилои Толибҷон Ҳасанов, директори Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ҷиҳати саҳмгузорӣ дар фаровонии бозорҳои дохилӣ, аллакай, наздики 10 тонна гелосу зиёда аз 30 тонна зардолуи шаҳдбор – самари кормандони боғ бо нархҳои дастрас манзури аҳолӣ гашта, ҳоло ҷамъоварии ҳосили олу, шафтолуву себ оғоз меёбад. Ҳамчунин, бо истифодаи самараноки замини байни қатори дарахтон ҳосили фаровони пиёзу картошка ҳам рӯёнданд. Дар маросими ҷамъоварии ҳосил, инчунин, зиёда аз 60 нафар бону аз деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кормандони Муассисаи мазкур дасти ёрӣ дароз мекунад.
 
МД “Боғи миллии Ваҳдат” соли 2008 таъсис ёфта, дар масоҳати зиёда аз 630 гектар доман густурдааст. Дар он навъҳои гуногуни зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, бодом, чормағз, анор ва биҳию олуча парвариш мешаванд. Сол ба сол табиист, ки ҳосилнокии меваҳои дарахтон афзунда, Муассиса дар ғанишавии бозорҳои маҳаллии вилояти Суғд бо меваҷоти фаровону номгӯйҳои зиёд, муҳимтар аз ҳама, бо нархҳои дастраси мардум нақши муассир мебозад, ки яке аз ҳадафҳои асосии таъсисёбии боғи мазкур маҳсуб меёбад. Масалан, танҳо соли 2021 МД “Боғи миллии Ваҳдат” 585 тонна зардолу, 24 тонна шафтолу, 120 тонна себ, 15 тонна олу, 5 тонна бодом ва ҳамагӣ 780 тонна маҳсулот истеҳсол кард, ки арзиши умумии онҳо аз 500 ҳазор сомонӣ мегузарад.
- Ҷиҳати боз ҳам рушду нумӯи боғ дар майдони 5 гектар боғҳои нави интенсивию суперинтенсивии зардолуву гелос, шафтолу, себу нок ва чормағзро ташкил намудем, ки аз ҷиҳати ҳосилнокиву сифат ҷавобгӯи бозорҳои байналмилалӣ мебошанд. Бартарии ин боғҳо аз боғҳои анъанавии бобоӣ дар он аст, ки дар як гектар мушаххасан то 2 220 бех ниҳол ҷой дода шуда, аз он, яъне аз як гектар 20-25 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Баъдан, боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо усули қатрагии рӯи хок ва тагихокӣ обёрӣ мешаванд, ки ҷиҳати сарфаи об аҳамияти калон дорад. Баҳри ташкилу парвариши чунин боғҳо бо технологияи нав ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё шуда, доим дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад, - мегӯяд Абдуқаҳҳор Воҳидов, муовини директори МД “Боғи миллии Ваҳдат”. 
Солҳои охир бо назардошти шароити мувофиқ ва пешниҳоди мутахассисон дар ин ҷо бунёди панҷ ҳавзи парвариши намуди гуногуни моҳиҳо ҳам, муяссар гаштааст.
 Равнақи боғдорӣ даст медиҳад, ки ҷиҳати коркарди ниҳоии меваҳо дар шаҳру навоҳии вилоят даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли консерву шарбатҳои мева таъсис дода, аз ин ҳисоб сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шаванд. 
- Албатта, ин масъала-бунёди корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулот ва содироти хориҷии он аз муҳимтарин ҳадафҳоест, ки дар назди раёсати МД “Боғи миллии Ваҳдат” меистад. Саъю талоши мутахассисони мо ба он равона шудааст, то ба марҳилаи дуюми барномаи рушди Муассисаи мазкур, ки рушди саноати коркарди  консерви мева аст, оғоз бахшем. Ҳоло сардхона барои  маҳфуздории  мева  бо иқтидори 300 тонна, ҷиҳати парвариши сабзавоти барвақтӣ бошад, дар 0,75 гектар гармхона бунёд гаштааст. Солҳои баъдӣ тасмим дорем нахустин коргоҳҳои хурди тавлиди шарбатҳои мевагиро созмон дода, нахуст, бозори дохилиро таъмин карда, марҳила ба марҳила ба бозори беруна бароем,- иброз медорад директори МД “Боғи миллии Ваҳдат” Толибҷон Ҳасанов.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2022    №: 124    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед