logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ҚОНУНЕ, КИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА МАНФИАТҲОИ ИҶТИМОИРО ҲИФЗ МЕКУНАД

 
Бо гузашти 15 сол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълум гардид, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар зиндагии мардум нақши созгор ва манфиатовар гузошт.
 
Ҷашну маросим баёнгари арзишҳо ва асолати фарҳангии мо ба шумор мераванд, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир амал намудан хеле зарур буд, зеро дар замони авҷ гирифтани буҳронҳои шадиди иқтисодиву маънавӣ баҳри беҳбудӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон ва гирифтани пеши роҳи камбизоатӣ як иқдоми оқилонаву саривақтӣ ба шумор мерафт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ, ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни мазкур 11 июли соли 2017 чунин гуфта буданд: «Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».
Воқеан, қабули ин санади меъёрии ҳуқуқии зиндагисоз аз чанд ҷиҳат, аз ҷумла барои ҳифзи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, барқарор намудани муҳити равонии баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ дар миёни қишрҳои гуногун, маърифатнокӣ ва шинохти аҳли ҷомеа дар муносибат бо расму оинҳои воқеан милливу динӣ аз хурофотӣ, характери тарбиявӣ доштани Қонуни мазкур ва тадриҷан аз байн бурдани кирдорҳои номатлуб, ба монанди худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ, зарур буд.
Маҳз ба шарофати мавриди амал қарор гирифтани ин санад маблағҳое, ки дар маросиму маъракаҳои “миёншикан” тули солҳои зиёд ба амал бароварда мешуданд, барои беҳбудии саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити хуби оилаҳо равона гардид. Гузашта аз ин, Қонуни мавриди назар дар шинохти дурусти ҷашну маросим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшида, шаҳрвандонро аз хурофотпарастиву зоҳирпарастӣ канор гузошт, ки ин маънӣ дар муқаддимаи тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шудааст. Чунончи, дар муқаддимаи тафсир вобаста ба моҳияти Қонуни мазкур чунин омадааст: «Қонун ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».
Дар ҳақиқат ин нуктаҳои калидие ҳастанд, ки амалишавии Қонуни мазкур ва рисолати он дар ҳамин ифода меёбад. Сокинони кишвар дар баробари қабул гардидани Қонуни мазкур, як бори дигар ба асли ҷашну маросим таҷдиди назар намуданд, ки кадоме аз он воқеӣ буда, реша дар арзишҳои милливу динӣ доранд ва кадоме аз онҳо хурофотиву ғайримардумианд.
Инчунин, дар тафсири Қонуни мазкур  зикр  гардидааст,  ки  он  се ҷанбаи муҳим – иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Яъне, Қонуни мазкур барои баланд бардоштани руҳияи башардӯстӣ ва инсондӯстӣ дар ҷомеа равона гардида, мухолифи исрофкориву зиёдаравиҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳамагон вазифадорем, ки баҳри иҷрои талаботи ин Қонуни миллӣ ва дарки воқеии ҳадафи он кӯшиш ба харҷ диҳем, чунки зиндагии босаодати  ҳар як халқ аз эҳтиром гузоштан ба қонунҳои амалкунанда ва риояи онҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ вобаста аст.
 
Нусратулло ЗОКИРЗОДА, 
ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам –Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, 
номзади илмҳои фалсафа
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2022    №: 124    Мутолиа карданд: 2468
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед