logo

иҷтимоиёт

ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ. ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и пойтахт бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшинос дар Тоҷикистон” конфронси миллии “Такмили қонунгузорӣ ва сиёсат дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ: вазъ ва дурнамои он дар Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони СММ дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, беш аз 100 намояндаи ташкилоту идораҳои давлатию хусусӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. 
Конфронс бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо дар доираи татбиқи барномаи навфаъоли ташаббуси «Нури рӯшноӣ» ва лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба баробарии гендерӣ ва аксуламал ба зӯроварӣ” роҳандозӣ гардид. 
Дар оғози  конфронс нахуст Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҳайси баранда – модератори конфронс доир ба аҳамияти баргузории чорабинӣ изҳор дошт, ки мақсад баррасии масоили муҳими пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва ҳамоҳангсозии дигар масъалаҳои зӯроварии гендерӣ буда, бешубҳа, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва такмили қонунгузории соҳа ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд. 
Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар ҳамчун самти муҳими фаъолият муқаррар гардида, бо мақсади пойдор намудани сиёсати давлатӣ дар самти баробарҳуқуқии мардону занон, ҳамчунин, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба беҳбуд бахшидани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамоянд. 
- Қабули лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ  дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки СММ оид ба ташаббуси “Нури рӯшноӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, тасдиқи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон батадриҷ уҳдадориҳоро дар самти амалӣ намудани ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба онҳо амалӣ намуда истодааст, - афзуд Матлубахон Сатториён. 
Дар робита ба ин, Сезин Сенаноглу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки масъалаи хушунат нисбат ба занон ба тамоми кураи Замин рабт дошта, аз ин рӯ, Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо созмонҳои байналмилалии дахлдор лоиҳаи “Нури рӯшноӣ” - ро таҳия карда, дар 25 мамлакат пиёда сохтанд.
- Ҳадафи асосии ташаббуси “Нури рӯшноӣ” хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон, бархӯрдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқҳои худ ва зиндагии бехушунат равона гардида, амалишавии он дар Тоҷикистон идома дорад. Барои татбиқи лоиҳа дар 25 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо 500 миллион евро маблағгузорӣ шудааст, -афзуд Сезин Сенаноглу. 
Тавре Қаноат Ҳомидова, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшинос дар Тоҷикистон”, изҳор дошт, дар давоми татбиқи лоиҳа аз соли 2021 инҷониб Лигаи занони ҳуқуқшинос барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва огоҳонидани аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот, корҳои омӯзишӣ – тарғиботӣ анҷом доданд. Баргузории тренингҳо, ҳамчунин, семинар – машваратҳо бештар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ёвон, Рӯдакӣ ва амсоли инҳоро фаро гирифта, бевосита дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати адлия, ҷиҳати ба ҳуҷҷатҳои мавҷуда ворид намудани масъалаҳои марбут ба зӯроварии гендерӣ анҷом дода мешаванд.
Дар ин бора Саиднақш Раҳмонзода, муовини вазири корҳои дохилии мамлакат, зикр кард, ки барои сар назадани зӯроварии гендерӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳо дар бораи бунёди оилаи  солиму устувор, эҳтироми тарафайн, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солимро асоси пешрафти ҷомеа ва пойдории давлату миллат арзёбӣ менамоянд. Аз ин ҷост, ки кишвари мо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми намуди поймолкунии ҳуқуқи занонро эътироф намуда, дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. 
Ба таъкиди номбурда, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба қонунгузории ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии ҳолати зӯроварӣ дар оила дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия бо ҷалби намояндагони ҳамаи субъектони пешгирикунандаи хушунати оилавӣ, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  шуъбаи кор бо занон ва оила, маориф ва илм, Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи тандурустӣ, прокуратура, суд, САҲШ ва ҷамоатҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Рашт, Хуросон, Ванҷ ва Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кумаки сарвақтӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила анҷом медиҳад. Дар давоми соли сипаришуда аз ҷониби ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ 4192 ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 кам мебошад. Давоми панҷ моҳи соли 2022, аз ҷумла 1441 арзу муроҷиати шаҳрвандон оид  ба зӯроварӣ  дар оила, ба  қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1 208 ҳолат нисбат ба мардон ва боқимонда ба ҷониби занону ноболиғон раво дида шудааст. 
Зикр гардид, ки дар ҳолати ба зӯроварӣ дучор шудани занону духтарон ба онҳо аз ҷониби ҳамаи идораю сохторҳои дахлдор, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ёрии тиббию равонӣ расонда мешавад. Аз муроҷиати шаҳрвандони аз зӯроварӣ дар оила ҷабрдида ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ”- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян гардид, ки дар шаш моҳи соли 2022-ум 377 нафар занон бо сабабҳои гуногуни зӯроварӣ дар оила аз муоинаи тиббӣ-судӣ гузаронда шуданд. Дар ин бора Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар маълумот пешниҳод намуд. 
Ба касб ва омӯзиш фаро гирифтани занону духтарон, ҳамчунин, сол ба сол афзоиш ёфтани шумораи духтарони соҳиби маълумоти олӣ ва касбӣ  аз натиҷаи корҳои пурмасъули идораю сохторҳои дахлдори соҳа гувоҳӣ медиҳад. 
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни конфронс аз ҷониби идораю ташкилотҳои давлатию байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии ин амали номатлуби инсонӣ, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки ба моддаи 93 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар намуди «ҳабси маъмурӣ аз 3 то 15 шабонарӯз» ҳамчун иловагӣ ворид карда шавад. Вобаста ба ин, дар раванди конфронс баромад ва суханронӣ кардани вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар аз пешбурди минбаъда ва қабули тадбирҳои мушаххас оид ба такмили санадҳои қонунгузорӣ дар ин самт далолат медиҳад. 
Инчунин, зарур мешуморанд, ки аз тарафи субъектони иҷрокунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ  дар байни аҳолӣ бо ҷалби ходимони илму фарҳанг ва  кормандони соҳаи дин васеъ ба роҳ монда шаванд. Дар деҳотҷойҳо вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ ва бештар расондани кумаки равонӣ манфиатбор хоҳад буд.  
Дар ҷамъбасти конфронси миллӣ, иштирокдорон ба ҷониби тарафҳо – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббуси “Нури рӯшноӣ” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшинос дар Тоҷикистон” барои иқдоми пешгирифта ва корҳои минбаъдаашон дар ин самт барору комёбӣ таманно намуданд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2022    №: 124    Мутолиа карданд: 601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед