logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
ОДАМКУШӢ
Боздошти марде, ки ҳамсарашро  ба қатл расонд
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз ӯ марди 40-сола ном бурда мешавад, ҳамсарашро бо зарби корд ба қатл расондааст.
Ҳодиса 24 июни соли ҷорӣ дар пайи муноқишаи оилавӣ рух дода, ҳоло ин мард ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия боздошт шудааст. Шахси гумонбар бо ду зарби корд ҳамсари 32 – солаашро шадидан захмӣ намудааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
 
 
РИШВАСИТОНӢ
Корманди мақомоти андоз бо 5000 сомонӣ ба толори суд рафт
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Сафохӯҷа Баҳодуров, корманди мақомоти андоз дар шаҳри Исфара, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин бора хабар медиҳад, Сафохӯҷа Баҳодуров ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз дар шаҳри Исфара бо роҳи фиреб ва суиистифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш 5000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Ошкор шудани боз як ҳолати мардумфиребӣ
Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як сокини шаҳри Хуҷанд (марди 37-сола) бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бар пояи гузориши сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард бо роҳи фиреб ба боварӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, ба баҳонаи тиҷо-рат аз 22 декабри соли 2019 то моҳи январи соли 2020 дар умум, 448 ҳазор сомониашро гирифтааст. Айбдоршаванда ин миқдор маблағро ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол барнагардондааст, ки нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.   
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 
 
“ҶУМҲУРИЯТ”.
НУФУЗИ РӮЗНОМАИ № 1 МАРЗҲОРО УБУР МЕКУНАД
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шаҳри Тошкент Мирасрор Аҳроровро бо Ташаккурнома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонд. Ташаккурнома ва туҳфаи хотиравиро вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов 27 июн дар Рӯзи кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ин кишвар ба хабарнигорон тақдим намуд.
Владимир Норов зимни тақдими ҷоизаҳо ба хабарнигорон аз натиҷаҳои пурбори сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки чанде пеш сурат гирифта буд, ёдовар шуда, ин сафарро дар таҳкиму тавсеаи бештари ҳамкориҳо миёни ду кишвари ба ҳам дӯст таконбахш арзёбӣ кард.
 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2022    №: 124    Мутолиа карданд: 2368
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед