logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз тарафи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳалҳо бо мардум мунтазам мулоқот гузаронда мешавад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2021 – 2025 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 226,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи он 5,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, 203 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш доданд, ки фаъолият оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзӯр карда шавад.
Сарвари давлат, ҳамчунин, дастур доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва, ба ин восита, таъсис додани ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Сипас, дар маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 ва масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Аъзои Ҳукумати кишвар, ҳамчунин, баъди муҳокима, 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,   Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, вобаста ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Сангвор ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охири маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хӯрока, омодагии ҳамаҷониба ба давраи маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва  таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2022    №: 125    Мутолиа карданд: 2880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед