logo

туризм

САЙЁҲӢ. ВАЗЪИ ИМРӮЗА ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА ДАР ТОҶИКИСТОН

Таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодири серобуранг ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯст, ки сайёҳӣ ҳамчун василаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ саҳми назаррас ихтисос намудааст.
 
Бо назардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор соли охир дар кишвар солҳои рушди сайёҳӣ эълон шуда буданд. Ин буд, ки соли 2018 бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд буд. Соли 2019 ин нишондиҳанда ба 1 миллиону 257 ҳазору 300 кас расид. Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гашт. 
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард. Тибқи санадҳои қабулгардида ширкатҳои сайёҳӣ дар тули панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд. Имкониятҳои фароҳамовардашуда ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, бештар аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳҳои танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд. 
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад. Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60-рӯза фароҳам оварда шудааст. Тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, инчунин, аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон имконият медиҳанд, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи онлайн (www.evisa.tj)  раводиди электронӣ дастрас намуда, сафар намоянд. Дар баробари ин, 1 январи соли 2022 барои 52 мамлакати дунё тартиби низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ гардид, ки барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ҳамаи ин тадбирҳо боиси ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид дониста шудани Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ гаштааст. 
Дар Тоҷикистон таъмини истироҳату саёҳати бехатари сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Саҳми мақомоти қудратӣ дар ин самт назаррас аст. Аз соли 2018 инҷониб дар назди Вазорати корҳои дохилӣ шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият дорад. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъба ва ширкатҳои сайёҳӣ барқарор буда, дархостҳои сайёҳон сари вақт таъмин карда мешаванд. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани хизматрасониҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ин буд, ки дар заминаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шуд. Феълан, дар 20 муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ омода карда мешаванд. 
Дар натиҷаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва кӯшишҳои пайвастаи алоқамандону ҳавасмандони рушди соҳа, сайёҳӣ дар чанд соли охир бамаротиб пеш рафта, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гашт. Тибқи маълумотҳои оморӣ, алҳол дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 239 ширкати сайёҳӣ, 182 меҳмонхона, 28 ҳостел ва мотел, 51 осоишгоҳ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 5 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат, 2 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият бурда, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. 
Бо назардошти иқлим ва муҳит намудҳои мухталифи сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, зиёратӣ, корӣ, саргузаштдор рушди бештар ёфтаанд. Аммо, шароиту имкониятҳои мусоид метавонанд ба пешрафти дигар намудҳои сайёҳӣ - солимгардонӣ, гастрономӣ, намоишӣ, шикор ва моҳигирӣ, астрономӣ, кишоварзӣ, илмию маърифатӣ, ки ба табиати мо хос аст заминагузор бошанд.  Мувофиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он - кӯлҳо, ҳайвоноту рустаниҳо, кӯҳҳои баланд шарти муҳим барои рушди сайёҳӣ ва афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар ММД-и кишвар маҳсуб меёбанд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2022    №: 125    Мутолиа карданд: 3148
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед