logo

иҷтимоиёт

БОҒБОНИ ЛИҶАКИ БОЛО

 
Дар деҳаи Лиҷаки Болои ноҳияи Муъминобод марди солору ботамкини 72-сола ва сар то по  ҳунаррез Ҳалим Толибов бо аҳли оилааш зиндагии босаодате дорад. Ӯ дар оилаи бобои Орифи сангтарош  таваллуд шудааст. Ҳунари санги осиёбтарошии падарро омӯхт. Лаҳзаҳои нишоти ҷавонӣ, ки ӯ аз бобои Исмоил аз навдаҳои шулашу туту бед сабадбофиро меомӯхт аз комиссариати ҳарбӣ даъватномааш омад. Дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Тошкент адои хизмат намуд. Бо ҳидоятҳои яке аз командирон Ҳалимро ба кори ошхонаи қисм гирифтанд. Вақте аз хизмати ҳарбӣ баргашт, ӯ маъракаҳои мардумро бо ҳунари волои ошпазиаш дилписандтар мекард.
 
Бо ҳидояти падар ба шаҳри Кӯлоб ба мактаби шашмоҳаи ронандагӣ ҳуҷҷат супурд. Пас  аз гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ба автобазаҳои №5930 ва № 17 ба кор рафт ва то соли 1982 дар  ин муассисаҳо  хизмати халқи диёрро адо намуд. 
Акнун шаклҳои нави хоҷагидорӣ рӯи кор омаданд.  Қаҳрамони мо низ дар як гектар боғ бунёд кард. Дар се  - чор сол боғ ба ҳосил даромад. Себҳои хубонии зарду сурх то бозорҳои Панҷу Фархор, Данғараю Ваҳдат харидор ёфтанд. Ҳар гоҳе ба суроғаш меомаданд, мепурсиданд, ки ҳавлии Ҳалими боғбон, моҳигир, сангтарош, ошпаз, сабадбоф, ронанда дар куҷост? Дар баробари ин, ки корубораш бисёр буд, аз  кирмакпарварӣ, парвариши бузу гӯсфанд рӯ намегардонд. 
Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ Ҳалим бо ҳамроҳии 36 нафар ҳамсабақаш шабҳо ба хонаи якдигар мерафтанд ва то нисфи шаб китоб хонда, ба якдигар хондаҳояшонро нақл мекарданд. Дар китобхонаи деҳаю мактаб, ҷамоат китоби бадеӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ» - и нохонда намонд. Ҳеҷ ба тасаввур ҳам намеғунҷид, ки бо ин қадар серкорӣ ӯ вақти китобхонӣ меёбад. Ба адабиёт ҳамин қадар шавқу рағбат,  меҳри беканоре дорад, ки гоҳо дар мутолиаи китобе фарорасии субҳро нафаҳмида мемонад. Ростӣ, банда чунин шахси аҷибу наҷибро боре ҳам надида будам. 
 
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2022    №: 125    Мутолиа карданд: 637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед