logo

Хабарҳо

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 
Дар доираи корҳои омодагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар  дар деҳаи Гаҷаки деҳоти Деҳқонобод корхонаи саноатии истеҳсоли бомпӯшҳои азбестии Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Юсуфҷон - 2020» мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкор Баракат Одинаев дар масоҳати  0, 31 гектар бунёд ёфта, аз як коргоҳ ва ду хатти истеҳсолӣ иборат мебошад.
Тавре роҳбари корхона Нуралӣ Халифаев изҳор дошт, таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли давлати Чин буда, иқтидори истеҳсолиаш 300 ҳазор дона бомпӯши азбестӣ  дар як солро ташкил медиҳад. Дар корхона, ки бо ҳамкории мутахассисони чинӣ бунёд ёфтааст, дар ду баст 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор  ва маоши аз 1500 то 2500 сомонӣ таъмин мегардад.  Корхона, асосан, бо ашёи хоми ватанӣ фаъолият менамояд.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, ба соҳибкор барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум ҷиҳати дастрасӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки солҳои охир талабот ба ин навъи масолеҳ зиёд шудааст ва эътибор додан ба сифати он барои пайдо намудани харидорони бештар дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳои Ҳаёти Нав ва Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Ҳисор  ду иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ошхонаи миллии деҳаи Ҳаёти Нав, ки аз ҷониби соҳибкор  Илҳомиддин Холов бунёд шудааст,  8 нафар бо ҷойи кор таъмин мешавад. Сокинони деҳаи Ҳаёти Навро, асосан, нобиноён ташкил медиҳанд, бинобар ин, соҳибкор  бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои онҳо дастархони идона орост ва хотирашонро шод гардонд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор давоми ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Ҳисор 17 иншооти ҷашнӣ, аз қабили марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои тандурустӣ, сардхона, роҳу пулҳо, чоҳҳои амудӣ, ошхонаи замонавӣ ва корхонаҳои саноатию бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4798
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед