logo

иҷтимоиёт

БАРОТИ АБДУРАҲМОН. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Бароти Абдураҳмон. Ман ӯро аз тирамоҳи соли 1984 мешиносам. Он замон дар Студияи телевизиони Душанбе (ҳоло Телевизиони Тоҷикистон) бояд муҳлати санҷиширо мегузаштаму дар бораи пазируфтан ва ё напазируфтанам ҳамчун коргари ҳақиқӣ маъмурият хулосаашро мебаровард. Аз чанд санҷиш гузаштам. Дар ҳамин вақт сенарияе бахшида ба зиндагӣ, фаъолияти эҷодии устод Ҷалол Икромиро дар ихтиёрам гузоштанд ва гуфтанд, ки аз рӯи он намоиш омода намоям. Ин сенария ба қалами Бароти Абдураҳмон тааллуқ дошт. Навишта ба тамоми талабот ҷавобгӯ буд. Гуфтанд, ки муаллиф дар ин ягона идораи телевизион, сарредаксияи адабӣ- драмавӣ кор мекард. Яъне, ин намоишро тавре омода месохтам, ки ҳам ба муаллиф бояд писанд меафтоду ҳам ба маъмурият. Аз ин имтиҳони дар он рӯзгор сангин гузаштам. Ҳамин сенарияву намоиш сабаб гардиду шиносоиямон ба дӯстиву бародарӣ мубаддал шуд.
 
Баъдҳо хулоса кардам, ки ӯ дар ҳар куҷое, ки фаъолият кардааст, соҳаҳои дахлдору иртиботдоштаро дар сатҳи баланди ҳирфавӣ фаро гирифтааст. 
Фикр мекунам, ки омӯзиш дар мактаби телевизион сабаб гардид, ки драмаҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен» (2006), «Рухшона» (2007), «Куруш ва Томирис» (2010)-ро таълиф кард, ки ин ҳама дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуданд. Эҷоди чунин асарҳо барои миллат, худшиносии насли замони истиқлол бисёр муҳим буд.  Албатта,  таълифи  ин  гуна асарҳо дониши амиқу дуруст, балки ҷустуҷӯҳои зиёдро тақозо дорад. Ҳамзамон, бояд муаллиф тарзи тафаккур, идора кардани давлатҳо, муносибатҳоро дар рӯзгори қаҳрамононаш бояд бидонаду хулосаҳои дуруст бароварда тавонад. Муроди ӯ аз эҷоди асарҳои таърихӣ бори дигар собит кардан буд, ки миллати мо куҳанбунёду тамаддунсоз мебошад ва беҳтарин анъанаҳову расму оинҳоро нигоҳ доштааст.
Бадоҳатан посух гуфтани Куруши Кабир ба императори Рим, ки беш аз чанд сатр нест, бас ибратомӯз мебошад. Императори Рим ба Куруши Кабир мегӯяд: «Шумо барои сарват меҷангеду мо барои шараф». Дар ҷавоб мешунавад: «Ҳар кас барои надоштаҳояш меҷангад».
Бешак, бо мутолиаи ин асарҳо ва дидани ин намоишҳо хонандаву бинанда ба ин хулоса меояд, ки бояд пайрави ниёкони бузургамон бошанд ва дар ин мактабҳо беҳтарин сабақҳоро барои шинохти давлату миллат, ватан ва пойдорию пешрафташ бигирад.
Навиштаҳои муаллиф дар ин маврид бисёр самимӣ, дилнишин ва ҳамзамон таҳлилӣ мебошанд. Ман бо қатъият ва боварӣ метавонам изҳор бокунам, ки мо мисли ӯ, ки ба мавзуъҳои гуногуни таърихӣ рӯ овардаву асарҳои мондагору тарбиявӣ таълиф карда бошад, надорем. Ба тақвияти ин андеша метавонам суханони шоири маъруфу тавонои тоҷик, донандаи хуби таърихи қадим, устод Зиё Абдуллоро чун иқтибос пешкаш намоям: «Романи «Нимароҳи аъроф»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Бароти Абдураҳмон низ дар бораи таззоди ниҳоди инсонӣ ва ғаразҳои нуҳуфтаи инсонбозҳост, ки маҷрои пурталотуми замон дар оғози тулуи бедорию худшиносӣ ба сари мардуми мо овард.
Пас аз аллома Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ, ки ҷаҳли даруни дарбори Бухороро аз ниҳод мекушоянд, Бароти Абдураҳмон кӯшиши бисёр самимона ва ҷасурона кард, ки ба маркази бозиҳои сиёсӣ ва таассубҳои динии Тоҷикистон сар халонад ва хеле ҳангомаҳои онро тавассути симои рӯзноманигор Баҳроми Раҳмон берун бикашад. Роман дастовард ва бозёфти эҷодии нависанда буда, чандин бурду афзалиятҳо дорад...».
Дар мавриди мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ ва инсонии нависанда устод Зиё Абдулло чунин менигорад: «Нависанда хушбин аст ва бовар дорад, ки «як давлатмарди асил, қавиирода, дурандеш, зирак ва ҳомии истиқлолу миллат мерасад, ки шабеҳи Исмоили Сомонист. Ӯ моро аз ин нимароҳи душвору ҳайратбори Истиқлол ҳидоят намуда, сӯи пешомади нек ва дастовардҳои навин мебарад ва захмҳои тани Ватанро шифо мебахшад».
Бароти Абдураҳмон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» низ фаъолияти назаррас дошт. Таъсири ин ду мактаб дар фаъолиятҳои минбаъда ва таълифи асарҳои хубу хонданияш равшан аст.
Таълифоташ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷаҳонбинии фаррох дорад ва илмҳои гуногунро хуб медонад. Мавзуъҳои интихобнамудааш низ актуалӣ мебошанд. Симои қаҳрамононро боварибахш меофарад, ки ҳар кадом дар зиндагии хонандагон таъсири неку ибратбахш гузошта метавонанд.
Ба маҳорати эҷодияш мутахассисони соҳа чи дар дохил ва чи берун аз кишвар баҳои неку сазовор додаанд.
Асарҳои ӯ бо номҳои «Шабҳои маҳтобӣ», «Кимиёкаҳак», «Давлати сарам, модар», «Розҳои шабҳангом», «Ҳафт муъҷизаи олам», «Биҳишти фиребо» аз ҷониби хонандагони асил хуш пазируфта шуданд.
Бароти Абдураҳмон дар Энсиклопедияи миллии  тоҷик  ба интишори адабиёти кӯдакон ва наврасон замина гузошт. «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон», «Донишномаи 1001 саволу ҷавоб», «Шигифтиҳои бадани одам» ва «Донишномаи муъҷизаҳои Шарқ»-ро омодаи нашр намуд.
Ҳамин тавр, доираи фаъолияти нависанда густурда мебошад, ки ин сифат на ҳамаи адибони даврони навро даст додааст. Мутолиаи асарҳои адабии нависанда касро мутмаин месозад, ки ӯ ҳамеша пеш рафта аз як қулла ба қуллаи дигар роҳ бурдаву онҳоро фатҳ кардааст.
Нависанда ба он чи омӯхтаву таълиф намудааст, иктифо намекунад. Дар ин маврид бо қаноат намесозад ва онро намепазирад. Домони як мавзуи бе ин ҳам фаррох дар асарҳои минбаъдааш вусъати тоза пайдо менамояд. 
Ин ҳақиқат аз сарсухани ӯ ба романи наваш «Нимароҳи аъроф» тасдиқи худро меёбад. «Камина дар романи дугонаи «Биҳишти фиребо» (2007) то ҷое тавонистам, талошу пайкорҳои пешоҳангони даврони рукуд, худсӯзию худсозиҳои ҷавонон ва насли гирифтори ҷомеаи ба истилоҳ биҳиштосои моро дар остони бозсозӣ ба қалам додаам.
Инак, романи «Нимароҳи аъроф» дар дасти шумост, ки бо хати сабзи ишқ солҳои вопасини «ҷомеаи биҳиштӣ»-и моро бо шиорҳои дурӯғину гуфтори фиребо, шикастани чорчӯбаи дилгиркунандаи даврони рукуд ва расидани овони бозсозиро фаро мегирад».
Хизматҳои назаррасаш дар соҳаи адабиёт ва дигар соҳаҳо бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон (2017), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (2008), Ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ (2004), медали «Хизмати шоиста» (2000) қадр гардидаанд.
Бароти Абдураҳмон дар айни камолоти эҷодист ва мақсад дорад, ки бо таълифи асарҳои нав дар тарбияи дурусти насли наврас, боло бурдани ҳисси милливу ватандӯстӣ саҳми беҳтару бештар бигирад.
Ҳамин тавр, зиндагӣ ва кори ӯ намунаи ибрат аст ва бо асарҳои мондагори худ номашро дар саҳифаи таърихи адабиёту миллат зебову хоно навиштааст.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2022    №: 126    Мутолиа карданд: 464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед