logo

иқтисод

ЭКОЛОГИЯ. ТАРБИЯИ МАЪРИФАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

 
Барои дуруст дарк намудани маърифати экологӣ  зарур аст, донем ки чиро мо маърифати экологӣ меномем? Нахуст, он дониши одӣ аст. Яъне, зинаи аввали камолоти инсон дониста мешавад. Дар ин зина шахс дар бораи худ ва атрофиён, инчунин, муҳити зист маълумот пайдо мекунад. Ва ин ҳоло маърифати экологӣ нест. Ҳақиқати иллати маърифати экологӣ чист?  Ба андешаи мо, маърифат иллат аст нисбат ба илми экология, зеро маърифат сабаби будан ё ҳастии  низоми экология дар гузашта буд ва мебошад. Дар ҳамбастагӣ ва ягонагӣ боиси он гардид, ки имрӯз он номи нави илмӣ – маърифати экологиро гирифт.
Маълум аст, ки баъзе илмҳо куллӣ ва баъзеи дигарашон ҷузъӣ мебошанд. Маърифат илми васеъ буда, пас куллӣ аст. Аммо экология илми ҷузъӣ ва хеле мушаххас мебошад. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳо бо ҳам зид мебошанд, баръакс маърифат ва экология бо ҳам зич алоқаманданд. Ва чун ҳар илме мавзуъҳои худро дорад, пас маърифат мавзуоташ, умуман, дониш аст, аз ҷумла дониши экологӣ. Аммо мавзуи экология мушаххас  ва дар ягонагӣ бо маърифат доимо дар тағйирёбӣ мебошад. Ҳад ва ҳақиқати илми маърифати экологӣ чист? Ин илм дониш ва тасаввурест, ки онро бояд омӯхт. Пас, омӯхтани маърифати экологӣ дуруст аст аз ду ҷиҳат: якум, барои шинохти мавзуи ин илм, дуюм, барои ҳифз намудани дониши пайдокардашуда. Барои расидан ба ин мақсад роҳи бисёрзинаро гузаштан зарур аст. Аз ин рӯ,  дар ин гуна маврид лозим меояд, ки зинаҳои расидан ба маърифати экологиро ба тафсил баён намоем.  
Якум. Зинаи дониши ҳиссӣ, ки одам олами атрофро меомӯзад. Дар ин зина аввалин нишонаҳои маърифати экологӣ пайдо мешаванд. Масалан, одам табиат, хосиятҳои гуногуни ҷисмҳоро омӯхта аз он лаззат ё ҳаловат мебарад. Дар чунин маврид шахс малакаҳои донишу тавоноиро ба даст меорад, ки фазилатҳои маърифати экологӣ дониста мешаванд. Вақте ки одам нисбат ба табиат бадкирдорию фасодӣ зоҳир менамояд, ин далели нодонию оҷизӣ ва дур шудан аз маърифати экологӣ мебошад. Пас чӣ бояд кард? Ба андешаи мо, даъвати донишро талаб кардан аст. Ин монанди кӯпрук ё пуле ҳаст, ки ба маърифати экологӣ  шахсро наздик месозад ва аз он мегузаронад. Табиат ҷаҳонест, ки андарун ва беруни он аз боигариҳои зиёд иборат аст ва онро бояд ҳифз намуд.    
Дуюм. Дигар чизе, ки маърифати экологиро дар одам таҷассум менамояд – ин муносибати ӯ ба табиат мебошад. Муносибат метавонад гуногун бошад: иқтисодӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, истеҳсолӣ, илмӣ ва ғайра. Вале барои мо муҳим маърифат, дониш дар бораи захираҳои табиат, муҳити боақлона ва сарфакоронаи шахс нисбат ба он мебошад. Одам барои саодатманд шудан ба маърифати экологӣ  тавассути идроки худ дар ҳамбастагӣ бо дониши ҳиссӣ ҳақиқати олами вуҷудро дониста, амал мекунад. Фоидаи дониши ҳиссӣ ин фақат донистан нест, балки хайр кардан аст. Масалан, одамони синну соли гуногун, ҷинс ё касб дар шинондани ниҳол, гул, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ё мавзеи муайян фаъол мебошанд. Чунин амал хайри шахс аст, зеро воситаи амали ӯ дониши ҳақ аст. Вақте ки одам мусаллаҳ бо дониши ҳиссӣ ба кори хайр мепардозад, дар вуҷуди ӯ тағйироти куллӣ ба амал меояд. 
Сеюм. Зинаи дониши ақлӣ. Албатта, мавқеъ ва мартабаи дониши ҳиссӣ барои расидан ба маърифати экологӣ хеле баланд аст. Аммо ба андешаи мо, зинаи олии маърифати экологӣ ин ақл мебошад. Инсон ба воситаи ақл ҳақиқати ҷисмро медонад. Мақсад аз ин донистан муҳтоҷ ба ҷисм нест, балки ақл бе вуҷуд ва будан ё набудани ҷисмониёт дониш ҳосил мекунад. Ва ин дониши олӣ маърифати экологӣ мебошад. 
Ғайр аз роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ, яъне зинаи дониши ҳиссӣ ва ақлӣ дигар роҳҳо низ вуҷуд доранд. Ин ҷо ба як нуқтаи муҳим аҳамият додан зарур аст ва он пайваст будани дониши ҳиссӣ бо дониши ақлӣ мебошад. Маҳз ҳамин пайвастагӣ боиси пайдо шудани маърифати экологӣ мегардад. Масалан, дар кӯдак дониши ҳиссӣ бештар ғалаба мекунад ва ин ба ӯ пурра имконият намедиҳад, ки моҳияти  чизро пурра аз худ намояд, пас бо роҳи дониши ақлӣ, ки фоидапазир аст, моҳияти чиз дониста мешавад. Аммо дониши ҳиссӣ бошад, фоидадиҳанда дониста мешавад, Аз ин рӯ, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Пас, ин ду зинаи дониш зич ба якдигар пайваст аст, зеро  агар роҳи пайдо шудани дониши ҳиссӣ ин  ҷисм бошад, он гоҳ роҳи пайдо кардани дониши ақлӣ ин дониши ҳиссӣ мебошад. 
Мусаллам аст, ки инсони дорои дониш, албатта, ба маърифати экологӣ хоҳад расид. Аммо, ғайр аз ин, барои ба пуррагӣ расидан ба маърифати экологӣ қувваҳое вуҷуд доранд, ки мо онҳоро ба тариқи зайл номбар ва баҳогузорӣ менамоем: тарбия, табиат, ҷомеа, ҳуқуқ, маориф, муносибатҳои ҷамъиятӣ, илм, сиёсат ва ғайра.      
  Маълум аст, ки зинаҳои тарбия ҳам гуногун мебошанд, чун, пеш аз ҳама, оила, мактаб ва ҷомеа. Ҳар кадоме аз онҳо қувваҳое мебошанд, ки барои расидан ба маърифати экологӣ мақому манзалати худро доранд. 
Кадом қувваҳои ҷамъиятӣ сабаби рушди маърифати экологӣ мегарданд? Пеш аз ҳама, Ҳукумати  мамлакат ва сохторҳои он. Қабули  қонунҳо, қарорҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатии гуногунсоҳа имконият медиҳанд, ки маърифати экологӣ дар ҳама зинаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардонда шаванд. Ғайр аз ин, саҳми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади ҳифз намудани табиат ва ободии кишвар, нигоҳ ва ғанӣ гардондани захираҳои бои мамлакат ҳамчун мерос ба наслҳои ояндаи миллат – ин аст вазифаи пурифтихори ҳар як шахсе, ки  моҳият ва мазмуни маърифати экологиро  дарк намудааст. 
               
М. САДУЛОЕВ, 
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
А. Н. ШОЕВ, 
номзади илмҳои техникӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2022    №: 126    Мутолиа карданд: 886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед