logo

иқтисод

ХУРОСОН. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР ХОҲАД БУД!

 
Ноҳияи Хуросон, ки дар масири Душанбе – Бохтар ҷойгир аст, дар айёми пурсаодати соҳибистиқлолии Тоҷикистон бесобиқа рушд кард. Дар радифи дастовардҳои зиёд, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ, суперинтенсивӣ, шоҳроҳи нав намунаи чун рӯз равшани пешравиҳо ҳастанд. Доир ба бунёдкорию ободкориҳо ва натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии панҷмоҳаи меҳнаткашон, суҳбате доштем бо Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон. 
 
ИРОДАИ СОЗАНДАИ СОКИНОН
- Дар ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, чораҳои мушаххас андешида шуданд.  Ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ва солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022 – 2026, ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинон ва коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудаанд, аз ҷумлаи мақсадҳои асосии заҳматкашон ба ҳисоб мераванд, - иброз дошт раиси ноҳия.  
Дар ин росто, бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 204 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ 21, маориф 23, варзиш 14, фарҳанг 2, саноат 26, кишоварзӣ 3, нақлиёт 15, обёрӣ 1, савдо ва хизматрасонӣ 34, сартарошхона 5, ҳаммом 4, иншооти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 1 ва ғайра ба нақшаи чорабиниҳои идона ворид шудаанд.  Дар панҷ моҳи соли 2022 аз ин ҳисоб 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳашт синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 барои 180 хонанда, ҳашт синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ № 21 барои 120 хонанда, шаш синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ № 17 барои 100 нафар хонанда, шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 6-и деҳоти Ҳилолӣ, анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази хизматрасонӣ дар деҳоти ба номи С. Айнӣ, ду маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Обикиик ва деҳоти Фахробод, мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар чор деҳа ба масофаи 1,9 километр, сангфаршкунии роҳҳои дохилии ду деҳа бо масофаи 10 километр.
Боиси ифтихори сокинони ноҳияи Хуросон аст, ки дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ охирҳои соли гузашта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буданд. Бо дастони мубораки Пешвои миллат нахуст дарҳои бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба рӯйи мардум боз шуданд. Иншоот аз шаш ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст. 
Маорифчиён, ки солҳои тулонӣ дар бинои фарсудаи якошёна фаъолият доштанд, бо бинои бисёрқабатаи хеле муҳташам ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароити кор таъмин шуданд.
Бо ҳамин тартиб, дар он рӯзи фархунда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиик Маркази ҷавонон, дар маркази ноҳия муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фахробод ва як майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   
Дастоварди хеле бузург, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Сарвари ғамхори давлат амалӣ шуд ва боиси шодмонии на танҳо мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросон, балки сокинони ҷумҳурӣ гардид, ин бо сифати баланд навсозӣ ва ба истифода додани шоҳроҳи Душанбе – Бохтар аст. Ин масири ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ қисман аз ҳудуди ноҳияи мо гузашта, паҳноии он аз 23 то 27 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори шоҳроҳ бо дарозии 15 ҳазору 725 метр пиёдароҳ бунёд шуд. Дар маҳалҳои аҳолинишин, гардишҳо ва болои пулҳо 710 сутунчароғ ба дарозии 6 ҳазору 672 метр гузоштаанд. Дар марҳилаи дувуми корҳо дар маҷмуъ, 9 пул навсозӣ ва таъмир шуд. Дар шаш қитъаи роҳ гузаргоҳ барои рондани чорво ва гузаштани техникаи хоҷагиҳо бунёд ёфта, дар 93 қитъа роҳҳои баромаду даромад ва бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёт 817 аломати ишоратӣ гузошта шуда, 40 истгоҳ муқаррар карда шудааст. 
Гузаштагони мо мегуфтанд, ки роҳ ободист. Барҳақ, баробари бунёд шудани ин шоҳроҳи барои сокинони ноҳия беназир, ду канори он хеле ободу зебо гашт, ки ин боиси хушнудӣ ва шукргузорист.
 
ИҚТИСОДИЁТ
Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра нишон дод, ки масъулони соҳаҳо аз камбудиҳои соли гузашта хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолиятро ҷиҳати иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида такмил дода, бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиётро таъмин карданд. Чунончи, нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия дар панҷ моҳи  соли равон ба 242 миллиону 174 ҳазору 300 сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 86 миллиону 862 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Хуросон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ беш аз 100 дарсад иҷро гардид. Яъне, ба ҷойи 13 миллиону 775 ҳазору 145 сомонӣ ба буҷет 13 миллиону 779 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 46,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
 
БОНУВОНИ СОҲИБКОР ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 32 миллиону 991 ҳазору 300 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 549 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли равғани рустанӣ 103,6%, маҳсулоти ширӣ 100,5%, орд 100,2%, сангу шағал 108,1%, гӯшт 101,3%, оҳак 101,7% ва хишти сементӣ 112,4% таъмин гардид. 
 
КОРИ БОБАРОРИ ДЕҲҚОНОН 
Хуросон ноҳияи аграрист. Биноан, таваҷҷуҳ ба ин соҳа хеле ҷиддист. Инро деҳқонони шарафманди ноҳия ба таври возеҳ дарк карда, маҳсулнокии меҳнаташонро сол ба сол афзунтар мекунанд. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 128 миллиону 163 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 миллиону 961 ҳазору 500 сомонӣ зиёд аст. 
Кишти зироати асосӣ - пахта майдони 4326 гектар, зироатҳои дигар, аз қабили ғалладона 5010 гектар, сабзавот 685 гектар, полизӣ 180 гектар, картошка 261 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 150 гектарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта то даҳ дарсад зиёд аст. 
 
ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ
Бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ ва кам кардани ҳаҷми зарар дар иншооти обпартои деҳаи Пахтаободи деҳоти Ҳилолӣ ба тариқи ҳашар бо истифода аз як булдозер ва як экскаватор бо ҷалби  100 нафар сокин ва 56 корманди ташкилоту идораҳо корҳои хобондани лӯлаи обпартои қутраш 1800 мм ба масофаи 40 метр ва бардоштани деворҳои муҳофизатии оҳану бетонӣ дар масоҳати 10 метр бо баландии 3 метр ва паҳноии 0,5 метр иҷро шуд. Дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Қизилқалъа низ бо ҷалби 25 корманд, 50 сокин ва бо истифода аз 15 техникаи таъиноташон гуногун 300 метр селроҳа поккорӣ шуд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2022    №: 127    Мутолиа карданд: 888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед