logo

фарҳанг

“ШОМИ ШАНБЕ”. САҲИФАЕ, КИ АҚЛҲОРО ТАҲРИКУ ФАРОҒАТРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Мисле, ки кас китоби дӯстдоштатаринашро бо нияти мутолиаи такрорӣ меҷӯяду бо шавқи бори аввал ба хондан шуруъ мекунад, муштариёни “Ҷумҳурият” интизорӣ мекашанд, ки кай ҳафта охир мешаваду ба “Шоми шанбе” рӯ мебинанд. Чунки ин саҳифа матолиби хонданбоб ба табъ мерасонад. 
Аз хусуси дӯстдоштанӣ гардидани “Шоми шанбе” фикру мулоҳизаҳои зиёд, таклифҳои ҷолибу пешниҳодоти ширини хонандаҳоро дар саҳифаҳои ин рӯзнома дида ва хондаем. Баъди пешниҳодҳо ин саҳифа рангу тобиши дигар мегирад.
Бандаи камтарин аз шумури 48150 нафар хонандае ҳастам, ки ба маводи чопкардаи рӯзнома таваҷҷуҳ дорам, хосса, ба “Шоми шанбе”. Гуфтан мехоҳам, ки яке аз сабабҳои рӯзномаи серхонандатарини кишвар унвон гирифтани “Ҷумҳурият” ҳамин саҳифа мебошад. 
“Шоми шанбе” шумора ба шумора хонданбобтар мешавад ва ин, дар фаҳмиши мо, самараи заҳмати кулли аҳли қалами рӯзнома аст. Соли чорум аст, ки “Шоми шанбе” бо матолиби ҷолиб шумораи муштариёнашро зиёд менамояд.
Зарур медонам қайд кунам: дар чанд шумораи моҳи июн ҳикматҳои маъникаши Абдулқодири Раҳим, ки таҳия намудаанд, чашми моро сӯи худ кашиданд. Ҷолибтаринашон “Шайтон ва хар” (“Ҷумҳурият”, 24 июни соли 2022, № 121) буд. Ин ҳикмат аз хонанда (умуман инсон) фосилаи дарози андеша тақозо менамояд. Панди овардаи ӯро мехонем: “Ҳеҷ вақт ба худат мағрур нашав. Баргҳо ҳамеша вақте мерезанд, ки фикр мекунанд, тилло шудаанд”. Хонандаи нуктафаҳмро, албатта, тавзеҳ зарур нест.
Дар шумораҳои пешин панду ҳикматҳои, ба қавле, адибони худӣ, хеле кам ба чашм мерасиданд. Хушо, ки номи Абдулқодири Раҳим гоҳо дар ин саҳифа пайдо мешавад. 
Иловатан: чаро дар ин саҳифа ҳикояҳои хурд (хоҳ ҷиддӣ, хоҳ ҳаҷвӣ, хоҳ танз), латифаҳои эҷодкорони ватанӣ чоп намешаванд? Шеър чӣ? Масалан, ашъори ҳаҷвӣ хонандаи сершумор пайдо карданаш мумкин. Шеър рангу ҷилои “Шоми шанбе”-ро рӯшантар мекунад.
Бештари маводи саҳифа аз интернет интихоб мешавад. Яъне, матолиби маҳаллӣ, эҷоду офаридаҳои адибони ватанӣ камтар аст. 
Умед дорем, ки ин пешниҳодҳо дар ҳаво намемонанд.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2022    №: 127    Мутолиа карданд: 1629
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед